Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина бо танишҳои бештар рӯбарӯст


Дар пайи гирдиҳамоии гурӯҳҳои тарафдори ҳукумати Украина ва ҳаводорони Русия дар нуқоти мухталифи ин кишвар, Украина бо танишҳои бештар рӯбарӯ шудааст.

Ҳазорон тан аз тазоҳуркунандагони тарафдори Русия дар шаҳри Донетск дар шарқи Украина имрӯз ба сӯи як бинои ҳукумат роҳпаймоӣ карданд ва парчами Украинро поин карданд ва дар иваз байрақи Русияро барафроштанд.

Дар ҳамин ҳол, гирдиҳамоии тарафдорони ҳукумати Украина, ки қарор буд дар он Виталий Кличко суханронӣ кунад, аз тарси он ки он мабодо аз сӯи ҷонибдорони Русия мавриди ҳамла қарор бигирад, лағв шудааст.

Дар Луҳанск, ки наздик ба шаҳри Донетск аст, ҳаводорони Русия бинои ҳукумати минтақаро ишғол карданд ва аз раиси вилоят хостанд, ки истеъфо диҳад. Ҳамчунин дар шаҳри Симферопол -- маркази Қрим, чандин ҳазор тазозуркунанда ба ҳимоят аз пайвастан ба Русия роҳпаймоӣ карданд. Дар муқобил, тақрибан 500 нафар дар як гирдиҳамоии дигаре дар мухолифат бо пайвастани Қрим бо Русия тазоҳурот доир намуданд.
Ятсенюк: Украина як ваҷаб хокашро ҳам ба Русия нахоҳад дод

Дар Севастопол тазоҳургарони тарафдори Русия ва тарафдори Украина бо ҳам даргир шудаанд. Ятсенюк гуфтааст, Украина як ваҷаб хокашро ҳам ба Русия нахоҳад дод. Тарафдорони Русия рӯзи 9 март дар шаҳри Севастопол, дар ҷануби Қрим бо чӯбу калтак ба тарафдорони Украина ҳамла карданд. Ин хушунат замоне рух дод, ки ҳудуди 200 нафар дар Севастопол ба хотири таҷилил аз 200-солагии шоир ва қаҳрамони миллии Украина Тарас Шевченко гирди ҳам омаданд.

Рӯзи якшанбе дар гирдиҳамоиҳои тарафдорони Русия ва Украина дар саросари Украина ҳазорон нафар ширкат карданд. Дар Симферопол, маркази вилояти Қрим чунин раҳпаймоиҳо бидуни хушунат анҷом ёфт.

Дар шаҳри Донетск дар шарқи Украина Виталий Кличко, яке аз раҳбарони собиқи мухолифин гуфт, Украина набояд ба хунрезӣ ва ҷудоӣ кашонда шавад. Сарвазири муваққати Украина Арсений Ятсенюк дар Киев дар расми гиромидошти 200-солагии Тарас Шевченко гуфт, Украина ҳатто як ваҷаб аз қаламравашро ба Русия нахоҳад дод. Ятсенюк ҳамчунин гуфт, ки дар ин ҳафта барои баҳси таниши Украинаву Русия бар сари вилояти Қрим ба Амрико меравад.

Ишғоли боз як посгоҳи Украина дар Қрим аз сӯи нирӯҳои русӣ

Ин дар ҳолест ки Русия ҳузури низомиаш дар Қримро торафт густариш медиҳад. Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Русия дар Қрим боз як посгоҳи марзии Украинаро дар Қрим тасарруф кардаанд. Сарвазири Украина гуфт, барои баҳси масъалаи Қрим ба Амрико меравад.Рӯзи 9 март Хадамоти марзбонии Украина хабар дод, ки нирӯҳои Русия субҳи якшанбе як посгои мазбониро дар ғарби Украина ишғол кардаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, алакай 11 посгоҳи марзбонии Украина дар Қрим таҳти назорати нирӯҳои Русия қарор гирифтаанд.

Мақомоти рӯ ба Маскав Қрим рӯзи 16 март раъйпурсиеро дар бораи дар Украина мондан ё ба Русия пайвастани ин нимҷазира доир мекунанд. Арсений Ятсенюк рӯзи 9 март гуфт, Украина ҳатто як ваҷаб аз қаламравашро ба Русия нахоҳад дод.


Дидгоҳи мухталифи Русия ва Амрико ба бӯҳрони Украина

Лавров ва Керрӣ. Рум. 6.03.2014
Лавров ва Керрӣ. Рум. 6.03.2014
Амрико Русияро ҳушдор дод, ки ишғоли Қрим метавонад роҳҳои дипломатиии ҳалли бӯҳрони Украинаро бубандад. Маскав мегӯяд, ин бӯҳронро барои мулоҳизоти геополитикӣ дуруст кардаанд.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ ба ҳамтои русаш Сергей Лавров гуфтааст, ишғоли вилояти Қрими Украина “ҳар навъ фазои мумкин барои дипломатияро мебандад.” Сергей Лавров қаблан гуфт, бӯҳрони Украинаро “ба таври сунъӣ барои мулоҳизоти сирф геополитикӣ сохтаанд.”

Тамоси телефонии Ҷон Керрӣ бо Сергей Лавров шаби 8 март, замоне доир шуд, ки афроди шибҳанизомии тарафдори Русия ҳузури худро дар нимҷазираи Қрим густариш медиҳанд.

Нааворбардорони хабаргузории Ройтерс корвони иборат аз садҳо тан аз нирӯҳои Русияро ба навор гирифтаанд, ки дар ҳудуди 50 мошин, таҳти ҳимояти мошинҳои зиреҳпӯш ва мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” асри рӯзи 7 март вориди пойгоҳи низомие дар шимоли Симферопол, маркази маъмурии вилояти Қрим шуданд.

Дар айни замон гузориш мешавад, ки шибҳанизомиён алайҳи нозирони байналмилалие, ки мехостанд вориди Қрим шаванд, ба ҳаво тир кушодаанд. Сухангӯи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) гуфт, касе дар ин тирандозӣ осеб надидааст. Беш аз 40 нозири бесилоҳ, ки бо даъвати Киев омадаанд, дирӯз ҳам натавонистаанд вориди Қрим шаванд, чунки иҷозати мақомоти рӯ ба Русияи ин нимҷазираро надоштанд. Афроди мусаллаҳ ба ҳаво тир кушода, ҳавопаймои ин ҳайатро маҷбур кардаанд, ки пас бигардад. Мақомоти марзбонии Украина мегӯянд, ҳавопаймои ҳомили нозирон дар баландии тақрибан 1000 метр парвоз мекард, ки ҳадафи тир қарор гирифт.

Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 8 март раҳбарони асабонии кишварҳои соҳили Балтикро итминони хотир додааст, ки Амрико аз амнияти онҳо пуштибонӣ хоҳад кард. Обама бо руасои ҷумҳуриҳои Литваву Латвия ва Эстония Далия Грибаускайте, Андрис Берзинш ва Тоомас Ҳендрик Илвес конфаронсаи телефонии муштараке барпо карда, бӯҳрони Украинаро дирӯз бо раҳбарони дигари Аврупо низ баҳс кардааст.

Киштии Русия дар бандари Севастополи Қрим
Киштии Русия дар бандари Севастополи Қрим
Бино ба хабари дигар, танишҳо дар атрофи пойгоҳи нирӯҳои баҳрии Украина дар Новозерное меафзоянд. Ройтерс хабар дод, ки ҳудуди 100 нафар аз нирӯҳои мусаллаҳи Русия атрофи ин пойгоҳро зери назорат гирифта, як киштии Русияро дар даромадгоҳи ин пойгоҳ аз тарафи баҳр ғарқ ҳам кардаанд, то 3 киштии нирӯҳои баҳрии Украина берун рафта натавонанд.

Вадим Филипенко, муовини фармондеҳи ин пойгоҳи Украина гуфт, “русҳо ҳангоми барои овардани ғизо берун меравем, моро таҳдид мекунанд ва мили силоҳҳои худро ба тарафи мо рост мекунанд.” Кафили вазири хориҷаи Украина Андрий Дешнитса рӯзи шанбе гуфт, Укрина ҳеҷ гоҳ Қримро нахоҳад дод ва Киев тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод, то ин бӯҳрон ба таври сулҳомез ҳал шавад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Русия хабар дод, ки барои аввалин бор пас аз таҳаввулоти як ахир дар Украина, миёни ду кишвар музокироти мустақим анҷом шудааст. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷии он кишвар бо Владимир Елченко, сафири Украина дар Маскав мулоқот кардааст. Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Русия омадааст, ки мулоқоти муовини вазорати умури хориҷии он кишвар бо сафири Украина дар Маскав дидоре "муҳтарамона" буда,дар фазои дӯстона сурат гирифт ва ҷонибҳо бораи равобити ду кишвар ба ба таври рӯшан ва ошкор
XS
SM
MD
LG