Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3000 сомонӣ - "ҳаққи" барқарор кардани пардаи бакорат


Мақомоти корҳои дохилии Тоҷиикстон як мутахассиси бемориҳои занонаро ба гумони гирифтани "мукофотпулӣ" аз як сокини Исфара барои барқарор кардани пардаи бакораташ боздошт кардаанд.

Як мутахассиси бемориҳои занона дар Исфара барои гирифтани се ҳазор сомонӣ дар ивази барқарор кардани пардаи бакорат ё "духтарӣ"-и сокини бистсолаи ин шаҳр боздошт шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин мухассиси 61-сола дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ-фаврии маъмурони пулис дастгир шуда, ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Б аиттилои манбаъ, "номбурда бо роҳи тамаъҷӯӣ аз зани 20-солаи сокини Исфара барои барқарор намудани пардаи бокирагиаш маблағи 3000 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Аз дастгиршуда 3000 сомонӣ далели шайъӣ гирифта шуд." Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бокира будани арӯс дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон то андозае муҳим аст, ки нахустин хишти бовари як хонавода ба рӯи он гузошта мешавад. Агарчӣ дар шаҳрҳо масъалаи бокира будан ё набудани арӯс ба худи домод вогузор мешавад, вале дар деҳкадаҳо хонаводаи домод баъди шаби издивоҷ ҳатман рахти хоби навхонадоронро аз назар мегузаронанд, то мутмаин шаванд, ки сарфу харҷи онҳо барои арӯс барҳадар нарафтааст.

Бино ба омори расмӣ, дар соли гузашта ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи пойтахт барои ташхиси судӣ-тиббии бакорат 600 муроҷиат сурат гирифтааст. Даъвогарони аслӣ волидони арӯсҳое будаанд, ки дар як шаб ба бадномтарин духтари кӯча табдил шуда, зиндагии онҳо аз ин ба баъд то тӯй ва баъди тӯй ҷудо мешавад.

Ин далел, ки бакорати арӯс аз омилҳои муҳими ояндаи як хонавода дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад, баъзе аз духтаронро, ки воқеан ҳам то издивоҷ бо марди дигар робита доштанд, маҷбур мекунад, амалиёти пластикӣ бигиранд ва "шарафу номус"-и худро дар шаби аввали издивоҷ ҳифз кунанд.

Аммо баъзе аз духтаронро дар Афғонистон, ки дар шаби аввали никоҳ бокира набуданашон ошкор мешавад, сарнавишти талхе чун таҳқиру озори якумрӣ ё ҳатто марг интизор аст. Як духтари афғон, ки моҳе пештар бо хабарнигори бахши дарии Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар бархе аз навоҳии Афғонистон то ҳол одати тафтиши рӯйҷойи рахти хоб пас аз шаби аввали никоҳ маъмул аст. Яъне, тибқи ин одат бояд пайвандони шавҳар ба бокира будани арӯс мутақоид шаванд.

Ҳатто дар сурати афтодани камтарин соя дар бакорати арӯс паёмадаш нохуш хоҳад буд. Мавридҳои тақозои ҷониби домод барои "иваз кардани ин гуна арӯс бо хоҳари ӯ" дар Афғонистон ба мушоҳида расидааст. Ҳатто арӯсе, ки бокира будани худро собит карда наметавонад, мумкин аст зиндонӣ шавад.

Марям Зумрадӣ, намояндаи Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ба Озодӣ гуфт, "тибқи одати мавҷуда арӯси нодухтарро ба хонаи волидайн бармегардонанд. Барои ҷилавгирӣ аз шармандагӣ ин хонавода духтари дигари худро ба ҷониби хонаводаи шавҳар пешниҳод мекунад. Дар бархе манотиқ ин гуна духтарро мекушанд. Дар бархе ҳолат шавҳар арӯси нодухтарро то охири умр таҳқиру озор медиҳад."

Қаблан як гурӯҳ аз мутахассисони бахши тиббӣ-додгоҳӣ дар Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки қабл аз издивоҷ арӯсу домодҳо ташхис шаванд.

XS
SM
MD
LG