Мадинаи Ҳаким, сокини 21-солаи ноҳияи Муъминобод, аз шавҳараш, ки ба бокира будани ӯ шубҳа карда, зери таънаву маломат гирифтааст, ҷуброни зарари маънавӣ рӯёндааст. Ин зани ҷавон аз хонаводаи ҳамсараш 10 ҳазор сомонӣ талаб кард, аммо додгоҳ бо дарназардошти вазъи молии ҳамсараш ӯро ба супурдани 600 сомонӣ ҷарима муваззаф намуд.
Мадинаи Ҳаким рӯзи 10 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, соли гузашта бо як ҷавони ҳамдеҳааш издивоҷ кард, аммо пас аз се рӯзи арӯсӣ ҳамсараш ӯро "нодухтар" эълон карда, ба исмаш доғи бадномӣ гузошт. Ӯ гуфт, баъд аз ин ҳодиса фаврӣ ташхиси пизишкӣ – додгоҳӣ анҷом дода ва ба наздикони шаҳвараш исбот кардааст, ки то шаби аввали арӯсӣ бокира буд.
Мадина дар суҳбат бо мо гуфт, баъди ташхис шавҳараш ӯро дубора ба хонааш бурд ва ҳафт моҳи дигар зиндагии якҷоя доштанд.
Ин зани ҷавон мегӯяд, ҳарчанд хонаводаи шавҳараш он замон хулосаи ташхисро пазируфт, вале бо гузашти як муддати кӯтоҳ ба таъна задани ӯ оғоз карданд. Ин зан иддао дорад, ки ҳамсараш ошиқи духтари дигар буд ва бо бадном сохтани ӯ мехост зудтар ин издивоҷро барҳам бизанад.
Мадина зӯроварии хонаводаи ҳамсарро таҳаммул накард ва як субҳ барои ҳамеша ба хонаи волидонаш рафт ва ба додгоҳ барои рӯёндани зарари маънавӣ ариза дод. Додгоҳ пас аз баррасиҳои тӯлонӣ шавҳари Мадинаро бар асоси моддаи 1115-и Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон ба пардохти 600 сомонӣ муваззаф намуд.
Аммо Манучеҳр Рӯзиев, шавҳари Мадина, дар сӯҳбат бо Озодӣ ин иддаои ҳамсарашро рад кард ва гуфт, бо он ки гуноҳи бокира набудани Мадинаро бахшид ва ӯро дубора пазируфт, вале ӯ бидуни пурсиш ба хонаи волидонаш рафту дигар барнагашт.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокира ва покдомании духтарони арӯсшаванда ҷиддӣ бархӯрд мешавад ва дар сурати ифшои ба истилоҳ “нодухтарӣ”-и арӯс шавҳару хешовандонаш ӯро аз хона берун мекунанд. Ин гуна духтарҳо маъмулан дар хонаи волидон ҳам зиндагии осуда надоранд ва мояи шармандагии авлод ба шумор мераванд.
Ин далел, ки бакорати арӯс аз омилҳои муҳими ояндаи як хонавода дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад, аксари падару модарон духтарони ҷавони худро шадидан таҳти назорат мегиранд, то бадном нашаванд.
Зарина Кенҷаева, равоншинос ва корманди маркази “Боварӣ ба фардо”, мегӯяд, дар ҷомеаи Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани хонаводаҳо бори мушкил аслан ба сари занҳо меафтад. Агар зан бо илати “бакорат” аз хонаи шавҳар ронда шавад, бар изофаи мушкилот ба ӯ бори сангини маломат ҳам зам хоҳад шуд. "Мақсади асосӣ оила барпо кардан аст, на хушбахт кардани ҳамсар. Бархе хонаводаҳо бо сарнавишти як арӯсе, ки ҳамагӣ чанд руз дар хонадони онҳо меҳмон аст, бозӣ мекунанд,”- мегӯяд равоншинос.
Ҳарчанд дар шаҳрҳо масъалаи бокира будан ё набудани арӯс гоҳе ба худи домод вогузор мешавад, вале дар деҳкадаҳо хонаводаи домод баъд аз шаби издивоҷ ҳатман рахти хоби навхонадоронро аз назар мегузаронанд, то мутмаин шаванд, ки сарфу харҷи онҳо барои арӯс барҳадар нарафтааст.
Бино ба омори расмӣ, танҳо дар соли 2015 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи пизишкӣ – додгоҳӣ танҳо аз Душанбе ва ноҳияҳои тобеи пойтахт барои ташхиси бакорат 600 муроҷиат сурат гирифтааст. Даъвогарони аслӣ волидони арӯсҳое будаанд, ки дар як шаб ба бадномтарин духтари кӯча табдил шуда, зиндагии онҳо аз ин ба баъд то тӯй ва баъди тӯй ҷудо мешавад.