Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қадам то банди дор. Чаро Бибисоро қасди худкушӣ кард?


Як зани ҷавони тоҷик дар охирин лаҳза аз банди дор наҷот дода шуд. Бибисорои Ашӯралиро модараш дар оғилхона дар ҳоле дарёфт, ки банд дар даст мехост худро овезад. Модар мегӯяд, Бибисоро баъди як ҷанҷол дар хонаводаи шавҳар ба хона омад. Дар аввал аз мушкили худ ба волидон лаб накушод. Аммо модар аз ҳолати шубҳаовари ӯ паёмади нохуберо пай бурдаву ӯро назорат мекард. Вақте бо банд вориди оғилхона шуд, модар фаҳмид, ки ӯ қасди худкушӣ дорад ва аз ин фоҷеа ҷилавгирӣ кард.

"Пештар ҳам мегуфт, "оча, ба ман мегӯянд, ки ғар ҳастӣ, сумкачаат дар дастат, дар қади роҳ меистодӣ".

Инобат Одинаева, модари Бибисоро рӯзи 6 уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳар дафъа меомад, дигар буд. Ин дафъа омад, тамоман авзояш беҷо, мисли як дузде чизе мекофт. Мушоҳида кардам, ки оҳиста-оҳиста роҳ мегардад, гуфтам шояд бемор аст, вале дидам, ки банд гирифт ва даруни оғил рафт. Аз пушташ рафтам, ки "ту чӣ кор мекунӣ?" Баъд гуфт, ки "оча, ҳамин хел шудааст". Камтари дигар дер мекардам, худашро мекушт. Баъд занг задам ба падараш ва бародарам, ки ҳамин хел кор шудааст."

Латукӯб аз сӯи бародари шавҳар

Модар иддао дорад, ки духтараш баъди як муноқиша ва латукӯб аз сӯи бародари шавҳараш мехост ба зиндагии худ нуқта гузорад. Ҳоло онҳо мехоҳанд бародари домодашон барои то ба кӯшиши худкушӣ расонидани духтари ин хонавода ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Бибисорои Ашӯралӣ сокини 24-солаи деҳаи Шӯроби шаҳраки Сомон дар Ҳисор 8 моҳи пеш оиладор шуда, аз хонаи падар рафт. Ин зани ҷавон рӯзи 6-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯз пеш аз сӯйи бародари шавҳар лату куб шуд. Бибисоро фарзанд надорад, аммо мегӯяд, барои ифлос будани сару рӯйи кӯдакони хонаводаи наздикони шавҳар, бародари шавҳар бо ӯ муноқиша кардаву ба сараш бо мушт задааст.

Дар натиҷа, ба гуфтаи Бибисоро, ӯ аз ҳуш рафт. "Дар ошхона хӯрок мепухтам, омада маро зад, ки чаро рӯйи кӯдакҳо ифлос аст. Бо мушт ба сарам зад. Ҳама ҷоям, даст, бинӣ, сарам дардманд шуд. Вақте шавҳарам аз кор омаду ҳодисаро гуфтам, гуфт, "ҳеҷ гап не, намурдӣ-ку, байни бародарӣ хуб нест, ки ман ба ин ҳодиса дахолат кунам". Хостам ба хонаи худамон равам, шавҳарам намонд ва ду рӯз ҳатто кор нарафта, бо ман истод."

Баъди чанд рӯзи ин ҳодиса ин зани ҷавон бо баҳонаи табобати худ ва бо ваъдаи ин, ки ба волидонаш дар бораи ин моҷаро чизе намегӯяд, аз хонаи шавҳар ба назди модар омад. Хост дар оғили хонаи падару модар худкушӣ кунад. Ӯ мегӯяд, дигар намехост зиндагӣ кунад.

"Касе ӯро латукӯб накардааст"

Аммо хонаводаи шавҳари Бибисоро иддаои келини худро рад мекунанд ва мегӯянд, ӯро касе латукӯб накардааст. Фақат, ба гуфтаи онҳо, бародари шавҳари Бибисоро як зарфи пластикӣ ё баклашкаро ба тарафи ӯ ҳаво додааст. Анузарат Абдураҳмонова, модарарӯси Бибисоро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ягон гап нашудааст, Писарам тарафаш як баклашкаи холиро партофтааст, даруни ҳамом даромада худро зада ва доду фарёд кардааст. Суханҳои дағал гуфтааст. Вале бегоҳ боз аз писарам бахшиш пурсидааст. Гуфтааст, "ман баъзан ҳамин хел мешавам".

Анзурат Абдураҳмонова мегӯяд, келинаш бори охир аз хона бо вақти хуш бо ҳама худоҳофизӣ карда, ба хонаашон рафт. Баъди ду рӯзи рафтани ӯ ҷониби шавҳараш ба милисахона даъват шуд. Хушдомани Бибисоро мегӯяд, келинашон каме бемор буд. Иддаое, ки волидони ин зани ҷавон рад мекунанд ва мегӯянд, ӯ комилан сиҳҳат аст.

Ҳам Бибисоро ва ҳам шавҳари ӯ Фирӯз Абдуллоев қабл оиладор будаанд ва ин издивоҷи аввали ҳардуи онҳо нест.

Бибисоро намехоҳад ба хонаи шавҳараш баргардад

Хонаводаи шавҳари Бибисоро мегӯянд, онҳо намехоҳанд зиндагии писарашон дигарбора вайрон шавад, аммо Бибисоро дигар нияти бозгашт ба он хонаро надорад ва барои ин амали бародари шавҳараш ба пулис шикоят бурдааст. Натиҷаи ташхисӣ тиббиву додгоҳӣ ҳам дар бадани Бибисоро осори латукубро тасдиқ кардааст. Волидони ин зан мегӯянд, аз идомаи зиндагии духтарашон дар он хонавода ва эҳтимоли дубора тасмими худкушӣ кардани ӯ метарсанд.

Модари Бибисоро мегӯяд, духтараш қабл аз ин ҳам дар хонаи шавҳар хушунат мешуд. Вай мегӯяд: "Пештар ҳам мегуфт, "оча, ба ман мегӯянд, ки ғар ҳастӣ, сумкачаат дар дастат, дар қади роҳ меистодӣ". Ман ҳам насиҳат мекардам, ки "ҳеҷ гап не, тоқат кун". Ба ҳолате расонданд, ки духтарам қариб худкушӣ мекард."

Бино ба омори расмӣ, дар як соли ахир ҳудуди 500 зан дар Тоҷикистон худкушӣ кардааст. Худкушӣ ё қасди он дар Тоҷикистон тамоюли нав нест, вале сол ба сол шеваҳои такондиҳандаро касб мекунад. Ҳоло ин масъаларо мақомот ва ҳам созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занонро дар Тоҷикистон шадидан нигарон кардааст. Дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG