Саидасрор Хидиров, сокини 52-солаи пойтахт, ҳангоми наҷоти як духтари ҷавон дар дарёи Душанбе пояшро шикастааст. Ин духтар қасд доштааст, ки худкушӣ кунад.
Одами зиёд ҷамъ шуда буд. Фақат худро селфӣ гирифта, аксу навор мебардоштанд. Ва касе поин намеомад, то ба мо кумак кунад
Ҳодиса бегоҳи 9-уми май, замоне рух дод, ки Саидасрор Хидиров дар соҳили дарёи Душанбе машғули моҳидорӣ буд. Ҳоло ин мард бинобар маъюб шудани пояш бистарист. Рӯзи 12-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтаре, ки наҷоташ дод, ҳабдаҳсола буда, дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт таҳсил мекунад.
Ӯ гуфт, ҳангоми моҳигирӣ садои доду фарёдро шунид ва дид, ки нафаре худро ба дарё партофт. "Давидам. Духтарро об мебурд. Дод задам, ки дастатаро деҳ, аммо ҳушаш рафта буд. Худамро ба об ҳаво додам, ки поям сахт зарб хӯрд. Бо тамоми қувва аввал духтарро кашида аз об берун кардам", - нақл кард Саидасрор Хидиров.
Ин мард мегӯяд, ҳанӯз об ин духтарро то миёни рӯдхона набурда буд, вагарна наҷоташ имкон надошт. Саидасрор мегӯяд, агар он лаҳза лаби соҳил намебуд, духтар худаш аз об берун шуда наметавонист, чун ҳангоми афтодан аз баландии тақрибан се-чаҳор метр ҳушаш рафта буд. Аммо хашмаш аз он аст, ки чандин нафари дигар дар ин ҳодиса тамошобин буданд ва ёрие намекарданд.
"Ба як чиз аламам кард. Поям баъди маъюб шудан имкон надод, ки аз об ба осонӣ берун шавам. Духтар рӯи дастам ва ба зону аз об берун мешудам. Дар ҳамин ҳолат одами зиёд ҷамъ шуда, фақат худро селфӣ гирифта, аксу навор мебардоштанд, аммо касе поин намешуд, то кумак кунад", - гуфт ӯ.
Ҳангоми аз об берун кардан духтар беҳуш будааст. Баъдан, кормандони милиса ва пизишкон ба маҳалли ҳодиса расида, ӯ ва духтарро ба бемористони "Истиқлол" бурдаанд. Ӯ гуфт, пояшро дар онҷо ташхис карда, бастанд. Духтар дар ҳолати беҳушӣ буда, Саидасрор Хидиров имкон наёфтааст, ки сабаби ба ин кор даст заданашро пурсад.
Саидасрор Хидиров солҳо боз барои кор ба Русия меравад. Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ афтод, ки ӯ аз Русия барои дидорбинӣ бо пайвандонаш ба Душанбе омада, барои фароғат ба моҳигирӣ ба лаби рӯдхона рафта буд.
Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе наҷоти як духтари 17-сола аз ҷониби Саидасрор Хидировро тасдиқ карданд. Як манбаъ дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфт, ин духтар аз падару модар нопурсида, ба куҷое ба туй меравад ва як шабонарӯз нопадид мешавад. Ӯро падараш ҷанг мекунад ва духтар қаҳр карда, қасди худкушӣ кардааст.
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, рӯзи 11-уми май Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба Саидасрор барои наҷоти ин духтар сипосгузорӣ кард. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло бо духтари ҷавон равоншиносон кор мекунанд ва ҳодисаро додситонии ноҳияи Фирдавсӣ тафтиш мекунанд.
Мақомот мегӯянд, исми духтар фош намешавад.
Аз ин қабл, Раёсати умури дохилии Душанбе як сокини пойтахтро барои наҷот додани зане бо ду фарзандаш аз худкушӣ қадрдонӣ карда буд. Ин зани 31-сола мехостааст худ ва ду фарзанди хурдсолашро ба дарё афканда, ғарқ намояд. Дилшод Ҳайтов, наҷотдиҳандаи зану кӯдакон гуфта буд, нидоҳои “намеравам оча” - духтари хурдсоли ин зан, ки намехост бо модараш ба сӯи марг биравад то ҳол дар гӯшҳояш садо медиҳанд.
Ин ҳодисаи талоши худкушии зан бо ду фарзандаш нимарӯзи 30-юми апрел дар маҳаллаи Ҳаёти нав дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Ёвар” рух додааст.
Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан қасд ба ҷони худ мекунанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон масъалаи худкушии ҷинси латифро хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ки дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.