Шиноварӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, хеле маъмул аст ва алоқамандони зиёд дорад.
Ин намуди олимпии варзиш, қабл аз ҳама, ҳамчун яке аз воситаҳои асоситарини аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҳаматарафа инкишоф додани инсон истифода бурда мешавад. Бинобар ин аз хурдсолӣ ба фарзандони худ омӯзондани ҳунари шиноварӣ вазифаи аввалиндараҷаи волидайн мебошад.
Шиноварӣ, ҳамчунин, аз тарафи пизишкон барои таҳкими саломатӣ ва муолиҷаи бисёр бемориҳо тавсия дода мешавад.
Воқеан, дар замони шӯравӣ шиноварӣ ба барномаи маҷмӯи варзишии ГТО (Ба меҳнат ва мудофиа омода бош!) шомил буд ва аз хурдсолон сар карда, то бузургсолон меъёрҳои муқарраршударо месупурданд. Ба назари коршиносони соҳа ин корро дар Тоҷикистон бояд азнав эҳё кард.
Дар айни ҳол вазъи шиноварӣ дар Тоҷикистон чандон хуб нест. Сабабҳо гуногунанд. Ва иллати аз ҳама асосӣ ин хеле кам будани ҳавзҳои шиноварист. Ҳарчанд дар муддати се соли ахир, баъди мулоқоти варзишгарон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар иншооти нави варзишӣ, аз он ҷумла дар баъзе шаҳру навоҳӣ ҳавзҳои шиноварӣ низ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Яке аз онҳо ҳавзи шиноварии шаҳри Хуҷанд мебошад, ки ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ комилан ҷавобгӯ аст. Дар ин ҷо солҳои ахир чандин мусобиқоти ҷумҳуриявӣ баргузор шудааст.
Вале ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ, ки соли 1971 дар шаҳри Душанбе бунёд ёфта буд ва аз моҳи июли соли 2009 номи “Мактаби махсуси ҷумҳуриявии намудҳои обии варзиш”- ро гирифтааст, хеле фарсуда шудааст. Дар айни ҳол дар ин ҷо корҳои таҷдиду таъмири асосӣ ҷараён дорад. Барои анҷоми ин корҳо аз буҷаи давлат беш аз 5 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ имрӯз, 22-юми июл, дар яке аз рӯзҳои гармтарини сол, аз ҳавзи Мактаби махсуси ҷумҳуриявии намудҳои обии варзиш дидан карда, гузориши видеоӣ таҳия намуданд.
Дар ин гузориш суҳбати хабарнигорони РО бо мудири ин мактаб Алиаҳмад Мӯсоев, мураббӣ Муҳаммад Табаров ва бархе аз шогирдони мактаб ба таваҷҷуҳи шумо пешкаш мешавад.