Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Варзиши тоҷик ба кӯмаки молии сарпарастон ниёз дорад”


Рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Душанбе нишасти хабарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, гузориш дод. Вай гуфт, «соли гузашта беш аз 1000 варзишгари Тоҷикистон дар 78 мусобиқоти ҷаҳониву Осиё ва байналмилалӣ иштирок карда, 461 медал (100 - тилло, 130 - нуқра ва 231- биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар кишвар порсол 22 чемпионати Тоҷикистон ва 85 мусобиқоти ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазор варзишгари касбӣ (1708 нафарашон бонувон) ширкат варзиданд. 45 варзишгари тоҷик соли 2013 дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия ширкат карда, 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 67 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардиданд, дар мақоми 44-ум қарор гирифт. Инчунин варзишгарони тоҷик порсол дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтанд. Дар ин бозиҳо беш аз дуним ҳазор варзишгари 45 кишвари қора аз рӯи 11 намуд рақобат карданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 30 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардиданд, дар мақоми 16-ум ҷойгир шуд.”

Маликшо Неъматов, нишасти хабарӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:32 0:00
Линки мустақим


Баъдан ҷаноби Неъматов иброз дошт, Бозиҳои дувуми осиёии наврасон, ки дар шаҳри Нанҷинги Чин доир шуданд, барои варзишгарони ҷавони тоҷик санҷише буд пеш аз Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки соли оянда баргузор мешаванд. Ӯ гуфт, «Дар ин Бозиҳо 9 варзишгари тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карда, ду медал - як нуқра ва як биринҷӣ гирифтанд. Инчунин дар Бозиҳои III варзишии авруосиёии наврасон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, ки бо тасмими кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шуданд, мунтахаби Тоҷикистон 73 медал, аз он ҷумла 3 нишони тилло гирифт.”

Ҷаноби Неъматов таъкид намуд, «тибқи дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташ бо варзишгарону кормандони соҳа 20-уми декабри соли 2010 баён гардидаанд ва дар доираи татбиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 дар ду соли ахир дар ҷумҳурӣ бо харҷи 250 миллион сомонӣ 2500 иншооти варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.»

Раҳбари ташкилоти варзишии кишвар ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои варзишгарони тоҷик дар соли 2014 иттилоъ дод. Вай гуфт,“имсол варзишгарони тоҷик ба ҷуз мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ, дар бузургтарин чорабиниҳои варзишӣ ширкат хоҳанд кард. Ду варзишгари мо – Андрей Дригин ва Алишер Қудратов меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳатҳо ба Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ, ки аз 7-ум то 23-юми феврали соли 2014 дар Сочи баргузор мешаванд, дар намуди лижаронии кӯҳӣ иҷро карданд. Бояд гуфт, ки тасмими додани роҳхат ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба яке аз ин ду варзишгари Тоҷикистон пас аз баррасии натиҷаҳои нишондодаи онҳо дар мусобиқоти интихобии олимпӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии лижаронӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гирифта мешавад. Варзишгарони ҷавони тоҷик аз 16-ум то 28-уми август дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки дар Нанҷинги Чин доир мешаванд, иштирок мекунанд. Ҳайати бузурги варзишии кишвар соли оянда дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзанд.”

Маликшо Неъматов иброз дошт, ки дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиву масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, “варзишгарони тоҷик имрӯз ба дастгирӣ ва кӯмаки молии сарпарастон ниёз доранд. Барои як варзишгари касбиро омода карда, ба мусобиқоти ҷаҳониву олимпӣ равона кардан камтарин барнома 250 ҳазор евро нарх дорад. Вале бо он имконияти молие, ки имрӯз мо дорем, аз варзишгаронамон натиҷаҳои баландро чашмдор шудан мушкил аст.”

Ҷаноби Неъматов, ҳамчунин, ба хабарнигорон гуфт, даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2013, ки онҳоро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа эълон кардааст, рӯзҳои наздиктарин бо ҷоизаҳои молии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва дипломҳои АЖРВТ сарфароз мешаванд.

Варзишгари маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров, ки беҳтарин варзишгари сол эътироф шуд, чанд рӯз пеш муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин гардид. Вай дар ин нишаст ширкат дошт ва ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, “то Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Бразилия вақти кам – 2 соли дигар мондааст. Вазифаи асосии мо ҳамаҷониба омода кардани дастаи мунтахаби кишвар ба Олимпиадаи мазкур мебошад. Ман ҳамчун варзишгар инро хуб дарк мекунам ва бинобар ин мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро барои омодагӣ ба ин Бозиҳо равона кунем.”
XS
SM
MD
LG