Алишер Олимов, сокини шаҳри Ҳисор, чанд моҳ пеш аз Русия ба ватан баргаштааст. Мегӯяд, аз поинравии қурби рубл ҳудуди 25 ҳазор сомонӣ зарар дид.
"Ҳафтсад ҳазор рубл овардем. Ҳамон вақт 1000 рубл – 135 сомонӣ буд. Ҳозир сад сомонӣ шудааст. Иваз накардам, пушаймон шудам. Ҳозир заҳмат кашидан дар Русия фоидаи кам дорад. Патент ва сабтином гарон шуда, арзиши рубл ҳам поин рафтааст," -- изҳор дошт ӯ.
Ба назари раиси пешини Бонки Миллӣ ва собиқ вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, поинравии қурби рубли Русия натанҳо ба даромади хонаводаи муҳоҷирон, балки ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ низ таъсир хоҳад дошт.
Ӯ рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Агар дар як сол аз Русия ба Тоҷикистон ду миллиард доллар фиристанд, ин ҳаҷми муайяни пули русӣ аст. Дар сурати поин рафтани қурби он, ба Тоҷикистон аз 2 миллиард доллар камтар меояд. Агар пул камтар ояд, талаботи мардум кам мешавад. Кам шудани талабот истеҳсолотро коҳиш медиҳад. Дар натиҷа, баъзе аз корхонаҳо маҷбур мешаванд, ки ҷойҳои кориро коҳиш диҳанд."
Ба бовари Шариф Раҳимзода, болову поин шудани қурби асъор баъзан бо омилҳои берунӣ ва баъзан аз тарафи худи ҳукуматҳо бо ҳадафи таъсир расондан ба кишварҳои дигар сурат мегирад.
Рубли Русия аз аввали ҳамин сол арзиши худро нисбат ба пули миллӣ 46 сомонӣ ё 32 дарсад аз даст додааст.
Бонки Миллӣ чунин равандро шарҳ надодааст. Дар баъзе аз бонкҳои тиҷоратӣ коҳиши қурби рублро дар ҳафтаҳои охир тасдиқ карданд, вале тавзеҳе надоданд.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия мераванд ва ин кишвар яке аз манбаъҳои асосии даромади хонаводаҳо ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳар тағйир дар арзиши рубл ба вазъи зиндагии онҳо таъсир хоҳад гузошт.
Видеоро дар ин ҷо бинед: