Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Исроил барканор шуд


Бенямин Нетаняҳу ва Йоаф Галлант
Бенямин Нетаняҳу ва Йоаф Галлант

Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, вазири дифои ҳукумати худ Йоаф Галлантро аз вазифа барканор кард.

Нетаняҳу шоми 5-уми октябр дар паёми видеоӣ гуфт, миёни ӯ ва Галлант ихтилофу нофаҳмӣ зиёд шуд, ки "имкон намедиҳад ҷанг дуруст мудирият шавад."

Исроил Катс ҷойгузини Йоаф Галлант эълон шуд. Катс то ин дам вазири корҳои хориҷии Исроил буд.

Ин бори дуюм аст, ки Бенямин Нетаняҳу қарори барканории Йоаф Галлантро содир мекунад.

Соли 2023 дар пайи мухолифати Галлант ба тарҳи ислоҳоти додгоҳӣ, Нетаняҳу ӯро аз мақом озод карда буд.

Барканории вазири дифои Исроил дар ҳолест, ки ин кишвар дар навори Ғазза алайҳи “Ҳамос” ва дар ҷануби Лубнон бо “Ҳизбуллоҳ” меҷангад.

XS
SM
MD
LG