Бобоҷон Домуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент субҳи 22 июл ба Озодӣ гуфт, дар ин бора миёни мақомоти марзбонии тоҷику узбак мувофиқа ҳосил шудааст. Ба гуфтаи ин мақом, ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки имрӯз мулоқот кунанд. “Мо умедворем, ки имрӯз тибқи мувофиқа Узбакистон 2 чӯпони наврасро дар қадами аввал бармегардонанд. Ҳоло дар даври аввал масъалаи баргардонидани чӯпонҳои деҳаи Моғиён мавриди гуфтушунид қарор дорад,” - афзуд вай.
Рӯзи 15 июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфанду говашон дастгир карда, ба Узбакистон бурданд ва то ҳол дар боздоштгоҳи пулиси вилояти Қаршӣ нигаҳ медоранд. Рӯзи 10 июл марзбонони узбак 4 наврас ва як мӯсафеди 74-соларо дар дараи Шохпази ҷамоати Фароб ҳангоми алафдаравӣ боздошт карданд.
Мақомоти тоҷик ба хотири раҳоии шаҳрвандони худ бо сарҳадбонҳои узбак чанд маротиба гуфтушунид анҷом доданд.
Қарор буд, мулоқоти навбатӣ байни намояндагони мақомоти сарҳадбонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Узбакистон марзи Панҷакент чоршанбеи ҳафтаи гузашта сурат бигирад, аммо ба гуфтаи мақомоти вилояти Суғд, ҷониби Узбакистон ба мулоқот ҳозир нашуд. Бобоҷон Домуллоев мегӯяд, ин навбат онҳо ба баргузории мулоқот ва раҳоии ҳадди ақал ду чӯпони навҷавон дар навбати аввал хушбин ҳастанд.
Тоҷикистон бо Узбакистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад, ки то имрӯз танҳо ҳудуди 80 дарсадаш таъйину аломатгузорӣ шудааст. Узбакистон ҳанӯз дар соли 2000 ба минакории марзҳояш бо Тоҷикистон шурӯъ кард. Аз ин марзи мушкил пайваста дар бораи ҳалокату ҷароҳат бардоштани атбоъи ду кишвар дар майдонҳои минакоришуда ва боздошти афрод аз сӯи марзбонҳо гузоришҳо мерасанд.
ТАФСИЛОТ ДАВОМИ РӮЗ НАШР ХОҲАД ШУД