Марзбонони тоҷик ва сокинони маҳалҳои наздик ба сарҳади Афғонистон мегӯянд, ки ду моҳ боз дигар садои тирпарронӣ аз даргириҳои он тарафи марз ба гӯш намерасад. Аммо, ба қавли мақомот ва коршиносон, вазъи Афғонистон пешгӯиношаванда ҳаст ва дур шудани даргириҳо аз марзи Тоҷикистон маънои бартараф шудани таҳдидҳои амниятиро надорад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, воқеан дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оромиҳои нисбӣ ба назар мерасад ва аз ин самт чун моҳҳои қабл дигар садои тирпарронӣ ба гӯш намерасад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ба гӯш расидан ва ё нарасидани садои тирпарронӣ ҳеч таъсир ба реҷаи кори марзбонони тоҷик надорад.
Ӯ гуфт, “марзбонони тоҷик чун пештара вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд. Аз оромиҳои нисбӣ дар кишвари ҳамсоя ҳеч тағйир дар кори марзбонон ба амал наомадааст.”
Дур шудани даргириҳо аз марзи Тоҷикистон дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта задухӯрдҳо то 10 километри марзи Тоҷикистон наздик шуда буд. Ҳатто ду гулӯлаи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ҳангоми даргириҳо ба хоки Тоҷикистон афтоданд, ки ин кишвар аз ҳамсояи худ узр пурсида буд. Сокинони навоҳии наздисарҳадӣ, мисли Фархор ва Панҷ борҳо ба Озодӣ аз тирпаррониҳои шадид ва зимни он, зоҳиран истифодаи силоҳҳои вазнин, ки бар асари он хонаи сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон меларзид, хабар дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои афғон низ тасдиқ мекунанд, ки гурӯҳҳои тундгаро заиф ва аз наздикиҳои марзи Тоҷикистон ба дур андохта шудаанд. Дар як ҳафтаи охир низ ду фармондеҳии маҳаллии Толибон дар вилояти Кундуз кушта шуд.
Ҳоҷӣ Муҳаммадоғо Довуд, фармондеҳи пулиси вилояти Тахор, ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон рӯзи 6 апрел ба Озодӣ гуфт, Толибон дар ин вилоят комилан аз марзҳо ронда шудаанд. Ӯ гуфт, дар пайи амалиёти муваффақ улусволии Дарқад, ки ҳаммарзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон аст, пурра аз чанги Толибон озод шудааст. "Ҳоло Толибони маҳаллӣ дар ягон деҳаҳои дурдаст боқӣ мондаанд, вале ба сурати умум дигар дар Тахор оромӣ ҳаст. Ин ҷо шербачаҳое ҳастанд, ки ҳамавақт омодаи саркӯб кардани Толибон ҳастанд. Дар марзҳои вилояти мо бо Тоҷикистон дигар Толибоне, ки рӯирост муқовимат кунанд, боқӣ намондааст," – афзуд ӯ.
Соли гузашта Толибон муввафақ шуда буданд, ки ҳатто маркази вилояти Кундузи Афғонистон ва чандин улусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро бигиранд. Дар пайи фаъол шудани Толибон ва дигар гурӯҳҳои тундгаро коршиносни тоҷику афғон баҳори хунинеро барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он пешбинӣ мекарданд.
Қосимшоҳ Искандаров, коршиноси масоили Афғонистон, гуфт, воқеан, дар вилояти Бағлон, шимоли Афғонистон, ду минтақаи стратегӣ ва муҳим ба мисли Данди Ғурӣ ва Данди Шаҳобиддин аз дасти Толибон озод шуд, ки як каме фаъолиятҳои онҳоро кунд кард. Ӯ мегӯяд, ҳоло гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар пайи шикастҳояш дар Сурия ва Ироқ амалиёти худ дар Афғонистонро маҳдуд кардааст ва бо тарғиботи идеологию сарбозгирӣ қаноат мекунад.
Искандаров афзуд: “Таҳдидҳои ҷиддӣ аз Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя боқӣ мондааст. Толибон имрӯз саргарми ба қудрат расидан дар Афғонистон ҳастанд. Ҳарчанд, дар зимистон нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи ин гурӯҳҳо амалиёти ҷиддӣ баргузор карда, андаке фаъолиятҳои онҳоро заиф карданд, вале ҳанӯз ҳам онҳо дар Ҳилманд, Кундуз ва Бағлон минтақаҳоеро таҳти назорат доранд.”
Дар ду соли ахир нооромиҳо аз ҷануби Афғонистон ба шимоли ин кишвар, ки бо Тоҷикистон марзи тӯлонӣ дорад, кӯчид. Соли гузашта даҳҳо улусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон аз ҷониби толибон ва гурӯҳҳои тундгаро таҳти назорат дароварда шуданд. Ҳоло зоҳиран, бархе аз ин улусволиҳои дубора бозпас гирифта шуданд ва даргириҳо ҳам як андоза кам шудааст.
Тоҷикистон, ки наздик ба 1,5 ҳазор километр хати марз бо Афғонистон дорад, ҳамеша аз ноамниҳои ин кишвари ҳамсоя нигарон аст. Ахиран, мақомҳои амниятии Чину Покистон низ дар Тоҷикистон масъалаи сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз доманаҳои нооромиро баҳс карда буданд.