Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи "мадрасаи минасозӣ" дар наздикии марзи Тоҷикистон


Асадуллоҳ Умархел
Асадуллоҳ Умархел

Мақомоти вилояти Кундузи Афғонистон аз ошкор шудани маркази омодасозии террористон дар яке аз мадрасаҳои динии ин вилоят хабар доданд.

Мақомоти Кундузи Афғонистон аз ифшои як маркази омӯзишии гурӯҳҳои ифротгаро дар улусволӣ ё ноҳияи Дашти Арчии ин вилоят, наздик ба марзҳои Тоҷикистон, хабар доданд. Асадулло Умархел, волии Кундуз дар сӯҳбат бо бахши дарии Озодӣ гуфт, ин марказ асосан мадрасаи динӣ буда, вале ҳоло дар онҷо ба ҷавонон чигуна анҷом додани ҳамлаҳои интиҳорӣ ва минасозиро омӯзиш медиҳанд.

Умархел афзуд, “дар як соли охир дар ин мадрасаи динӣ ба навҷавонон омӯзишҳои ифротгароӣ анҷом шуда ва онон барои ҷиҳод бар зидди ҳукумати феълии Афғонистон ташвиқ мешаванд.” Ба қавли волии Кундуз, дар ин мадраса ҳудуди аз 200 то 300 шогирд тавассути як устоди покистонӣ бо номи Умрон ва таҳти назари раиси худхондаи Толибон дар вилояти Кундуз Мулло Абдусалом омӯзиш мегирифтаанд.

Раиси вилояти Кундуз гуфтааст, мадрасаи ноҳияи Дашти Арчӣ ба манзури тадриси улуми исломӣ таъсис шуда, аммо пас аз тасарруфи ин ноҳия тавассути нерӯҳои гурӯҳи Толибон ба маркази таълими террористон табдил шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Амриддин Валӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз ба Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ошкор шудани ин маркази омӯзиши террористон ниҳодҳои амниятӣ барои аз байн бурдани он кадом тадбиреро рӯи даст нагирифтаанд ва дар фосилаи 3 километр аз шаҳри Кундуз маркази омӯзишии мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон фаъолият мекунад”.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло ба истиснои маркази ноҳияи Дашти Арчӣ 80 дарсади қаламрави ин ноҳияи дар тасарруфи гурӯҳи Толибон қарор дорад.

Зимнан, чанд рӯз қабл кормандони ниҳодҳои амниятӣ чор навҷавони аз 16 то 18-соларо, ки қасди ҳамлаи худкуш дар шаҳри Кундузро доштанд, дастгир карданд. Масъулони вилояти Кундуз мегӯянд, ки ин чор ҷавон дар мадрасаи динии ноҳияи Дашти Арчӣ омӯзиш дидаанд.

XS
SM
MD
LG