Боздошти гурӯҳе аз сиёсатмадорону мансабдорони баландпояи собиқ ва зуду пайиҳам иваз шудани раҳбарони баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ мавзӯи эҳтимоли интиқоли қудратро дар Тоҷикистон доман задааст.
“Интиқоли қудрат дар ҳар кишвар бар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешавад. Муҳлати дар сари ҳукумат қарор доштани президенти интихобшудаи ҷумҳурии Тоҷикистон муддати муайянро дорад. Бо фаро расидани ин муддат интихоботи навбатӣ, тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад,” – гуфт Хайриддин Усмонзода.
Вай интихоби раисҷумҳурро на ба тасмимҳои сиёсӣ, балки ба баргузории интихоб марбут донист ва гуфт, “пеш аз ҳама ба райъи мардум вобаста аст”.
Мавзӯи эҳтимоли интиқоли қудрат аз падар ба писар, яъне аз раисҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ, чанд сол боз аз сӯйи коршиносони дохиливу хориҷи матраҳ мешавад.
Аз ҷумла, дар моҳи ноябри соли 2022 нашрияи “Взгляд” дар як таҳлили муфассал бо такя ба коршиносони рус навишта буд, ки иҷрои нақшаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии худ наздик шудааст, вале иҷрои ин нақша метавонад то ду соли дигарро дар бар бигирад.
Ҳамсуҳбатони “Взгляд”, аз ҷумла раҳбари Маркази таҳқиқи равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ Даря Чижова гуфта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон аллакай ворисашро интихоб кардааст ва ӯ писари калонияш Рустами Эмомалист.
Бо вуҷуди гумонзанӣ ва пешбиниҳо дар бораи эҳтимоли интиқоли қудрат, падару писар дар ин замина расман изҳори назар накардаанд.
Чанде пеш Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, таҳаввулоти ахири сиёсӣ, аз ҷумла тағйиротро дар раҳбарии ҳизбоҳои сиёсӣ ба омодагӣ ба интихоботҳои порлумониву президентӣ вобаста дониста буд.
Дар се моҳи охир, се ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки худро “оппозитсияи созанда” меноманд, бо баргузории анҷуманҳои ғайринавбатӣ раисони худро нав ва умдатан ҷавон интихоб карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 қудрати сиёсиро дар Тоҷикистон дар ихтиёр дорад ва борҳо барои идомаи мондани ӯ дар ҳукумат ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид шудааст.
Рустами Эмомалӣ дар ҳоли ҳозир раиси Маҷлиси Миллӣ ва бар асоси қонун шахси шумораи дуи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар сурати истеъфо, марг, беморӣ ё аз салоҳиятҳои худ даст кашидани президент, то интихобот ӯ сарпарасти мақоми раёсатҷумҳурӣ хоҳад шуд.