Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз истирдоди Гулен то "Давлати исломӣ". Сафари Ҷо Байден ба Туркия


Байден ва Эрдуғон.Акс аз бойгонӣ.
Байден ва Эрдуғон.Акс аз бойгонӣ.

Аз парвандаи Фатҳулло Гулен то ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи "Давлати исломӣ" аз мавзӯъҳои асосии сафари қарибулвуқӯи ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Туркия ном бурда мешаванд.

Туркия гуфт, ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи 24 август аз Туркия боздид мекунад. Ин дар пасманзари танишҳо байни Анкара ва қудратҳои ғарбӣ бар сари таъқиботест, ки дар Туркия дар пайи кӯшиши нокоми табаддулоти низомии 15 июл ба роҳ андохтаанд. Сарвазири Туркия Биналӣ Йилдирим рӯзи 13 август дар Истамбул бо эълони хабари сафари Байден гуфт, дидгоҳи Вошингтон дар масъалаи дархости истирдоди рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гулен беҳтар шудааст. Йилдирим дар ин бора ҷузъиёти дигар надод.

Анкара Гуленро ба раҳбарии кудато айбдор карда, шабакаи ӯро созмони террористӣ меномад ва истирдоди ӯро аз Амрико мехоҳад. Вале Вошингтон қаблан гуфт, дар бораи даст доштани Гулен дар кудатое, ки беш аз 270 кушта ба ҷо гузошт, шавоҳид лозим дорад. Гулен ҳар навъ даст доштанаш дар кудаторо рад мекунад.

Шаби 15 июл гурӯҳе аз низомиҳои Туркия бо тасарруфи биноҳову иншооти муҳим дар Анкара, пойтахт ва Истамбул, шаҳри бузургтарини Туркия эълон карданд, ки назорати умури кишварро ба дасти худ гирифтаанд. Аммо ин кӯшиши табаддулоти низомӣ ба муқовимат дучор шуд ва алакай субҳи 16 июл аксари раҳбаронаш дастгир шуданд.

Биналӣ Йилдирим рӯзи 13 август гуфт, ки дар пайи кӯшиши табаддулот дар маҷмӯъ дар Туркия 81 494 нафар, бо шумули қозиён, низомиён ва ходимони мулкӣ боздошт ё барканор шудаанд.

Нахуствазири Туркия.
Нахуствазири Туркия.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба пок кардани ниҳодҳои Туркия аз ҳузури шабакаи Гулен даъват мекунад. Аммо дар Ғарб аз шеваи таъқибе, ки дар Туркия идома дорад, интиқод мекунанд ва тарс доранд, ки Эрдуғон мехоҳад аз ин барои таҳкими қудраташ истифода кунад.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо чандин бор Туркияро ҳушдор додаанд, ки дар мавриди бархӯрд ба онҳое, ки бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар кӯишиш табаддулоти низомӣ боздошт ваё аз корашон барканор шудаанд, зиёдаравӣ накунад ва ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад. Туркия маъмулан чунин интиқодҳоро рад мекунад ва мегӯяд, таҳқиқи қазияи табаддулот ва пок кардани кишвар аз “созмони террористӣ”-и Фатҳулло Гулен аз масоили марбут ба умури дохилии худи ин кишвар аст.

Рӯзи 13 август Туркия изҳороти кумиссари ҳуқуқи башари СММ-ро, ки гуфт, Анкара бояд “ҳирси интиқом”-аш баъд аз кӯшиши нокомии табаддулоти низомии 15 июлро лаҷом бизанад, ба интиқод кашид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Туркия Танҷу Билгич изҳороти Зайд Раъд Ал-Ҳусейнро ғайри қобили қабул ва “дар беҳтарин ҳолат, нохушоянд” номид.

Фатҳуллоҳ Гулен.
Фатҳуллоҳ Гулен.

Билгис ҳамчунин поймол шудани ҳуқуқи мардум дар ҷараёни поккории мақомотро рад кард. Ӯ гуфт, мақоми ҳуқуқи башари СММ бояд ба ҷои ин омилони табаддулоти хунинро маҳкум мекард. Ал-Ҳусейн дар ин ҳафта аз Анкара даъват кард, ки ҳуқуқи афроди боздоштшуда дар пайи кӯшиши табаддулотро риоя кунад.

Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден баъд аз кӯшиши табаддулоти 15 июл баландпоятарин мақоми ғарбист, ки ба Туркия меояд ва он ҳам дар пасманзари танишҳои шадид бо Анкара бар сари шеваи бархӯрд ба омилони он кудато.

Оё кадом мавзӯъҳо дар ҷараёни сафари Ҷо Байден ба Туркия асосӣ хоҳанд буд? Мавзӯи Гулен? – пурсидам дар мусоҳибае пеш аз оғози барнома аз Қудрат Шаҳидӣ, шореҳи масоили Туркия дар Радиои Фардо.

Мавзӯъҳои асосии сафари ноиби раисиҷумҳури Амрико ба Туркия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00
Линки мустақим

Қудрат Шаҳидӣ: Яке аз муҳимтарин мавзӯъҳое, ки дар ҳафтаҳои охир, баъд аз кудатои нофарҷоми Туркия, бар сараш байни Амрико ва Туркия ихтилоф вуҷуд дошт, мавзӯи бозгардон ё истирдоди Фатҳулло Гулен аст. Туркия мегӯяд, ки чандин аснод ва мадорикро дар мавриди дар кудатои 15 июл даст доштан ва онро раҳбарӣ кардани Гулен ба Амрико фиристодааст. Ва мақомоти Амрико ҳам борҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳоли баррасии ин аснод ва шавоҳид ҳастанд ва инки дар мавриди бозгардонидани Фатҳулло Гулен бояд низоми адлияи Амрико тасмим бигирад. Ба ғайр аз масъалаи Гулен, ҳамкории байни Амрикову Туркия дар мавриди мубориза бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва дар мавриди Сурияву Ироқ низ муҳим аст ва аз мавзӯъҳои меҳварии сафари оқои Байден ба Туркия хоҳад буд. Барои онки Амрико барои анҷоми ҳамлаҳо алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия аз пойгоҳи Инҷирлики Туркия истифода мекунад. Ва Туркия ҳам ба унвони яке аз кишварҳои муҳими узви паймони низомии НАТО эълом карда, ки дар НАТО хоҳад монд ва ба ҳамкориҳои низомиаш бо Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ идома хоҳад дод.

Радиои Озодӣ: Сарвазири Туркия гуфт, ки гӯё дидгоҳи Вошингтон дар масъалаи истирдоди Гулен беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?

Қудрат Шаҳидӣ
Қудрат Шаҳидӣ

Қудрат Шаҳидӣ: Ҳарфҳои Биналӣ Йилдиримро мешавад ингуна тафсир кард, ки эҳтимол дорад, Амрико дар мавриди бозгардонидани Фатҳулло Гулен ба Туркия миқдоре нармтар шуда бошад ва ваъдаву вайтҳое ба Туркия дода бошад. Вале низоми давлатӣ ва низоми адлия дар Амрико тавре ҳаст, ки бояд бо таваҷҷӯҳ ба қонунгузории он кишвар ва қарордоде, ки байни Туркия ва Амрико бар сари масоили истирдод солҳо пеш имзо шудааст, рафтор бишавад. Давлати Барак Обама наметавонад тасмим бигирад ва бидуни таваҷҷӯҳ ба ин қавонин оқои Гуленро ба Туркия бисупорад.

Радиои Озодӣ: Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки интиқодҳо аз сӯи Ғарб дар мавриди шеваи таъқиби афрод бо иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши табаддулоти моҳи гузашта дар Туркия хеле шадид шудааст. Оё Ҷо Байден нигаронии кишварҳои ғарбиро дар мавриди зарурати риояи ҳуқуқи инсон аз тарафи мақомоти Туркия зимни ин сафар матраҳ хоҳад кард?

Қудрат Шаҳидӣ: Амрико баъд аз кудатои нофарҷоми Туркия борҳо таъкид кард, ки бо касоне ки дастгир шуданд, ва бо касоне, ки аз кор ихроҷ шуданд, бояд бар асоси қавонини байналмилалӣ ва қавонини Туркия рафтор бишавад. Яъне, нисбат ба боздоштшудаҳо набояд бадрафторӣ бишавад, набояд шиканҷа шаванд ва ҳаққи онҳо ба муҳокимаи одилона таъмин шавад. Ва оқои Байден ҳатман бори дигар таъкид хоҳад кард ба ин мавзӯъ, ки тамоми касоне, ки ба иттиҳоми ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо кудатогарон боздошт шуданд, бояд дар додгоҳ ба шеваи одилона ва шаффоф муҳокима шаванд, на инки дар пушти дарҳои баста дар мавриди сарнавишт ва зиндагии ин мардум, ки шуморашон аз 80 ҳазор мегузарад, тасмим гирифта шавад. Иттиҳодияи Аврупо ҳам борҳо ба ин масъала таъкид кардааст.

XS
SM
MD
LG