Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши табаддулот, Русия ва Ғарб


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи 9 август бо нияти дидору гуфтугӯ бо раҳбари Русия Владимир Путин ба Санкт-Петербург хоҳад рафт. Дар меҳвари гуфтугӯи онҳо бӯҳрони Сурия, ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат, ҷаҳонгардӣ ва тарҳҳои сохтмонӣ аст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи 9 август бо нияти дидору гуфтугӯ бо раҳбари Русия Владимир Путин ба Санкт-Петербург хоҳад рафт. Дар меҳвари гуфтугӯи онҳо бӯҳрони Сурия, ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат, ҷаҳонгардӣ ва тарҳҳои сохтмонӣ аст. Ба назар мерасад, ҳарду ҷониб кӯшиши табаддулоти давлатии рӯзи 15 июл дар Туркияро барои беҳтар кардани равобити миёни ду кишвар истифода мекунанд.

Дар пайи кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия, ки масъулияташ ба дӯши рӯҳонии маъруф Фатҳулло Гюлен ва тарафдоронаш вогузор шуд, ҳукумат ба ҳабсу барканории даҳҳо ҳазор нафар дар сохторҳои интизомиву адлия, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсатмадорону журналистон ва ҳам омӯзгорон даст зад. Худи Гюлен, ки аз соли 1999 дар Амрико паноҳ бурдааст, ба бегуноҳии худ исрор меварзад.

Фатҳулло Гюлен
Фатҳулло Гюлен

Мулоқоти Эрдуғон ва Путин вохӯрии нахустини ду раҳбар баъди суқути ҳавопаймои ҷангии русӣ аз ҷониби Туркия мешавад, ки баҳонаи аслии бад шудани равобити ин ду кишвар баъди ноябри соли 2015 гардид.

Он замон Эрдуғон аз ин ҳодиса шадидан тарафдорӣ карда ва гуфт, ки ҳавопаймои русӣ барои рахна кардани ҳарими ҳавоии Туркия суқут дода шуд. Дар робита бо низои Сурия, Туркия аз соли 2010 ба ин сӯ гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла "Давлати исломӣ"-ро зидди ҳукумати Башор Асад пуштибонӣ кардааст. Русия, баръакс, аз ҳукумати Асад тарафдорӣ карда, моҳи сентябри соли 2015 фаъолона вориди ҷанг шуд. Ҳамин ҳодиса боис ба таниш дар минтақа гардид, ҳарчанд то он вақт равобити миёни ду кишвар хуб буд.

Баъди ин ҳодисаҳо ихтилофи миёни ду кишвар ба нуқтаи авҷи худ расид. Путин аз Эрдуғон хост, ки барои куштори халабони рус маъзаратхоҳӣ кунад ва баъди бе посух мондани талабаш пеши роҳи сафарҳои ҷаҳонгардони русро ба Туркия гирифт.

Илова ба ин, таҳримҳо ҷорӣ карда, воридоти меваву сабзаҷоти туркиро манъ кард ва ин тасмим зарбаи ҷиддие ба иқтисоди Туркия зад. Нармиш дар робитаҳо танҳо моҳи июни имсол эҳсос шуд, вақте Путин гуфт, ки номаи Эрдуғонро дарёфт кардааст ва дар он аз зада шудани ҳавопаймои русӣ изҳори таассуф шудааст.

Иброҳим Калин, сухангӯи президенти Туркия гуфт, ки "Туркия мехоҳад бо Русия ҳамкорӣ кунад, то як роҳҳали демократие барои Сурия пайдо шавад ва ҳам барои мардуми ин кишвар қобили қабул бошад". Ҳарчанд, гуфт сухангӯ, қароре, ки ҷавобгӯи манфиатҳои Русияву Туркия бошад, ҳузури Асадро дар сари қудрат дар назар намегирад. Ба назар мерасад, ки аз саргирии равобити иқтисодиву энержии миёни ду кишвар дигар воқеият аст. Ҳарчанд дар тамоми ин моҷароҳо интиқоли гази табиӣ аз Русия ба Туркия қатъ нашудааст.

Бахши ҷаҳонгардии Туркия, аз ҷумла баъди таркиш дар фурудгоҳи Отатурк дар моҳи июн ва ҳам кӯшиши табаддулоти давлатии июл хеле осеб дид. Вале яке аз бахшҳои асосии гуфтугӯҳои ду президент марбут ба сиёсати хориҷӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоле ки Туркияву Русия мехоҳанд дар мавзӯи Сурия мавқеъҳои худро ҳамоҳанг кунанд, ин тасмимҳо метавонад хилоф бо талошҳои Амрико дар амри ёрӣ ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ва шӯришиёни курд дар Сурия бошад. Бо ин ки худи Русия ҳам ба курдҳо кумак мекунад, ба назар мерасад, нақшаи нави Маскаву Анкара вазъро каме печидатар хоҳад кард.

Инчунин, ба назар мерасад, ки Русия бо истифода аз паёмадҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ мехоҳад равобити бе ин ҳам мушкили Туркияву Амрикоро печидатар ва сиёсатҳои хориҷии Туркияро ба дидгоҳҳои худ наздиктар кунад. Аз оғози кӯшиши табаддулоти давлатӣ мақомот ва матбуоти Туркия мегуфтанд, ки Ғарб ва НАТО дар маҳкум кардани ин ҳодисаҳо шитоб накарданд. Худи Эрдуғон ва раҳбарони дигари ин кишвар эҳтимоли даст доштани ИМА дар ин ҳодисаҳоро ба забон оварданд.

Талаби истирдоди Фатҳуллоҳ Гюлен аз ИМА, ки Анкара ӯро "як террорист" номидааст, яке аз масъалаҳои доғи се ҳафтаи охир шудааст. Вашингтон ҳам дар навбати худ ҳама гуна иттиҳоми даст доштанаш дар ҳодисаҳои Туркияро рад карда ва аз Анкара хостааст, ки далелҳои қатъии гунаҳкор будани Гюленро барояш таслим кунад.

Ҳатто дар сурати омодагии Амрико ба ихроҷи Гюлен ин ҷараён метавонад солҳо тӯл кашад. Вале ҳоло Маскав худро ба унвони як дӯсти хуби Туркия намоиш дода, аз оғоз табаддулоти давлатиро маҳкум ва ба Эрдуғон пешниҳоди кумак кард.

Таҳлилгари турк Қадрӣ Гӯрсел мегӯяд, ҳоло Эрдуғон ба хотири тарс додани Ғарб нишон медиҳад, ки Туркия бо Русия хеле наздик мешавад. Дар асл, Русия барои пешниҳод ба Туркия аз назари сармояҳо, масоили амниятӣ ё тиҷорат чизи зиёд ҳам надорад. Дур шудани Туркия аз Ғарб агар ба фоидаи НАТО ва худи Ғарб набошад, барои Туркия ҳам, ки то чанде пеш робитаҳои амиқу пурмаҳсуле бо онҳо доштааст, манфиат надорад.

Аббос Ҷаводӣ, Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG