Ин таҳаввулоти дигар дар паи кудатои номуваффақи 15 июл дар Туркия аст. Шабакаҳои телевизионии, NTV ва CNN-Turk гуфтанд, ки дар миёни боздоштшудаҳо як шореҳи маъруф ва собиқ узви парлумон Назлӣ Иличак ҳам ҳаст. Иличак соли 2013 аз кор дар нашрияи Sabah барои интиқодаш аз як вазири дар фасод олудашуда ронда шуда буд. Дар миёни боздоштшудаҳои дигар намояндаи созмони Гузоришгарони бидуни марзи Туркия Эрол Ондероғлу, хабарнигор Аҳмад Несин ва фаъоли ҳуқуқи башар Шабнами Кор ном бурда мешаванд.
Мақомоти Туркия рӯҳонии маъруф Фатҳулло Гюленро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки журналистон ҳам аз пайравони ӯ буданд.
Ин дар ҳолест, ки Туркия барои поймолшавии озодии матбуот ҳатто қабл аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ ҳам зиёд интиқод шудааст. То имрӯз, бо амри мақомот бо иттиҳоми ширкат дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ зидди президенти Раҷаб Тайиб Эрдуғон беш аз 60 ҳазор сарбоз, полис, додрас, омӯзгор, ходимони ҷамъиятӣ ва дигар намояндагони ҷомеа боздошт, аз кор ронда ва ё дар мақомҳои худ мутаваққиф шудаанд.
Эрдуғон дар паи ҳодисаҳои шаби 15 ба 16 июл гуфт, ки омода аст ҳукми қатлро дар кишвар дубора барқарор кунад. Рӯзи 25 июл президенти Комиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер гуфт, ки “Туркия дар вазъи феълӣ дар мавқеи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо нест ва ҳатто дар муддати тӯлонии баъди ин ҳам чунин имкониятро нахоҳад дошт”.
Юнкер гуфт, ки дар сурати дубора барқарор шудани ҳукми қатл дар қонунҳои Туркия, музокирот барои ворид шудани ин кишвар ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо якбора қатъ мешавад.
Мақомоти Туркия мегӯянд, шоми 15 июл низомиҳои кишвар талош карданд табаддулоти давлатӣ ташкил карда, ҳукумати амалкунандаи зери раҳбарии Раҷаб Таиб Эрдуғонро сарнагун кунанд. Баъди чанд соат худи Эрдуғон ва дигар аъзои ҳукуматаш талоши низомиёнро ноком эълон карда даст ба боздошти гумонбарон заданд. Ангушти иттиҳомро мақомот ба сӯи паноҳандаи турк дар аёлати Пенсилванияи ИМА Фатҳулло Гюлен баланд карданд. Худи рӯҳонии маъруф иттиҳомотро рад ва кӯшиши табаддулоти давлатиро ҳам маҳкум кард. Мақомоти Туркия бо талаби истирдоди Гюлен ба раҳбарияти ИМА муроҷиат карданд, вале ҳанӯз маълум нест, ки посух ва тасмими ИМА дар ин замина чӣ хоҳад буд.