Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъияти фавқулода дар Туркия


Дар пайи табаддулоти нокоми низомиён дар Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури он кишвар рӯзи 20 июл дар Туркия ба муддати се моҳ вазъияти фавқулодда эълон кардааст. Раисиҷумҳури Туркия зимни суханронӣ дар Анқара гуфтааст, шаҳрвандони Туркия набояд дар робита ба демократия, волоияти қонун ва дифоъ аз озодии баён ва ҳуқуқҳои асосӣ нигаронӣ дошта бошанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон таъкид кардааст, ҳадаф аз эълони вазъияти фавқулодда ин аст, ки чораҳои лозим барои аз байн бурдани таҳдидҳои алайҳи демократия, ҳукумати қонун ва ҳуқуқи мардум ва озодиҳо босуръат ва ба таври таъсирбахш анҷом шаванд. Ӯ афзудааст, "ба унвони фармондеҳи умумии нерӯҳо дастури вазъияти фавқулодаро иҷро хоҳам кард, то тамоми вирусҳоро дар даруни нерӯҳои мусаллаҳ поксозӣ кунам."

Шаби ҷумъа ба шанбеи ҳафтаи гузашта шуморе аз нерӯҳои низомӣ дар Туркия талош карданд, ки ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро сарнагун кунанд. Аммо талоши табаддулот пас аз ҳузури густурдаи тарафдорони раисиҷумҳури Туркия дар кӯчаву майдонҳо шикаст хӯрд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон шумораи кушташудаҳои мухолифони табаддулотро 246 нафар эълон кард ва гуфт, ки 24 нафар низ аз табаддулотгарон кушта шудаанд. Эрдуғон ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи "Ал-Ҷазира" гуфтааст, ҳанӯз боқимондаҳои табаддулотгарон фаъоланд ва эҳтимол дар ҳафтаҳои оянда даст ба иқдомоте бизананд. Вай изофа кардааст, "фикр намекунам ҳанӯз қазия ба поён расида бошад."

Тибқи гузориши расонаҳо, дар пайи шикасти табаддулот, ҳукумати Туркия тайи чанд рӯзи ахир беш аз 60 ҳазор низомӣ, муаллим ва додрасро боздошт ва ё аз кор ихроҷ кардааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон Фатҳулло Гулен, рӯҳонии туркро муттаҳам кардааст, ки раҳнамоии табаддулоти нокоми шаби ҷумъаро бар ӯҳда доштааст. Гулен дар ҳоли ҳозир дар Амрико ба сар мебарад ва ин иттиҳомро радд мекунад.

Дар ҳамин ҳол Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки санадҳои дархости истирдоди Фатҳулло Гулен, ба Амрико фиристода шудааст. Вай изофа кард, ки Анқара чаҳор парвандаро ба Амрико фиристодааст ва хостори истирдоди Фатҳулло Гулен шудааст. Аммо Амрико эълон кардааст, ки бар асоси созишнома байни ду кишвар, амал хоҳад кард.

Зайд Раъд Ал-Ҳусайн, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид барканории додрасҳо ва кормандони давлатро дар Туркия "занги хатари ҷиддӣ" номид ва аз ҳукумати Туркия хост, ки ба нозирони мустақил иҷозаи боздид аз зиндонҳо ва боздоштгоҳҳоро бидиҳад.

XS
SM
MD
LG