Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 17 муҳоҷир дар Русия (ВИДЕО)


Акс аз маҳаллаи садама дар Брянск
Акс аз маҳаллаи садама дар Брянск

Дар як садамаи пурқурбонӣ дар вилояти Брянски Русия 17 муҳоҷир аз Узбакистону Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Онҳо барои задани мӯҳр дар шиносномаашон ба марзи Русия бо Украина мерафтанд.

Ду тан аз 17 мусофири ҳалокшуда дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Брянск - Новозибкови Русия шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ин 17 нафар рӯзи 15 март бар асари ба мошини боркаши "Рено" бархӯрдани як микроавтобуси ҳомили муҳоҷирон аз Узбакистону Тоҷикистон ҷон бохтанд. Аксари қурбониён аз Узбакистонанд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ду қурбонии тоҷики ин садама яке Ҳасанов Вайсиддин Кабутович, рӯзи таваллудаш 21.01.1982, зодаи ноҳияи Нуробод ва дувумӣ Саидхоҷаев Сикандар Шумқорович, рӯзи таваллудаш 19.01.1990, зодаи ноҳияи Тоҷикобод будаанд.

Брянски Русия бо вилоятҳои Гомели Беларус ва Чернигови Украина ҳаммарз аст ва муҳоҷирон аз ин минтақа асосан барои убури марзи Русия ва вуруди дубора истифода мебурданд. Қарори маълум, тибқи қонунҳои Русия, муҳоҷирон аз бархе кишварҳо, аз ҷумла аз Тоҷикистону Узбакистон бояд ҳар 90 рӯз аз марзи ин кишвар берун ва дубора ворид шаванд. Дар ин сурат муҳоҷирон ҳаққи 90 рӯзи дигари кор дар Русияро пайдо мекунанд.

Муҳаммади Эгамзод ба Озодӣ гуфт, бисёртар муҳоҷироне барои задани мӯҳр ба нуқтаҳои марзӣ, асосан дар марз бо Украина мераванд, ки патент надоранд: "Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки қонунҳои Русияро хуб намедонанд ва барои мисол, намедонанд, ки дар сурати доштани патент шарт нест, ки ҳар 90 рӯз муҳоҷир аз қаламрави Русия барояд. Ин 17 муҳоҷире ки дар Брянск ҷон бохтанд, низ барои расмӣ кардани будубоши худ дар Русия ба тарафи марз мерафтанд. Бадбахтона, ин маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи кору зиндагии муҳоҷирон дар Русия ин бор боиси чунин фоҷиаи пурқурбонӣ шуд."

Матбуоти Русия мегӯяд, микроавтобуси ҳомили муҳоҷирон аз вилояти Брянск ба гузаргоҳи Покарни, яке аз гузаргоҳҳои марзӣ дар марзи Русия бо Украина мерафт, то онҳо битавонанд дар шиносномаҳои худ мӯҳр зада, дубора вориди Русия шаванд. Аммо соати 12-и шаби 15 март ин микроавтобуси навъи “Мерседес” дар километри 65-уми роҳи Брянск – Гомел ба кадом иллате ба роҳи муқобил баромада, ба мошини боркаши “Рено” бархӯрдааст. Ронандаи мошини боркаш Николай Кукобко, ки аз Украина буда, 65 сол ва аз ҷумла 40 сол собиқаи ронандагӣ доштааст, дар ин садама ҷароҳати миёна бардоштааст.

Николай Кукобко ба телевизиони давлатии Русия гуфтааст, микроавтобус якбора ба тарафи чап тоб хӯрд ва ӯ ҳарчанд талош кард, ки тормозро зер кунад, натавонист аз бархӯрд ҷилавгирӣ кунад. Пулис гуфтааст, як фарзияи асосӣ эҳтимоли дар сари фармони мошин ғанаб рафтани ронандаи микроавтобус мебошад.

Дар натиҷаи садама микроавтобус комилан хароб шуда, аз ҷамъи мусофиронаш танҳо 4 нафар ва он ҳам бо ҷароҳатҳои хеле сангин ҷон ба саломат бурдаанд. Гуфта мешавад, ронандаи микроавтобус сокини Маскав ва ҳамаи мусофиронаш муҳоҷирон аз Узбакистон ва Тоҷикистон будаанд.

Намояндаи сафорати Тоҷикистон мегӯяд, консули Тоҷикистон дар Русия Ашраф Гулов дар як тамоси телефонӣ масоили марбут ба ташкили кумакҳо ба хешовандони қурбониҳо ва таҳияи аснод барои ирсоли ҷанозаҳо ба Тоҷикистонро бо раҳбарони ниҳодҳои изтирории вилояти Брянск баррасӣ кардааст. Қарор шуда, ки ҷанозаҳои ҳарду муҳоҷири тоҷикро ба Тоҷикистон бифиристанд.

Бозори сӯхтаи "Адмирал"
Бозори сӯхтаи "Адмирал"

Ҳалокати 2 муҳоҷири тоҷик ва 15 муҳоҷири узбак дар садамаи нақлиётӣ дар вилояти Брянск дар ҳолест, ки ҳамагӣ ҳафтае пеш, рӯзи 11 март бар асари як сӯхтори бузург дар бозори “Адмирал”-и шаҳри Қазон, пойтахти Тотористони Русия 17 нафар, аксар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳалок шуданд. 6 тан аз қурбониёни сӯхтори Қазон низ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион ва теъдоди муҳоҷирони узбак дар ин кишвар то 5 миллион гуфта мешавад. Ҳар сол, бино ба омори расмӣ, дар Русия ҳудуди 1000 муҳоҷири тоҷик аз олам чашм мепӯшанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар Русия дастикам 3 тоҷик аз дунё мегузарад. Бархе аз онҳо – дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро, бархе – бар асари фалокат дар ҷои кор ҳалок мешаванд, шуморе аз маризиҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд ва шуморе дигар – чун ин 17 муҳоҷир, бар асари садамаҳои нақлиётӣ.

XS
SM
MD
LG