Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи мошини "марг" дар Самара аз Тоҷикистон будааст


Акс аз vesti.ru
Акс аз vesti.ru

Намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки бар асари садамаи ҳалокатбор дар вилояти Самари Русия як муҳоҷир аз Тоҷикистон ҳалок шуда, якеи дигар ҷароҳат бардоштааст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 14-уми октябр гуфт, ки дар ин садамаи пурқурбонии шаби 12 ба 13 октябр дар шоҳроҳи Самара -Болшаяи Черниговка Аҳкомуддин Муқимович Худойназаров, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Қумснгири вилояти Хатлон ҷон бохтааст. Қаблан гуфта мешуд, ки дар натиҷаи бархӯрди як микроавтобус бо мошини боркаш дар Самара ду шаҳрванди Тоҷикистон - Ҳусанбоев Ҳаёт Ҳусанбоевич, рӯзи таваллудаш 8 майи соли 1986 ва Аширгилдиев Улуғбек, рӯзи таваллудаш 26 марти соли 1981 - ба ҳалокат расидаанд.

Бар асари як садамаи ҳалокатбор дар вилояти Самараи Русия 13 муҳоҷир аз Узбакистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳалок шудаанд. Садама шаби 12 ба 13 октябр, соатҳои тақрибан 23:50, дар километри 132-юми шоҳроҳи Самара – Болшая Черниговка (шоҳроҳи мавсум ба М32), дар ҳудуди ноҳияи Болшая Черниговка рух додааст. Микроавтобуси тамғаи Toyota бо 14 мусофир ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини боркаши Merсedes бархӯрд ва ба дунбол балони газ дар дохили микроавтобус таркида, доманаи оташ дар як они воҳид толори онро печонд ва тамоми сарнишинонашро ба коми худ фурӯ бурд.

Намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 14 октябр ҳамчунин хабар дод, ки ронандаи ин микроавтобус Дилшод Раззоқович Сатторов, соли таваллудаш 1978, аз ноҳияи Файзобод будааст. Дилшод Сатторов ҳоло дар беморхона бистарӣ буда, вазъи саломатияш муътадил гуфта мешавад.


Ҳалокати ду тоҷик дар Самара тасдиқ шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
Линки мустақим


Виктор Митник, муовини сардори пулиси роҳи вилояти Самара рӯзи 13 октябр дар як баёнияи матбуотӣ пиромуни ин садама гуфт: “Сабаби эҳтимолии садама хаста шудани ронанда ва аз даст додани имкони идораи автобус гуфта мешавад. Дар айни замон, таркиши балони газ, ки ин автобус ба он муҷаҳҳаз шуда буд, пайомадҳои фалокатро бамаротиб сангинтар кард.”

Бино ба хабарҳо, дар дохили микроавтобус ба ҷуз аз ронанда, дар маҷмӯъ 14 нафар – 11 шаҳрванди Узбакистон, 2 шаҳрванди Тоҷикистон ва якеи дигар аз Озарбойҷон – сафар доштаанд.

Сухангӯи пулиси Самара Сергей Голдштейн ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, дар робита ба ин садама парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ронандаи микроавтобусро бар асоси моддаи 91-уми Кодекси ҷиноиву мурофиавии Русия ба ҳабс гирифтаанд, “вале ӯ ба далели вазъи сиҳҳаташ дар бемористон таҳти ҳифозат нигоҳ дошта мешавад.” Голдштейн мегӯяд, ронандаи микроавтобус, ки шаҳрванди Узбакистон буда, дар вилояти Нижний Новгород муваққатан сабти ном шуда буд, 14 маротиба ба далели нақзи қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла 9 дафъа барои боло бурдани суръат муҷозот шуда буд.

Манбаъи ИТАР-ТАСС ҳам гуфтааст, ки ду фарзияи асосӣ тафтиш мешаванд: яке хаста шудани ронанда, ки то маҳалли садама алакай ҳудуди 1000 километр роҳро тай карда буд, ва дувум – кафидани чархи мошин. Пулис мегӯяд, ронанда маст набуд.

Бар асари ин садамаи муҳлик 13 нафар аз мусофирони микроавтобус ҳалок шуда, ронанда ва танҳо мусофиреро, ки аз ин садама ҷон ба саломат бурдааст, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд. Ронандаи мошини боркаши Merсedes, ки шаҳрванди Қазоқистон аст, низ аз ин садама ҷони солим ба дар овард.

Хабарнигори шабакаи русии "Россия24" аз маҳалли ҳодиса гузориш дод, ки мусофирони микроавтобус зоҳиран ба самти марзи Қазоқистон сафар доштанд, то дар гузаргоҳи марзӣ ба шиносномаи худ муҳри вуруди дубора ба қаламрави Русия бизананд. Тибқи қонунҳои Русия, муҳоҷирони хориҷие, ки дар ин кишвар ҷои кору иқомати доим надоранд, бояд дар зарфи 90 рӯз Русияро тарк кунанд. Хабарнигори "Россия 24" мегӯяд, микроавтобус замоне дучори садама шуд, ки то марзи Қазоқистон ҳамагӣ 60 километри дигар монда буд.

Наворе ки "Россия24" аз маҳалли садама нашр кард, нишон медиҳад, ки бар асари таркиши балони газ боми микроавтобус комилан канда шуда, баъди сӯхтор аз ин мошин танҳо як тӯда оҳани сӯхта мондааст.
XS
SM
MD
LG