Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухани охирини Бузургмеҳр дар Додгоҳи Душанбе


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Ба мурофиаи вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар Додгоҳи шаҳри Душанбе намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва хабарнигоронро роҳ надоданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз додгоҳ гуфт, намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе низ натавонистаанд вориди ин мурофиа шаванд. Интизор меравад, рӯзи 27 сентябр сухани охирини Бузургмеҳр Ёров шунида шуда ва баъд аз он додрас ба хонаи машваратӣ равад. Дар мурофиаи рӯзи 19 сентябр айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуноҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро исботшуда номид ва аз додрас тақозо кард, ки вакилони мудофеъ ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шаванд. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки Бузургмеҳр Ёров ба 25 сол ва Нуриддин Маҳкамов ба 23 соли зиндон ҷазо маҳкум шаванд. Аммо ҳафтаи гузашта Нуриддин Маҳкамов ҳангоми ироаи қисмати аввали сухани охиринаш гуфт, ки худро гунаҳкор ҳисоб намекунад.

XS
SM
MD
LG