Айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳ гуноҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро исботшуда номид ва аз додрас тақозо кард, ки вакилони мудофеъ ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шаванд. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки Бузҳургмеҳр Ёров ба 25 сол ва Нуриддин Маҳкамов ба 23 соли зиндон ҷазо маҳкум шаванд. Айбдоркуннадаи давлатӣ зимни талаби ҷазо барои Бузургмеҳр Ёров аз додгоҳ ҳамчунин хостааст, ки чанд дороии ӯ - як дукони тиҷоратӣ дар маҳаллаи Маяковский, як манзили нимсохт дар Чимтеппа ва як худрави сабукрави тамғаи "Ҳюндай"-ро, ки ба номи ӯ будааст, мусодира ва давлатӣ кунад.
Мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307 прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён дошт.
Муаззама Қодирова, вакили дифои Ёров ва Маҳкамов ба даъвои айбдоркуннади давлатӣ изҳори норозиятӣ кард ва дар сухани охири худ аз додгоҳ хост, ки нисбати зерҳимояҳояш ба таври одилона ва мунсифона рафтор намояд. Вай гуфт, "Чӣ тавр мешавад, ки аз ду адвокат ё вакили саршинос ду экстремист месозанд?". Ҳол он ки, ба гуфтаи адвокат Қодирова, дар баррасии парванда саҳву хатоҳои зиёде вуҷуд дошт ва ба аъмоли зерҳимояҳояш "ба таври мунсифона расидагӣ нашуд". Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама Муаззамма Қодирова аз қозӣ хост, ки ҳангоми баровардани ҳукм аз адолат кор бигирад.
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳуқуқҳои 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд.
Рӯзи 29 сентябри соли 2015, Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Мақомоти тафтишотӣ Бузургмеҳр Ёровро дар моҳи декабри соли гузашта боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд.
Ёров ва Маҳкамов ба сиёсӣ будани парвандаҳои онҳо пофишорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки сабаби боздошт ва муттаҳам шудани онҳо талош барои ҳимоят аз аъзои ҲНИТ мебошад. Баъди кӯшиши табаддулоти давлатии 4 сентябри соли 2015 мақомот 13 узви раёсати ҲНИТро бо иттиҳоми маблағгузории ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода боздошт ва онҳоро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд. Худи ҳизб бо як қарори додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар як посухи худ ба талаби Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар моҳи августи имсол оид ба таъмини Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва писарони вакили дигари дифоъ Исҳоқ Табаров бо вакилон ва мудофеони ҳуқуқ посух дод ва гуфт, ки ин талабро мепазиранд. Айни замон онҳо таъкид карданд, ки ин нафарон на аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва касе бидуни асоси қонунӣ наметавонад боздошт ё ҳабс шавад.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия – ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон 4 май дар як гузориши муштарак аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки 4 вакили мудофеи боздоштшуда ва ду писари як вакили дигарро, ки низ дар боздошт қарор доранд, “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд. Дар гузориши ин ду созмон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” рӯзи 4 май нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст.