Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 468 хориҷӣ, аз ҷумла 6 тоҷик дар марзи Туркия бо Сурия


Марзи Туркия ва Сурия.
Марзи Туркия ва Сурия.

Манобеи низомии Туркия хабар додаанд, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар марзи ин кишвар бо Сурия 468 хориҷӣ, аз ҷумла 6 шаҳрванди Тоҷикистон, дастгир шудаанд.

Бино ба як гузориши вижаи вазорати дифои Туркия, ки хабаргузориҳо аз қавли манобеи низомӣ ба он истинод кардаанд, дар нимаи аввали сол, яъне дар моҳҳои январ - июн дар марзи ин кишвар бо Сурия дар маҷмӯъ 468 шаҳрванди хориҷӣ аз 36 кишвар, аз ҷумла 6 нафар аз Тоҷикистон, дастгир шудаанд. Бовар меравад, ки онҳо бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳҳои тундгарое, чун “Давлати исломӣ” роҳии Сурияи ҷангзада будаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Анкара аз шарҳи ин рақам худдорӣ карданд. Аммо Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 23 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, табодули маълумот дар бораи боздошти шаҳрвандони тоҷик дар марзи Туркия бо Сурия маъмулан миёни ниҳодҳои амниятии Туркияву Тоҷикистон сурат мегирад ва ҳанӯз маълумоти расмие аз ҷониби Туркия ба вазорати умури хориҷӣ нарасидааст.

Бино ба омори нашршуда дар хабаргузории туркии Аnadolu ва нашрияи Yenicag, аз 468 нафари дар нимаи аввали сол дар марзи Сурия боздошт шуда 241 нафараш аз Чин ва аксаран уйғурҳо буда, 56 нафари дигар аз Русия ва 30 тан аз сарзаминҳои фаластинӣ будаанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шумори аз ҳама бештари боздоштшудагон – 29 нафар – шаҳрвандони Туркманистон мебошанд. Ҳамчунин ҳангоми талоши убури марзи Туркия, бино ба ин манобеъ, 13 шаҳрванди Бритониё, 12 фаронсавӣ, 9 – табааи Арабистони Саудӣ, 7 нафар аз Афғонистон, 6 шаҳрванди Кореяи ҷанубӣ ва 5-нафарӣ аз Озарбойҷону Олмон ва Белгияву Ҳолланд ба даст афтодаанд.

Гуфта мешавад, ҳукумати Туркия гузориши муфассал дар бораи иқдомҳои анҷомшуда ҷиҳати пешгирӣ аз убури марзаш бо Сурия аз сӯи ҷангиёнро дар пайи ҳамлаҳои охир дар манотиқи марзӣ, ки мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар, аз ҷумла афсарони пулис шуд, талаб кардааст. Далели дигар ваъдаи Анкара барои тақвияти тадобир ҷиҳати пешгирӣ аз убуру мурури ҷангиён дар марзҳояш бо Сурияву Ироқ аст.

Рӯзи 23 июл масъалаи ҳамкории бештари Туркия дар амри мубориза бо “Давлати исломӣ” дар як гуфтугӯи телефонии раиси ин ҷумҳурӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама низ баррасӣ шуд. Эрдуғон дар ин гуфтугӯ ба истифодаи пойгоҳи Инчирлик барои анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи сангарҳои “Давлати исломӣ” ва таъмини парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ризоият дода, ваъда супурдааст, ки кишвараш барои пешгирӣ аз вуруди ҷангиёни оянда ба Сурия талоши бештар ба харҷ хоҳад дод.

Туркия, ки бо Сурия 877 километр ва бо Ироқ 331 километр марзи мустақим дошта ва, бино ба бароварди сомонаи Passport Index, бо 108 кишвари дунё, аз ҷумла бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ, низоми бидуни раводид дорад, як масири умдаи интиқоли ҷангиён аз саросари ҷаҳон ба Сурияву Ироқ ба шумор меравад.

Омори нирӯҳои мусаллаҳи Туркия дар бораи боздошти 468 хориҷӣ, бо шумули 6 шаҳрванди Тоҷикистон, дар марзи Туркия бо Сурия дар ҳоле нашр мешавад, ки қаблан дар бораи дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомоти Туркия боздошт шудани 45 ҷангии оянда дар роҳи сафар ба Сурия гузориш шуда буд. Бино ба гузориши расонаҳои Туркия, 21 нафар аз ин шумор рӯзи 10 июл дар Истамбул ва 25 тани дигар шоми 12 июл дар истгоҳи автобусҳои шаҳри Ғозиёнтеппа, дар наздикии марзи Сурия дастгир шудаанд.

Матбуоти Туркия аз қаавли манобеи худ дар пулиси зиддитеррори Ғозиёнтеппа аксари боздоштшудаҳо дар ин минтақаи марзиро шаҳрвандони Тоҷикистон номида буданд. Вале сафорати Тоҷикистон дар Анкара рӯзи 14 июл ин иддаоро рад кард ва гуфт, дар пайи эъзоми консули Тоҷикистон ба Ғозиёнтеппа ва таҳқиқи масъала “маълум шуд, ки аз 25 нафари боздоштшуда танҳо якеаш шаҳрванди Тоҷикистон будааст“ ва он ҳам гӯё ба хотири зиёрати маконҳои муқаддас ба ин минтақа рафтаву тасодуфан дастгир шудааст.

Туркия маъмулан афродеро, ки бо иттиҳоми талоши пайвастан ба созмонҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ дастгир мешаванд, аз тариқи идораи муҳоҷираташ ихроҷ мекунад. Аммо манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, шаҳрванди тоҷикистоние, ки ду ҳафта пеш дар Ғозиёнтеппа дастгир шуд, ҳанӯз аз Туркия ихроҷ нашудааст.

Пайвастани атбои Тоҷикистон ба сафи созмони ифротии “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав дар Ховари Миёна тақрибан як сол боз ба як мояи нигаронии ҷиддии мақомоти амниятии Душанбе табдил ёфтааст. Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, то имрӯз дар бораи кушта шудани то 100 шаҳрванди тоҷик дар Сурияву Ироқ гузориш шуда ва алайҳи 500 нафар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои Ховари Миёна ва кишварҳои дигар парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Омори боздошти 468 хориҷӣ дар марзи Туркия бо Сурия боиси ба чолиш кашидани низоми бидуни раводиди ин кишвар дар матбуоташ шудааст. Нашрияи Yenicag матлабаш дар ин бораро “Низоми бидуни раводид на сайёҳон, балки террористҳоро овард” ном гузошта, навиштааст, ҳукумат ба хотири ҷалби сайёҳони бештар визаи Туркияро барои кишварҳои зиёде лағв кард, вале дар натиҷа на ба сели сайёҳон, балки ба сели террористҳо рӯбарӯ шудааст. Ҷангиён ҳатто аз Африқову кишварҳои Ховари Миёна талош мекунанд, маҳз аз қаламрави Туркия худро ба Сурия бирасонанд.”

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии «Ал-Қоида» ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон, ки бо қатли омм ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ва пайравони динҳои дигару шохаҳои дигари дини Ислом ном баровардааст, иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи «хилофати воҳиди исломӣ»-ст.

Бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд ва алайҳи «Давлати исломӣ» таҳти раҳбарии Амрико як эътилофи низомӣ ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG