Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи беш аз 420 парвандаи "муздурӣ" алайҳи ҷангиёни тоҷик


Музаффар Юсуфӣ, корманди Додситонии кулл
Музаффар Юсуфӣ, корманди Додситонии кулл

​Масъулони Додситонии кулл ба муқобили шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қавли онҳо дар даргирии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ироқу Сурия ҳузур доранд, беш аз 420 парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи ҷангиёни тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ироқу Сурия, беш аз 420 парванда боз кардааст. Музаффар Юсуфӣ -- корманди Додситонии кулл дар як навори видеоӣ, ки бо номи "Доми анкабут" рӯзи 19 июл дар Ютуб нашр шуд, гуфт, ин парвандаҳо бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "муздурӣ" ё "зархаридӣ" ифтитоҳ шудааст.

Оқои Юсуфӣ мегӯяд, айни ҳол мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз шомил шудани сокинон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштирокашон дар ҷангҳои хориҷӣ тадобир андешидаанд ва аз ҷумла тавонистаанд, ки 12 нафарро аз Ироқу Сурия ба ватан баргардонанд. "Аз ин теъдод чор нафарашон зан ҳастанд," -- афзуд ин корманди Додситонии кулл.

Дар навори "Доми анкабут", ки зоҳиран аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳия шуда, баъдан ба Ютуб роҳ ёфтааст, аз бозгашти ду ҷавонзани тоҷик аз Туркия ҳам сӯҳбат мешавад. Муаллифони гузориш мегӯянд, Дилором Шарифзода (соҳиби ду фарзанд) ва Наргис Ортиқова тавассути шаҳрвандони Тоҷикистон -- Сулаймон Саидов ва Озод Саидӣ аввал ба Русия ва баъдан ба Туркия бурда шудаанд, то аз ин тариқ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” бипайванданд.

Мақомот мегӯянд, ин ду ҷавонзан бо Сулаймон Саидов ва Озод Саидӣ тариқи Интернет ошноӣ пайдо карда, ба ваъдаи онҳо барои никоҳ ва зиндагӣ дар Туркия "фирефта шудаанд".

Бино ба иттилои расмӣ беш аз сесад сокини аз 18 то 25-солаи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаждаҳ донишҷӯи тоҷик дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон барои ҷанг дар Ироқу Сурия рафта, то кунун хабари марги сад тани онҳо расидааст. Бархе аз ин сокинон зану фарзандони худро низ ба майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия бурдаанд.

Фаъолияти гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” ё собиқ “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом” дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъст ва аъзои он ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, гурӯҳе аз сокинон ба доми фиреб уфтода, аз нодонӣ ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва агар бо хоҳиши худ ба ватан оянд, аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Ин ваъдаро қаблан Додситонии вилояти Суғд низ дода буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз ҳаждаҳсолагии имзои Созишномаи сулҳ дар сӯҳбаташ бо донишҷӯён иллатҳои гароиши ҷавонон ба “Давлати исломӣ”-ро “дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли бисёр шудан” донист. Ӯ гуфт, “онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи эмиссарҳои хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд. Зеро фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби Ҳанафия хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Хусусан, мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурӯҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеч гоҳ фаромӯш намекунанд.”

Ин дар ҳолест, ки худи ҷангиёни тоҷик борҳо бо пахши наворҳои видеоӣ иштирокашон дар ҷангҳои Сурияву Ироқро “ҷиҳод” номидаанд. Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ду моҳи пеш эълон кард, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст, низ гуфт, ӯро ба ин кор бархӯрди маъмурони пулис бо намозгузорон ва занони ҳиҷобпӯш водор намудааст.

XS
SM
MD
LG