Дамир Ҳазрат Муҳиддинов, ноиби раиси Идораи мусулмонони Русия, 22-июл дар ҳошияи конфаронси байналмилалии “Ислом алайҳи терроризм ” дар Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, таблиғи ифротгароиро дар дохили масоҷиди Русия ғайримкон донист.
Оқои Муҳиддинов гуфт, феълан дар Русия 8 ҳазор масҷид вуҷуд дорад, ки комилан таҳти назоратанд. "Мо аз забони ашхоси расмии бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мешунавем, ки дар масҷидҳои Русия бахусус масҷиди ҷомеаи Маскав ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористиву тундгаро сурат мегирад. Мо қатъиян ба чунин масъалагузорӣ мухолиф ҳастем ва то андозае як навъе таҳқир ҳам дар нисбати рӯҳониёни ин кишвар меҳисобем"- гуфт ноиби муфтии Русия ва афзуд, ки ҷилавгирӣ аз таблиғгарони ифротӣ вазифаи мушаххаси мақомоти интизомӣ ва сохторҳои махсус аст ва онҳо бояд дар ин самт кор бубаранд.
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон дар чанд ҳолат дар бораи ҷалби муҳоҷирони тоҷик дар масҷидҳои Русия ба сафи "Давлати исломӣ" сӯҳбат кардаанд. Моҳи ноябри соли гузашта Акрам Амонов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ошкоро аз маҳалли “Роспект Мира”, макони калонтарин Масҷиди Маскав ёдовар шуд ва гуфт, ки ҷангиёнро аз онҷо ба Сурия мефиристанд.
Худойбердӣ Холиқназаров, раҳбари Маркази мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар 80 дарсади ҳолатҳо ҷавонони тоҷик маҳз дар Русия ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ мешаванд. Ба гуфтаи оқои Холиқназаров, “аз Тоҷикистон шояд даҳ дарсадро ҳам ташкил надиҳад, мисли он ки аз Русия мераванд. Онҳое, ки аз Афғонистон ворид мешаванд, агар хеле пинҳони ворид гарданд, зуд маълум мешаванд. Зеро ҳар нафаре ки аз ин кишвар ворид мешавад,
таҳти назорат аст ва агар ба таблиғот шурӯъ кунад, билофосила дастгир мегардад. Аммо эмиссарҳое, ки дар Русия ҳастанд, бо забони русӣ сӯҳбат мекунанд ва муҳоҷиронеро, ки бештар ақидатӣ ҳастанд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд.”
Ҷаноби Холиқназар маҳз ноогоҳии динӣ, фақру бекорӣ ва фасод дар ҷомеаро аз омилҳои асосие ном мебарад, ки боиси ҷалби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол Шайх Алӣ Муҳиддин ал-Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон, дар нишасти “Ислом алайҳи тунгароии мазҳабӣ ва тероризм” гуфт, ки ақидаҳои ифротӣ асосан дар фазои ноозод ё ғайридемократӣ ба вуҷуд меояд. Аз нигоҳи ӯ, барои ҷилавгирӣ аз ин раванд кишварҳоро мебояд пеш аз ҳама ба мушкилоти ҷавонон таваҷҷӯҳ кунанд ва фасоди молиро бартараф намоянд.
”Роҳи аз ҳама дурусти мубориза бо терроризм ин аз тариқи гуфтугӯ ва илм аст. Яъне муолиҷаи фикр бо фикр. Аммо аз ҳама пештар бояд сабабҳои терроризмро бартараф кард. Бояд андешаи ифротгароёнаро аз байн бурд, ки аслан чунин андешаро диктаторӣ ва зулм ба вуҷуд меорад",- гуфт Шайх Алӣ Муҳиддин ал-Қарадоғӣ
Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳам дар ҳамоиши Душанбе бори дигар аз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ва яке аз ҳадафҳои баргузории ин нишасти байналмилалиро дарёфти роҳҳои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро унвон карданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “фоҷеае, ки дирӯз дар Туркия рух дод, як бори дигар шаҳодат медиҳад, ки террорист забон, мазҳаб ва миллат надорад. Имрӯз аз ҳамаи кишварҳои мусулумонӣ намояндагон ҳузур доранд ва назари андешаҳояшонро дар робита ба нест кардани ин зуҳурот баррасӣ менамоянд. Мо умед дорем, ки он муроҷиатнома ва эъломияе, ки дар асоси ин ҳамоиш фардо қабул мешавад, як бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳам Тоҷикистон ва дигар кишварҳои исломӣ ба муқобили ифротгароии динӣ ҳаст, ки мехоҳанд оромии ҷомеаро халалдор созанд.”
Бо ин ҳама вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир нисбати 394 шаҳрванди тоҷик, ки дар амалиётҳои мусаллаҳона ширкат кардаанд, 370 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин 71 нафари дигар дар амалиётҳои мусаллаҳона кушта шудаанд.
Зимнан, Ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи “Ислом зидди ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм”, ки фардо низ дар Душанбе идома мекунад, беш аз 30 тан аз мақомот, шахсияти рӯҳонӣ ва коршиноси варзидаи минтақа ва ҷаҳон, аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Покистон, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро гирди ҳам овардааст, ки бо мубодилаи афкор зидди терроризму ифротгароӣ будани исломро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард.