Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзандони «ДИИШ» - тамоюли нави нигаронкунанда дар байни ҷангҷӯён


Писари Артем Андреевич, як ҷангии гурӯҳи "Давлати Исломӣ" аз Қазоқистон
Писари Артем Андреевич, як ҷангии гурӯҳи "Давлати Исломӣ" аз Қазоқистон

Тифли чашмкабуде дар ин акс бо хандаи тифлона ва беғашаш ба камера нигоҳ дорад ва аз доғҳои кунҷи лабонаш маълум аст, ки нав ғизо хӯрдааст.

Тифли чашмкабуде дар ин акс бо хандаи тифлона ва беғашаш ба камера нигоҳ дорад ва аз доғҳои кунҷи лабонаш маълум аст, ки нав ғизо хӯрдааст. Ҳар як падар метавонад бо чунин акси фарзандаш ифтихор кунад, вале падари ин тифл, узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст ва писарашро мисли худаш бо рамзҳои ин гурӯҳ оростааст. Артём, шаҳрванди Қазоқистон сарбанди сиёҳе мисли парчами сиёҳи "Давлати исломӣ"-ро ба сари писараш бастааст, ки дар он калимаи шаҳодат, яъне эътиқод ба Худои яккаву ягона навишта шудааст.

Артем ин аксро рӯзи 14-уми июл дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте нашр кард ва ӯ ягона ҷангҷӯи русзабони гурӯҳи “Давлати исломӣ” нест, ки аксҳои кӯдаконро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Ин тамоюли изтиробангез дар байни аъзои гурӯҳ аз Русия ва Осиёи Марказӣ ҳам дида мешавад ва ривоҷ меёбад. Таваллуди кӯдак аз ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” касеро ба ҳайрат намеорад, зеро бисёре аз онҳо дар Ироқу Сурия издивоҷ мекунанд.

Теъдоди дигаре мисли Артем бачаҳояшонро бо худашон ба он ҷойҳо бурдаанд. Акси ин тифлон, ба эътиқоди худи ҷангҷӯён собит мекунад, ки чӣ гуна падари онҳо “ҷиҳодиёни хуб” ҳастанд. Дар аксҳои шабеҳ, дигар ҷангҷӯён бо фарзандони худсол ва ё “ҷиҳодиёни оянда” акс гирифтаанд ва дар онҳо шумо “ҷанговарони кӯчакеро” мебинед, ки дар даст силоҳ ҳам доранд. Ин тамоюл бахусус дар байни ҷангҷӯён аз Қафқози шимолӣ ва аъзои гурӯҳи “Катибат-Ал-Ақсо” ривоҷ ёфтааст. Акси Мансур Шишонӣ, ҷанҷгҷӯи чечен бо писари худрдаш Асҳоб моҳи май бардошта шудааст.

Мансур Шишонӣ бо писараш
Мансур Шишонӣ бо писараш

Узви дигари «Катибат-Ал-Ақсо» Закариё Қурайш аксҳои ду кӯдаки хурдсолашро нашр кардааст ва зери он навиштааст, ки «Фарзандони ман дар Хилофат» ба воя мерасанд. Таври маълум онҳо манотиқи таҳти тасарруфи гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро Хилофат меноманд. На фақат аъзои оддии ин созмон бо нашри акси кӯдакон худнамоӣ мекунанд, балки пешвоёни онҳо низ ба мисли Нусрат Назаров, маъруф бо номи Абу Холиди Кулобӣ ин корро кардаанд. Абу Холиди Кулобӣ, ки бино ба гузоришҳо аввали моҳи июл дар Сурия кушта шуд, чанд моҳ пеш бо либоси гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба бар, бо як кӯдак акс гирифта ва нашр карда буд.

Дар акси дигар, Абу Умар Грозний, раҳбари гурӯҳи «Катибат-Ал-Ақсо» духтараки навзодеро дар даст дорад, ки ӯро дар матои низомӣ печонидаанд.

Кӯдакон як роҳи ҷалби аъзои нав

Ҷангҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» акси «Бачаҳои ДИИШ»-ро бо ҳадафи ҷалби аъзои нав нашр мекунанд. Нашри акси кӯдакон бо либосу сарбандҳои «ҷиҳодӣ» барои ҷалби онҳоест, ки майл доранд ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи ин гурӯҳи ифротгаро бипайванданд. Паёми ин аксҳо возеҳу рӯшан ва ваҳшатангез аст.

Яъне дар қаламравҳои таҳти тасарруфи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҳатто кӯдакон ба даст силоҳ гирифта бармехезанд, чунки назар ба онҳое, ки дар хона нишаста ва ба ҷанг наомадаанд, «далертар» ҳастанд. Муслим Дербентский, як ҷангҷӯи доғистонӣ, ки ба қавли худаш дар шаҳри Рамодии Ироқ меҷангад, бо нашри акси кӯдаки мусаллаҳ бо автомат дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте навиштааст, ки «Ҷавонмардон, шумо куҷоед, бархезед ва умматро наҷот диҳед.»

Ояндаи торик

Кудаконеро, ки дар ин акҳо мебинед, ояндаи ваҳшатноке интизор аст. Агар дар ҷангҳо кушта нашаванд ва ё ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро дар он минтақаҳо нобуд накунанд, ин кӯдакон аз овони хурдӣ фақат машқи низомӣ мегиранду мағзшӯӣ мешаванд. Аз ҷумла сарнавишти фарзанди хурди Артём ҳам маълум нест. Акси дигари шуморае аз кудакон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр ҳам шудааст, ки ягон нафарашон ҳатто 10 сол ҳам надоранд. Агар гурӯҳи «Давлати

исломӣ» -ро нобуд накунанд ва ин кӯдакон дар дасти аъзои ин гурӯҳ ба воя расанд, пас дар оянда «гургбачаҳои хилофат» мешаванд. Ин гурӯҳи ифротӣ то ҳол бачаҳои то 18-соларо ба ҷабҳаи аввали ҷанг мефиристад, ба онҳо дастур медиҳад, сар бибуранд ва ё аз онҳо террористони маргталаб месозад.

Агар ин кӯдакон то ба синни «гургбачаҳои хилофат» бирасанд ҳам, вале падаронашонро аз даст медиҳанд. Яке аз онҳо Мансур, ки акси худашу писари хурдсолаш Асҳобро бо туфангча нашр карда буд, моҳи май кушта шуд. Маълум нест бо писараш чӣ шудааст, вале ғолибан ӯ дар Сурия монда ва ба «моли хусусии» гурӯҳи «Давлати исломӣ» табдил ёфтааст, чунки занони бевамондаи аъзои ин созмон ҳақ доранд, танҳо баъди супурдани фарзандонашон ба дасти гурӯҳи «Давлати исломӣ» қаламравҳои таҳти назорати онҳоро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG