"Тоҷикисодиротбонк" -- яке аз бонкҳои бузурги хусусии Тоҷикистон умдатан ба моли давлат табдил ёфт. Танҳо каме беш аз панҷ дарсади саҳмияҳои ин бонк дар ихтиёри моликони қаблиаш боқӣ мондааст.
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамакнун беш аз 75 дарсади саҳмияҳои ин бонк ба моликияти давлат табдил шуд. Роҳбари Шӯрои нозирони бонк ҳамакнун Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва ноиби ӯ Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон аст. Худи Тоҷиддин Пирзода аз саҳмиядорон ва молики асосии собиқи ин бонк дар ин шӯро танҳо масъулияти бурдани протоколро ба ӯҳда дорад.
"Тоҷикисодиротбонк" умдатан ба моли давлат табдил ёфт ва дар ҳоли ҳозир танҳо каме беш аз панҷ дарсади саҳмияҳои ин бонк дар ихтиёри моликони қаблиаш боқӣ мондааст.
Ин дуввуми бонки бузурги тиҷоратӣ аст, ки давлат ба хотири наҷоти онҳо аз муфлисшавӣ, саҳмияҳои онро харидорӣ карда, бар ивазаш ба хазинаи онҳо пул ворез мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли гузашта, барои наҷоти ду бонки бузурги кишвар "Тоҷиксодиротбонк" 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ва ба "Агроинвестбонк" 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кард.
Ҳукумат дар соли 2013 низ пас аз бад шудани вазъияти молиявии "Агароинвестбонк" барои наҷоти он аз муфлисшавӣ 200 миллион сомонӣ маблағ дода буд. Бастаи асосии саҳмияҳои "Агроинвестбонк" ва ё ба ибораи дигар" ҷилави идории ин бонк низ дар ихтиёри давлат аст. Аммо коршиносон мегӯянд, ин бонкҳо дар ояндаи наздик ба гумон аст ба давлат суд биёранд ва бар иборае "дарди сари давлат" хоҳанд шуд.
Шӯҳрат Мирзоев, иқтисоддони тоҷик рӯзи 11-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои "Озодӣ" гуфт, таҷрибаи кӯмак ба "Агроинвестбонк" дар соли 2013 нишон дод, ки сармоягузорӣ кардани давлат бонкҳоро аз мушкил наҷот намедиҳад. Вай гуфт: "Аммо тавре таҷриба нишон дод, маблағҳое, ки ба "Агроинвестбонк" дода шуда буданд, самаранок истифода нашуданд. Ин бонк боз дубора ба ҳамон вазъият дучор шуд. Бинобар ин, сарбории ин бонкҳо ба будҷа боз ҳам зиёдтар мешавад”.
Дар оғози бӯҳрони бонкҳо, Бонки миллӣ ва дигар ниҳодҳои блоки иқтисодии Тоҷикистон талош карданд, ки бо ҷалби сармояи созмонҳои байналмилалӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёи рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, бонкҳои гирифтори буҳроншударо наҷот диҳад. Намояндагони “Тоҷиксодиротбонк” ва Бонки Аврупоии таҷдид ва Рушд борҳо дар ин робита мулоқот низ доштанд. Аммо ин гуфтумонҳо билохира натиҷае надод ва ҳукумат маҷбур шуд, бо нашри векселҳо ба қадри 500 миллион доллар, ин ду бонки бузургро наҷот диҳад.
Мирзоев мегӯяд: "Наҷоти бонкҳо аз ҳисоби давлат ин чораи ниҳоӣ аст. Чунки давлат имконияти дигар надошт. Агар ин ду бонк муфлис мешуданд, ин метавонист оқибатҳои сиёсиро ба орад. Чунки мардумони зиёде дар ин ҷо амонат доштанд. Дар масъалаи ҷалби сармоягузорони хориҷӣ бошад, дар ин вазъият ҳеҷ нафар аз сармоягузорни хориҷӣ ҳозир нест ба ин бахши пур аз риски бонкҳои Тоҷикистон, сармоягузорӣ кунад."
Мирзоев афзуд, созмонҳои байналмиллалӣ низ ҳозир нашуданд ба бонкҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, чунки ҳамагӣ мунтазири натиҷаи музокироти Тоҷикистон бо Сандуқи байналмиллалии пул буданд. Давлати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2015 ҷиҳати дарёфти 500 миллион доллар қарзи имтиёздор бо Сандуқи байналмиллалии пул вориди гуфтугӯ аст.
Аммо бинобар қабул нашудани чанде аз шартҳои Сандуқи байналмилалии пул аз сӯи ҳукумат ҷиҳати ошкор кардани бархе бандҳои хароҷоти будҷа, нашри аудити пурраи бонкҳо ва моликону судбардорони он, ин гуфтугӯ ҳанӯз натиҷае надодааст. Мирзоев мегӯяд, созмонҳои байналмилалии донор мунтазири натиҷаи ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи байналмиллали пул ҳастанд. "Ҳамин, ки ин созмон ба Тоҷикистон қарз дод, дигар созмонҳо низ ба додани қарз ва сармоя шурӯъ мекунанд. Чунки қарори СПБ барои созмонҳои дигар як навъ сигнал ва ё раҳнамо хоҳад буд",-гуфт ҷаноби Мирзоев.
То соли 2017 аксарияти саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” марбут ба ширкатҳое буданд, ки молики он Тоҷиддин Пирзода буд. Аз ҷумла 59 дарсади саҳмияҳои ин бонк ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Евразия”, 11,65 ба ширкати “Мелодиён”, 10,99 дарсад ба ширкати “Эҳсон”, 7,38 дарсад ба ҶДММ “Медиа Плюс” ва 1,11 фоизи боқимондааш ба ҶДММ “Восток” тааллуқ доштанд. Муассисони ҶСП “Евразия” – саҳҳомдори асосии “Тоҷиксодиротбонк”, бино ба маълумотҳои дарёфтӣ, раиси кунунии ин бонк Тоҷиддин Пирзода ва нафаре бо номи Забеҳулло Нуруллоев мебошанд.
Бино ба ҳисоботи молиявии бонк, сармояи умумии “Тоҷиксодиротбонк” дар поёни моҳи июни соли гузашта, 557 миллион сомонӣ ва ҷамъи дороиҳояш 3,7 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии амонатҳо 1,6 миллиард сомониро ташкил медод. Фоидаи софи бонк дар моҳи июни соли 2015 дар ин ҳисобот чизе бештар аз 6 миллион сомонӣ нишон дода шудааст, ки назар ба 20 миллиони соли 2014 беш аз 3 маротиба камтар аст.