Дафтари матбуоти "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи 16 август бо нашри як изҳорот суханони Абдулмӯъмин Оев, сардори Хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ ва сӯхтори ин бонк дар мавриди латукӯб шуданаш аз сӯи раҳбари муваққатии ин бонк Мирҳаёт Ёқубовро беасос донист. Дар ин изҳороти "Тоҷиксодиротбонк" гуфта мешавад, ки "аз ҷониби раҳбарияти нави нисбат ба Абдулмӯъмин Оев ҳеҷ гуна фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст."
Ин дар ҳолест, ки сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ ва сӯхтори "Тоҷиксодиротбонк" иддао кардааст, ки рӯзи 8-уми август аз тарафи раҳбари муваққатии ин бонк Мирҳаёт Ёқубов дар ҳузури кормандони дигар латукӯб шудааст. Абдулмӯъмин Оев, ки ҳоло дар беморхонае дар Душанбе бистар мебошад, гуфтааст, ки сабаби латукӯб шуданаш, дарёфт шудани дастгоҳи сабти пинҳонӣ ва ё "жучок" дар утоқи раиси муваққатии ин бонк Мирҳаёт Ёқубов будааст.
Дар изҳороти дафтари матбуоти "Тоҷиксодиротбонк" гуфта мешавад, ки Абдулмӯъмин Оев аз соли 2008 ба ин тараф дар мақоми сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ ва сӯхтор дар ин бонк кор мекунад ва масъули пешгирии сӯтор дар биноҳои ин бонк аст.
Аммо тибқи ин изҳороти "Тоҷиксодиротбонк", "муайян карда шуд, ки сенсорҳои зиддисухторӣ аз рӯи таъиноташон амалӣ нагашта, дар як чандтое аз онҳо камераи банаворгирӣ ва сабти овоз насб карда шуда, ба дигар мақсадҳои номаълум барои ба навор гирифтан ва гӯш кардани кормандон ва мизоҷони Бонк истифода карда шудаанд, ки ин амал хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад."
Изҳороти дафтаи матбуоти "Тоҷиксодиротбонк" мегӯяд, ки раҳбарияи муваққатии бонк ҳоло барои пешгирии ба гуфтаи онҳо "омилҳои ғайрқонунӣ" ва ба ҷавобгарӣ кашидани афроде, ки дар ин амал даст доштанд, ба мақомоти ҳифзи ҳукуқ муроҷиат менамоянд. Аммо Абдулмӯъмин Оев дар сӯҳбат ба хабаргузории "Озодагон" гуфтааст. ки насби таҷҳизоти сабти овоз ва навор ба вазифаи хизматии ӯ шомил намешавад.
“Тоҷиксодиротбонк” баъди “Агроинвестбонк” дувумин бонки бузурги Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағ дар раддабандии бонкҳои бузург аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” болотар меистод. Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ вазъи “Тоҷиксодиротбонк” якбора бад шуд ва муштариён ҳам натавонистанд, аз банкоматҳои он пул бигиранд.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи “Тоҷиксодиротбонк” мудирияти онро ба даст гирифт. Дафтари матбуоти бонк рӯзи 19-уми май хабар дод, ки ҳадаф аз ташкили мудирияти муваққатӣ дар ин бонки бузург, "ҳимояи манфиатҳои соҳибони пасандозҳо ва қарздеҳон гирифта шудааст."
Бонки миллӣ ба маъмурияти муваққатӣ дастур дод, ки "фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда", барои беҳтар кардани вазъи молиявии "Тоҷиксодиротбонк" чораҳои зарурӣ андешанд.
Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари гурӯҳ, ба ҷойи Тоҷиддин Пирзода мудирияти "Тоҷиксодиротбонк"-ро бар ӯҳда гирифт. Мирҳаёт Ёқубов ба тозагӣ муовини раиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ таъин шуда буд.