Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қазияи Тоҷиксодиротбонк бовари мардумро ба бонкҳо кам кард"


Маҳмуд Тошматов
Маҳмуд Тошматов

Бархе аз коршиносон мегӯянд, барои то соли 2025 ба гурӯҳи кишварҳои даромадашон миёна шомил шудан, Тоҷикистон ба 24 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ниёз дорад. Маҳмуд Тошматов, иқтисоддон ва муовини ректори Донишгоҳи технологӣ, гуфт, дар баробари ин, солона мизони рушди иқтисодӣ набояд аз 7,1 дарсад кам бошад.

Аз соли гузашта мушкилот дар фаъолияти ду бонки калонтарин – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" бовари мардумро ба низоми бонкӣ сахт коҳиш дод.

Роҳҳои то соли 2025 ба гурӯҳи кишварҳои даромадашон миён шомил шудани Тоҷикистон рӯзи 30 ноябор дар ҳамоише дар Душанбе низ баррасӣ шуд. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Маҳмуд Тошматов нахуст аз ӯ пурсидем, ки оё расидан ба чунин ҳадаф воқеист?

Маҳмуд Тошматов: “Чунин ҳадаф хеле воқеӣ мебошад. Мо дар пажӯҳиши худ иқтисоди кишварҳои ҳамсояро низ таҳқиқ кардем. Дар мавриди ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҳисоби ҳар сари аҳолӣ кишварҳои ҳамсоя ба монанди Қазоқистон, Чин ва ҳатто Туркманистон мушаххас кардем, ки онҳо нисбат ба Тоҷикистон дар ин замина аз 4,5 то 18,5 баробар бештар сармояи хориҷӣ ҷалб кардаанд. Дуруст аст, ки дар солҳои гузашта Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард. Аммо барои ҷалби сармояи бештар ба иқтисоди Тоҷикистон нерӯи барқ зарур аст. Фикр мекунам, ин мушкил то ду соли дигар, баъд аз фаъол кардани ду чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун ҳалли худро пайдо мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ таҳия ва қабул шудааст. Тибқи арзёбии созмонҳои молии байналмилалӣ, мо ҳатто дар ин замина аз кишварҳои дигар пешрафта ҳастем. Ба ин далел эҳтимоли ворид шудани Тоҷикистон то соли 2025 ба гурӯҳи кишварҳои даромадашон миёна воқеӣ мебошад.”

Озодӣ: Фикр мекунед, дар ин замина мушкилии дигаре нест? Масалан, фасодкорӣ...

Маҳмуд Тошматов: “Бале. Чунин мушкилот вуҷуд дорад. Ин мушкил бояд роҳи ҳалли худро пайдо кунад. Вагарна, мо дар ҳамин ҳолат боқӣ мемонем ва ба пешрафте ноил намешавем. Давлати Тоҷикистонро зарур аст шароити сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ва ҷаззобияти онро беҳтар кунад. Фикр мекунам, агар вазоратҳои блоки иқтисодӣ дар ин замина талоши бештар анҷом диҳанд, ҳалли ин мушкил имконпазир аст. Мушкили дигаре, ки вуҷуд дорад, ба саводнокии молиявии аҳолии Тоҷикистон марбут мебошад. Пештар низ изҳор доштаам, ки мардуми тоҷик пасандозҳои худро дар хона нигаҳ медоранд. Аммо, аз соли 2002 то соли 2015 мардум ба низоми бонкӣ эътимод пайдо карда, пасандозҳои худро ба муассисаҳои бонкӣ бурданд. Ва ин пасандозҳои мардум барои пешрафти иқтисодии солҳои ахир дар Тоҷикистон кумак кард. Аммо аз соли гузашта мушкилот дар фаъолияти ду бонки калонтарин – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бовари мардум ба низоми бонкиро сахт коҳиш дод. Ҳоло давлати Тоҷикистон ва масъулони ин бонкҳоро зарур аст зудтар дар ҳалли ин мушкилот иқдом кунанд. Вагарна, паёмадҳои ин амр ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҷалби сармояи ҳам дохиливу ва ҳам хориҷӣ сахт манфӣ хоҳад буд. Зеро низоми бонкӣ хуни иқтисод дониста мешавад. Бояд эътимоди мардум ба низоми бонкиро аз пештара дида бештар кард.

Озодӣ: Бовар доред, ки ин ду бонк аз вазъи пешомада метавонанд берун шаванд?

Маҳмуд Тошматов: “Ба бовари ман ин ду бонк метавонанд ин вазъиятро паси сар кунанд.”

XS
SM
MD
LG