Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офтоби беминнат барои панелҳои гарони офтобӣ. Бӯҳрони энержии Тоҷикистонро поёне ҳаст?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон тасмим дорад тавлиди барқ аз офтобро бештар кунад, вале огоҳони умур бар инанд, ки дар шароите, ки нархи панелҳои офтобӣ гарону аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, чунин кор ба осонӣ даст нахоҳад дод.

Ҳоло панелҳои нисбатан хурди офтобӣ дар кӯчаҳои Душанбе зиёдтар ба чашм мерасанд. Яке аз ҳадафҳои насби чунин дастгоҳҳо сарфаи нерӯи барқест, ки аз об тавлид мешавад.

Чунин панелҳо, ки назди чароғҳои раҳнамову равшанидиҳандаи канори роҳҳо насб шудаанд, нерӯи барқи онҳоро таъмин мекунанд.

Ҳабибулло Турманов, мутахассис оид ба барқ дар яке аз таваллудхонаҳои Душанбе ба Радиои Озодӣ аз натиҷаи кори панелҳои офтобӣ гуфт. Ӯ гуфт,

“Бо кӯмаки Ҷопон дар ҳамин таваллудхона чаҳор қатор панели офтобиро насб кардем. Ҳар чори он 40 киловатт барқ медиҳад, ки он ба трансформатор ёрдам мерасонад”.

Барои истеҳсоли энергия аз офтоб ва захираву интиқоли он танҳо панелҳо кофӣ набудааст. Турманов гуфт: Ин панелҳои офтобӣ таҷҳизоти асосӣ – аккумулятор надоранд. Агар он мебуд, дар вақти набудани барқ бештар ёрдам мерасонид,”-таъкид кард ӯ.

Тоҷикистон бештар аз 95 дарсади барқашро аз нерӯгоҳҳои обӣ мегирад. Ҳарчанд масъулони бахши энержӣ аз афзоши сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ хабар медиҳанд, вале ҳамасола дар тирамоҳу зимистон маҳдудияти барқ ҷорӣ мегардад , ки мақомот сабаби онро ба хушксолӣ рабт медиҳанд. Барқ аз офтоб дар чунин мавридҳо як манбаи дигари таъмини сокинон бо нирӯ арзёбӣ мешавад.

Тавлиди нерӯи барқ аз офтоб арзон набудааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Анвар Қодиров, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои навин дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, иқлими кишвар барои рушди энергияи офтобӣ мувофиқ аст.

“Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як сол 280 то 320 рӯзи офтобӣ аст, ки ин имконият медиҳад энергияи офтобӣ рушд ёбад. Иқтидори захираи офтобӣ дар кишвар зиёда аз 3 триллион киловатт-соат аст. Яъне ин беҳад иқтидори бузург аст», - гуфт Анвар Қодиров.

Вале барои рушди ин соҳа мушкилиҳои дигаре халал мерасонанд. Ӯ дар шарҳи ин назараш гуфт: “Аслан пеш аз ҳама барои сохтани он барои аҳолӣ каме мушкилот аст, чунки барои сохтани маркази барқдиҳии офтобӣ, фарз кардем барои як киловатт-барқ аз 2 то 4 ҳазор доллар сарф мешавад, ки ин на барои ҳар кас дастрас аст», - шарҳ дод Анвар Қодиров.

93 дарсади Тоҷикистон кӯҳсор аст ва ба қавли ҳамсӯҳбати мо, кам будани заминҳои ҳамвор барои ҷойгир намудани панелҳои бузурги офтобӣ аз мушкилиҳои дигар ба ҳисоб меравад.

Дар бозорҳои Тоҷикистон имкони харидани панелҳои офтобӣ вуҷуд дорад. Чунин дастгоҳҳо ҳамроҳ бо дигар таҷҳизоташон ба фуруш гузошта шудаанд. Арзиши онҳо вобаста ба ҳаҷму иқтидорашон будааст. Як панели офтобӣ ба ҳисоби миёнаи мутахассисон аз 250 то 400 ватт барқ истеҳсол мекунад. Маълум нест феълан чанд дарсади барқ аз ҳисоби кори чунин панелҳо ё нерӯгоҳҳои офтобӣ тавлид мешавад.

Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои молие мисли Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, як ширкати Имороти Муттаҳидаи Араб тарҳи бунёди чанд нерӯгоҳи офтобӣ ва бодиро амалӣ карданист.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло танҳо 1 нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 800 кВт дорои низоми захиракунандаи энергия (батареяҳо) бо тавоноии 1,2 МВт/соат дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон фаъол аст. Ба иттилои ин ниҳод, феълан барои бунёди тарҳи “Сохтмони нерӯгоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд” бо иқтидори 200 МВт ҳамкориҳо бо шарикони рушд идома дорад.

«Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар доираи консепсияи иқтисоди “сабз” имкон фароҳам меорад, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза дар кишвар зиёд гардад. Ва аз ҳама муҳим, вобастагиро аз як сарчашмаи истеҳсолӣ (аз гидроэнергетика дар шароити тағйирёбии иқлим) коҳиш хоҳад дод. Инчунин, оқибатҳои тағйирёбии иқлимро паст менамояд», -омадааст дар посухи Вазорати энергитика ва захираҳои об.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон бо назардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ нақша дорад то соли 2030 тавлиди онро аз ҳисоби нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ то 70 мегаватт бештар кунад. Вале бо ин ҳам маълум нест, лимит ба афсона табдил меёбад ё не.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG