Тағйироти ахир дар қонуни муҳоҷирати Русия як навъ ақибнишинӣ ва бозгашт ба ҳолати моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта арзёбӣ мешавад. Акнун муҳоҷирони корӣ дубора ҳуқуқ пайдо карданд, ки бо патентҳои соли 2014 баргарданд ва кори худро идома диҳанд.
Шаҳбоз Почобоев - муҳоҷири кории тоҷик дар Маскав барои дарёфти патенти нав маҷбур шуд ба марзи миёни Русияву Украина сафар кунад ва дар шиносномааш мӯҳри убури марзро бигирад. Вай танҳо бо чунин мӯҳр ҳаққи идомаи иқомат дар Русия ва ҳаққи дарёфти патенти навро пайдо мекард, чун патенти соли 2014-и вай бар асоси тағйирот дар қонунҳои муҳоҷиратии Русия аз моҳи январи соли 2015 ботил эълон шуд ва вай бояд то якуми март ҳуҷҷатҳояшро барои патенти нав ба хадамоти муҳоҷират месупурд. Шаҳбоз баъд аз саргардониҳои тақрибан думоҳа 15 рӯз пеш ин ҳуҷҷатҳоро таҳия кард ва ба хадамоти муҳоҷират супурд ва акнун “нафаси бароҳат” мекашид, ки соҳиби патенти нави соли 2015 мешавад.
Вале “нафаси бароҳат”-и вай ба як навъ пушаймонӣ табдил шуд. Як ҳафта пеш Русия қонуни муҳоҷираташро боз тағйир дод, вале ин бор ба нафъи муҳоҷирон. Яъне дуруст баъд аз ду моҳ Русия аз тағйироти воридкардааш ақибнишинӣ кард ва эълон дошт, ки патентҳои моҳои апрел - декабри соли 2014 дубора соҳиби эътибор мешаванд ва муҳоҷирони кишварҳои хориҷӣ бо патентҳои соли гузашта иқомати худ ва кори худро идома медиҳанд.
Ҳоло Шаҳбоз дар андеша аст, ки дар ин миён ба ҷуз аз сарсониву саргардонӣ ва рӯзҳоро шаб кардан дар навбатҳо барои гирифтани мӯҳру ҳуҷҷатҳои дигар чӣ миқдор пули худро аз даст додааст ва ба кори худ нарафтааст?
Шаҳбоз рӯзи 11 март ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аввали сол қонунҳои Русия нав шуд, ман ба сарҳади Украина рафтам ва 7 ҳазор рубл сарф кардам. Гашта омадам ва боз 16 ҳазор рубли дигар барои патенти нав супурдам, 14 ҳазор барои патент ва 2 ҳазор барои сабти ном дар ҷои иқомат. Ғайр аз ин барои муоинаи тиббӣ пул додам. Дар маҷмӯъ 25 ҳазор рубли русӣ сарф кардам.”
Ҳамаи ин дар ҳолест ки Шаҳбоз бо патенти моҳи ноябри соли гузашта метавонист корашро идома диҳад, вале вай ва мисли вай ҳазорон нафари дигар ба марзи Русияву Украина рафта омадаанд, то патенти нави соли 2015-ро бигиранд. Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад ва тахмин меравад, ки то 200 000 нафари онҳо дар моҳҳои январу феврал дар масъали патент дучори мушкил шуда ва аксари онҳо ба эҳтимоли зиёд мисли Шаҳбоз хеле саргардониро пушти сар гузоштаву пули зиёде ҳам сарф кардаанд.
Ҳоло Шаҳбоз мегӯяд, ки ин харҷи вай беҳуда будааст ва касе пешгӯӣ карда наметавонист, ки Русия бори дигар қонуни худро тағйир медиҳад. Ба ҳисобҳои тақрибӣ, дар натиҷаи ин саргардониҳои моҳҳои январу феврал муҳоҷирони тоҷик дар Русия то 80 миллион доллари худро аз даст додаанд. Пуле ки агар ин саргардониҳо намешуд, шояд ба Тоҷикистон мерафт ва ягон гӯшаи рӯзгори хонаводаҳои ин муҳоҷиронро буд мекард.
Маъмулан дар кишварҳои муттамаддин чунин тағйирот дар қонунҳо ё тасмимҳо дар тарозу гузошта мешавад ва агар шаҳрванд ё коргар манфиати худро аз даст дод, аз роҳе онро ҷуброн мекунанд. Вале дар Русия чӣ тавр, дар ҳоле ки муҳоҷир дар чаҳорчӯбаи қонуни эълоншуда рафтор кардааст?
Муҳаммади Эгамзод - намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин харҷи беҳудаи муҳоҷиронро муттаассифона дар Русия касе ҷуброн нахоҳад кард: “Фикр намекунам, ки ин хароҷот ҷуброн шавад, зеро муттаассифона дар доираи тасмимоти Русия дар мавриди муҳоҷират мо мебинем, ки як шеваи аҷала ва тез-тез дигар кардани қонунҳо ба назар мерасад. Ба фикри ман, ин ҷавобгӯи манфиатҳои на Русия ва на дигар кишварҳоест, ки шаҳрвандонашон барои кор ба ин кишвар муҳоҷир мешаванд”.
Бо вуҷуди ин, Хусрав Аюбов - коршиноси умури муҳоҷират дар Маскав мегӯяд, то ҳол садҳо ҳазор нафари дигар аз муҳоҷирони тоҷик барои патенти нав ҳуҷҷатҳои худро омода накардаанд ва ақибнишинии Русия аз тағйироти воридкардааш ба нафъи онҳост ва ҳади ақал ба муҳоҷирони боқимонда сабукӣ меорад: “Муҳоҷирони тоҷик аз тағйироти моҳи январ хеле азоб кашиданд. Вақти пешбинишуда ба охир мерасид, онҳо намедонистанд, ки чӣ кор кунанд. На ҳар кадоми онҳо шароит доштанд, ки сарҳадро убур карда, барои патенти нав ҳуҷҷатҳои нав таҳия кунанд. Акнун ақибнишинии Русия мушкили муҳоҷиронро осон мекунад, зеро онҳо кори худро бо патенти “кӯҳна” идома медиҳанд.”
Ҳоло бо ин кор Русия ба асли худ ё мавзеъгирии охири соли гузашта баргашт. Муҳоҷироне ки соли 2014 патент гирифта буданд, осуда шуданд. Вале мӯҳлати ин патентҳо тадриҷан дар соли 2015 ба поён мерасад ва онҳо бояд тамдид ё нав шаванд.
Ба ин далел, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар берун аз Маскав дар шаҳраки Сахарово як Маркази вижаи муҳоҷират боз кардааст, ки гуфта мешавад, ба сурати шабонарӯзӣ кор мекунад ва муҳоҷирон метавоннад дар инҷо тамоми асноди лозим барои кору иқомати худ дар Русияро таҳия кунанд. Вале муҳоҷироне ки аз хидмати ин марказ истифода бурдаанд, мегӯянд, дар Сахарово барои ҳар ҳуҷҷат бояд алоҳида ва соатҳо навбат поид ва он ҳам бидуни замонате ки оё аз имтиҳони забони русӣ – як шарти гузоштаи ҳукумати Русия барои тамоми муҳоҷирони корӣ – мегузарӣ ё не?