Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Маскав Лаззат Токирбошова ахиран аз як маркази вижа барои муҳоҷирон (Многофункциональный миграционный центр) дар 50-километрии пойтахти Русия боздид кард. Муҳоҷир дар ин марказ метавонад тақрибан ҳамаи асноди лозим барои оғози кору иқоматаш дар Русия, аз ҷумла ҳатто патентро омода кунад.
Маркази нави муҳоҷирон дар наздикии рустои Сахаровои ҳавзаи Троитск, дар 50-километрии Маскав ҷойгир шудааст. То ин марказ метавон аз истгоҳи метрои “Аннино” бо як автобуси махсус дар ивази ҳамагӣ 150 рубл расид. Автобусҳо дар ин хаттсайр ҳар 20 дақиқа аз соати 6-30-и субҳ ҳаракат мекунанд. Роҳ то ин марказ аз Маскав тақрибан якуним соатро дар бар мегирад.
Лаззат Токирбошова мегӯяд, “ин марказ шаҳракест иборат аз 5 бино (корпус). Дар дохилаш маъмурони пулис бо силоҳу сагҳо мегарданд, саддҳои зиёд аз сӯи пулис гузошта шудаанд. Маркази муҳоҷирон зоҳиран бештар ба як қисми низомӣ шабоҳат дорад, то ба маркази хидмат ба муҳорҷирон.”
Ба ҳар муҳоҷир баробари расидан рӯйхати асноди барояш лозим дода мешавад. Ба хотири аҳамияташ барои муҳоҷирони тоҷик мо ин рӯйхатро бо забони аслаш, яъне ба русӣ меорем:
1. Цветное фото ¾ (2 штуки, матовые).
2. Паспорт.
3. Миграционная карта.
4. Нотариальный перевод паспорта (в одном из шатров).
5. Сертификат о прохождении тестирования (в одном из шатров).
6. Врачебное свидетельство о состоянии здоровья (в одном из шатров).
7. Сертификат об отсутствии ВИЧ (в одном из шатров).
8. Полис ДМС (в одном из шатров).
9. Документ постановки на миграционный учет.
Гуфта мешавад, Маркази кӯмак ба муҳоҷирон дар Сахарово дар як рӯз метавонад то 2000 нафарро хидмат бирасонад. Танҳо дар дувуним ҳафтаи аввали кораш 2 192 муҳоҷири хориҷӣ аз хидматҳои ин Марказ баҳра бурда, дар инҷо 11 700 санади худро омода кардаанд. Аз 28 январ ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба додани патентҳои нав ба муштариёни ин марказ низ шурӯъ кардааст.
Аммо як мушкили умдаи муҳоҷирон дар ин марказ навбатҳои тӯлонӣ барои дарёфти ин ё он санади лозим ва бахусус барои супурдани имтиҳон аз забони русиву таъриху фарҳанги Русия мебошад. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, соати 12-00 ба ин ҷо расида, дар навбати 30-метрие истод, ки беш аз 400 нафарро фаро мегирифт. Аммо ба фарқ аз Маскав, ки супурдани имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон 4 900 рубл (муодили 70 доллар боқурби имрӯза) «нарх» кардаанд, дар Сахарово чунин имтиҳон ҳамагӣ … 500 рубл, яъне 10 маротиба арзонтар ва баробари ҳамагӣ 7 доллари амрикоист.
Ба далели арзонии хидматҳояш муҳоҷирон талош мекунанд асноди худро ҳаминҷо дуруст кунанд. Вале бисёриҳо аз навбатҳои дарози ин Марказ ноумед шуда, пас мегарданд.
Хабарнигори Озодӣ мегӯяд: «Бисёрии онҳое ки нисфирӯзӣ ҳамроҳи ман омаданд, пас рафтанд. Мардум дар инҷо аз соати панҷи субҳ навбат мегирад. Онҳое, ки дер меоянд, ягон шонси ҳатто гирифтани талон барои супурдани имтиҳони забони русиро надоранд. Аммо бе супурдани ин имтиҳон муҳоҷир наметавонад аз ташхиси тиббӣ – марҳалаи баъдии таҳияи ҳуҷҷатҳояш – гузарад. Баъди гирифтани талон бояд ба бинои дуюм рафт ва онҷо пул доду имтиҳон супурд. Агар муҳоҷир дар имтиҳон ноком шавад, метавонад фардояш аз нав талон бигирад ва аз нав барои супурдани имтиҳон талош кунад.»
Муҳоҷири қирғиз Жанболот Жээнбеков мегӯяд, инак бори сеюм аст, ки ба ин Марказ меояд: «Ин бори сеюм аст. Пеш аз ман дар навбат беш аз 300 нафар истодаанд. Вале ман то охир хоҳам истод. Агар имрӯз нашуд, фардо меоям. Имрӯз хеле барвақт омадам, вале боз ҳам натавонистам ҳама санадҳоямро бигирам. Маҷбурам, аз ҷои кор ҷавоб гирам ҳар рӯз. Илоҷи дигар нест. Имтиҳони забони русиро супурдам. Саволҳои осон омад. Ман маълумоти олӣ дорам ва аз ин рӯ, супурдани имтиҳон бароям мушкил надошт. Аз ташхиси тиббӣ ҳам гузаштам. Бояд акнун полиси суғурта бигирам ва пули патентро бисупорам. Дар маҷмӯъ барои омода кардани ин ҳуҷҷатҳо қариб 15 000 рубл (беш аз 200 доллар) сарф кардам. Шукр, ки ман ҷои кор дорам.»
Баъди супурдани имтиҳони забони русӣ муҳоҷирон ба бино(корпус)-и сеюм рафта, аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Натиҷаҳои ташхисро бояд 3 рӯз мунтахир шуд. Агар муҳоҷир аз имтиҳон ва аз ташхис бомуваффақият гузарад, метавонад дар ҳаминҷо суғуртаи тиббиашро ҳам дуруст кунад. Баъди ин бояд аз нав пул супурда, барои додани санадҳояш ба хотири гирифтани патент навбат биистад.
Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, муҳоҷирон дар ҳар як аз ин марҳалаҳо маҷбуранд дар навбатҳои тӯлонӣ чандин соати худро сарф кунанд. Болои ин, бисёри муҳоҷирон ҳатто наамедонанд, ки аввал дар кадом навбат биистанд ва барои гирифтани патент ва пурра қонунӣ кардани ҳузури худ дар Русия кадом санадҳо барояш лозиманд? Лаззат Токирбошова мегӯяд: «Вақте ман соати 15-00 аз Маркази Сахарово рафтам, бори дигар ба бинои аввал, ки муҳоҷирон барои талони имтиҳони забони русӣ навбат истода буданд, назар афкандам. Дар ин 3 соат, навбати имтиҳон ҳамагӣ ягон 10 метр пеш рафта буд.»
Руслан Эшимов, намояндаи як ҷамъияти қирғизҳои Маскав мегӯяд, дар ин марказ муҳоҷиронро ба ҷои ёрӣ, бештар азоб медиҳанд, чунки муҳоҷирон маҷбуранд барои гирифтани ҳар ҳуҷҷат соатҳо навбат бипоянд: «Дирӯз дар навбат барои имтиҳони забони русӣ 426 нафар истода буд. Дигаронро ҳатто роҳ надоданд.»
Дар сомонаи Маркази кумак ба муҳоҷирон гуфта мешавад, ки дар соли 2015 сохтмони биноҳои нави он ба анҷом мерасад ва ин ниҳод метавонад ҳар рӯз ба 5000 муҳоҷири хориҷӣ хидмат бирасонад. Маркази Сахарово 5 рӯзи кории ҳафта аз соати 8.00 то 20.00 кор мекунад.
Русия аз 1 январи соли 2015 бо фаъол кардани тарҳи Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё дар роҳи вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла барои муҳоҷирони тоҷик, як силсила мониаҳои нав эҷод кард. Ин муҳоҷирон бояд аз ин ба баъд ҳатман аз забони русӣ ва таъриху фарҳанги Русия имтиҳон бисупоранд, аз ташхиси тиббӣ гузаранд, суғуртаи тиббӣ бигиранд, ва танҳо баъди ин ба умеди дарёфти патент шаванд. Ин мониагузориҳо боис шудааст, ки бисёре аз муҳоҷирон имсол дар мавриди рафтан ба Русия дудила шудаанд.
Ҳар сол аз Тоҷикистон аз 1 то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кораш барои таъмини хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Дар соли 2013 аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон 4,1 миллиард доллар ворид шуда буд. Дар соли 2014 ба далели пойин рафтани қурби рубл ва дигар мушкилоти иқтисодие, ки Русия гирифтор шудааст, ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон хеле коҳиш ёфт, вале як омори дақиқе дар ин бора то ҳол нашр нашудааст.