Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон: "Сиёсати мо ҳимоят аз тағйири мусолиматомези режими Эрон аст"


Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки сиёсати Иёлоти Муттаҳида, интиқоли мусолиматомези қудрат дар Эрон аст. Вазири умури хориҷии Амрико, ки рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми июн дар кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони он кишвар дар бораи будҷа ва сиёсатҳои вазоратхонааш суханронӣ мекард, изҳор дошт, пас аз мутолиаи БАРҶОМ (Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак), созиши ҳастаӣ бо Эронро "тавофуқе заъиф" ёфтааст.

Вазири умури хориҷии Эрон дар посухи як сенатори ҷумҳурихоҳ, ки дар бораи тағйири режими Эрон ва қарор додани Сипоҳи посдорони инқилоб дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ суол карда буд, гуфт, "сиёсати хориҷии Амрико дар мавриди Эрон дар ҳоли шаклгирӣ аст ва ҳанӯз ба раиси ҷумҳур ироа нашудааст."

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки сиёсати Иёлоти Муттаҳида, интиқоли мусолиматомези қудрат дар Эрон аст.

Вай ҳамзамон Эронро омили "бесуботӣ" дар минтақа донист ва гуфт, ки "Амрико алайҳи бартарихоҳии Эрон иқдом кардааст. Вазири умури хориҷии Амрико ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи афроди эрониро ҷузъе аз ҳамин талошҳо донистаст. Оқои Тиллерсон таъкид кардааст, ки вазорати умури хориҷии он кишвар ҳамчунин дар ҳоли баррасии паёмадҳои дипломатӣ ва байналмилалии қарор додани тамомии Сипоҳи посдорон дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ аст.

Вай афзуд, "сиёсати мо дар мавриди Эрон ин аст, ки бартарихоҳии Эронро ақиб биронем. Аз тавлиди аслиҳаи атомӣ пешгирӣ кунем ва аз унсурҳое дар дохили Эрон ҳимоят кунем, ки боиси интиқоли мусолиматомези ҳукумат мешавад. Ва албатта ҳамон тавр, ки медонем, он унсурҳо ҳузур доранд."

Вазири умури хориҷии Эрон ишорае ба ин аносир ё гурӯҳҳо накард ва ҳамзамон гуфт, ки барномае барои мулоқот бо эрониҳо надорад. Вай ҳамчунин гуфт, ки вазорати умури хориҷии Амрико ҳама талошҳоро барои озодии зиндониёни амрикоӣ дар Эрон, хоҳад кард.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико қаблан гуфта буд, ки ҳукумати Эрон ҳамаи минтақаро дар хатар андохтааст. Вай таъкид карда буд, ки Эрон таҳдиде барои сулҳ ва субот дар Ховари Миёна аст. Ин дар ҳоле аст, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико бо дурӣ ҷустан аз сиёсати "тағйири режим", дар якҷоягӣ бо қудратҳои дигари ҷаҳонӣ тавонист дар ниҳоят ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, даст ёбад.

XS
SM
MD
LG