Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушаки дурбурди Эрон куҷоро ҳадаф қарор хоҳад дод?


Эрон мушаки нави дурбурди "Эмод"-и худро озмоиш дод ва ҳазорон нафар сарбозонаш ба қаламрави Сурия даромадаанд, то дар ҷангҳои дохилӣ аз Башор Асад ҳимоят кунанд.

Эрон рӯзи якшанбеи 11 октябр мушаки нави болдор ва дурбурдро, ки "Эмод" ном гирифтааст бо ифтихор ба намоиш гузошт. Амир Алӣ Ҳоҷизода-фармондеҳи нируҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, мушакҳои дурпарвози Эрон дар умқи 500 метр дар зери замин дар кӯҳҳои баланд ва дар бурдҳои гуногун “рӯи партобгар омодаи партоб ва дастҳо рӯи моша аст”.

Эрон мушакҳои зеризаминиашро намоиш дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00

Ҳадафи фармондеҳи нируҳои ҳавоӣ ҳамон мушакҳои дурбурди нави Эрон бо номи “Эмод” аст, ки ахиран Теҳрон онро озмоиш дод ва ин мушак аз навъи мушакҳои “замин ба замин” мебошад. Ҳусейн Деҳқон-вазири дифои Эрон иддао кардааст, ки мушаки “Эмод” қодир аст “ҳадафҳои мавриди назарро ба таври комил нобуд кунад”.

Ҳусейн Деҳқон гуфтааст, ки тамоми марҳилаҳои тарроҳӣ ва сохти ин мушак бар уҳдаи худи донишмандону коршиносони эронӣ будааст ва аз ин рӯ мушаки “Эмод” нахустин мушаки дурбурди Эрон аст, ки то лаҳзаи расидан ба ҳадаф контрол ва ҳидоят мешавад.

Аммо Кохи Сафеди Амрико гуфтааст, ки масъалаи озмоиши мушакии Эронро барои баррасӣ ба СММ хоҳад фиристод. Саманта Павер, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба созишномаи ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон мегӯяд, яке аз вижагиҳои муҳими созишнома асосан иҷрои қатъномаҳои мавҷуда аст. Чанд рӯз пас аз созиши шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон Шӯрои Амнияти СММ қатъномаеро содир кард, ки бар асоси он Эрон дигар ҳақ надорад мушакҳои ҳомили кулоҳакҳои ҳастаӣ бисозад. Ба суоле дар ин бора, ки оё озмоиши мушакии Эрон ба иҷрои созишномаи ҳастаӣ бо Эрон таъсир хоҳад дошт, хонум Павер гуфт, “бояд сабр кард ва дид, ки чӣ пеш меояд”.

Фаронса низ озмоиши мушаки дурбурди “Эмод”-и Эронро нақзи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ номид.

Ҳусейн Деҳқон, вазири дифои Эрон
Ҳусейн Деҳқон, вазири дифои Эрон

Аммо вазири дифои Эрон мегӯяд, ки кишвараш барои афзоиши қудрати дифоӣ ва тавони мушакии худ аз ҳеҷ кас иҷозат намегирад ва барномаҳои мушакии худро бо қотеият дунбол мекунад. Гузашта аз ин , Эрон иддао дорад, ки аз соли оянда насли нав ва пешрафтаи мушакҳои дурбурд хоҳад сохт, ки онҳо бо сӯхти моеъ ва ҷомид ё сахт парвоз хоҳанд кард ва ҷои мушакҳои кунуниро хоҳанд гирифт.

Нируҳои ҳавоии Сипоҳи Посдорони Эрон бори аввал ба наворбардорони дохилӣ иҷозат доданд, ки дар кӯҳистоне аз як пойгоҳи мушакӣ, яъне аз як нақби 5 бар 5 метр филмбардорӣ кунанд ва онро аз телевизион нишон диҳанд. Дар ин нақб мушакҳои зиёди “Қадр” ба назар мерасид. Бино ба ин гузориш, мушаки “Қадр” сохти пешрафтаи “Шиҳоб 2” ва “Шиҳоб 3” аст, ки бо сӯхти моеъ метавонад 1650 километр парвоз кунад. Эрон иддао дорад, ки ҳадафи ин мушакҳо ҳимоят аз ҳар шаҳру устони Эрон аст ва ёдоварӣ накардааст, ки оё барои нобудии ҳадафҳое дар хориҷ низ истифода хоҳанд шуд ё хайр.

Моҷарои мушкаии Эрон дар арсаи байналмиллалӣ дар ҳоле оғоз шудааст ва ба эҳтимоли зиёд барои баррасӣ ба Шӯрои Амнияти СММ хоҳад рафт, ки ҳазорон нафар сарбозони Эрон вориди хоки Сурия шудаанд. Онҳо бо тундравҳои Ҳизбуллоҳ ва бо ҳимояти ҳамлаҳои ҳавоии Русия барои ҳуҷум ба шаҳри Ҳалаби Сурия омодагӣ мегиранд.Рӯзномаи лубнонии “”Ал Ахбор”, ки ба Ҳизбуллоҳи Лубнон наздик аст, аз ташкили эътилофи нав бо ширкати давлати Башор Асад, Эрон, Русия ва Ҳизбуллоҳи Лубнон хабар додааст ва навиштаааст, ки ин эътилоф барои ҳамла ба шаҳри Ҳалаб омодагӣ мегирад. Ҳалаб пеш аз ҷанги дохилӣ пурнуфустарин шаҳри Сурия буд. Ҳоло манотиқи шарқии он дар дасти ҷонибдорони давлати Башор Асад аст.

Баъзе расонаҳои арабӣ аз ҳузури Қосим Сулаймонӣ-фармондеҳи сипоҳи Қудс, яъне шохаи бурунмарзии Сипоҳи Посдорони Эрон дар Сурия низ хабар додаанд.

Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил аз наздик омадани сарбозони Эрон ба марзҳои кишвараш бо Сурия хабар додааст. Ду мақоми минтақаӣ, ки аз онҳо ном бурда намешавад, ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, “дигар ин амр пинҳон нест, ки ҳазорон эронӣ акнун дар Сурия ҳастанд ва нақши онҳо бунёдин ё доимӣ аст”.

Вале ба эҳтимоли зиёд сухани ахирро дар ин муомила Шӯрои Амнияти СММ ва эътилофи Ғарб хоҳанд гуфт.

XS
SM
MD
LG