Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи душвори Boeing то ҳарими ҳавоии Эрон


Маҷлиси намояндагони ИМА тарҳи қонуни таваққуф дар фурӯши ҳавопаймоҳои мусофирбари ширкати Boeing ба Эронро баррасӣ мекунад.

Аз нигоҳи коршиносон, созиши Boeing бо Эрон метавонад бузургтарин муомила миёни Вошингтону Теҳрон баъд аз инқилоби исломӣ дар соли 1979 шавад.

Дар баҳсҳо дар Маҷлиси намояндагон созиши ҳастаӣ миёни маъмурияти раисиҷумҳур Барак Обама ва Эрон ва он мавзӯъ, ки "чӣ гуна Обама дарро барои фурӯши ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба рӯи бузургтарин кишвари ҳомиии терроризм боз кардааст", баррасӣ хоҳад шуд, мегӯяд Билл Ҳуизенга, яке аз масъулини кумитаи хадамоти молиявии Маҷлиси намояндагони Амрико, ҷумҳурихоҳ аз аёлати Мичиган. Ӯ аз он изҳори шигифтӣ кард, ки маъмурияти Барак Обама ба ширкатҳои амрикоӣ барои ҳамдастӣ дар таҷҳизи режими Эрон иҷоза додааст.

Як корманди дафтари Маҷлиси намояндагони ИМА изҳор намуд, ки ҷумҳурихоҳон дар Конгресси Амрико алайҳи имзои созиши ҳастӣ бо Эрон эътироз карда буданд, аз ин рӯ, шояд қонун дар бораи таваққуфи фурӯши ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба Эрон пазируфта шавад – айни ҳол бештари курсиҳои Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрикоро ҷумҳурихоҳон ишғол кардаанд.

Аммо демократҳо эълон доштанд, ки ба қабули ин қонун мухолифат хоҳанд кард. Зимнан, агар тарҳи қонун аз сӯи Маҷлиси намояндаон пазируфта ҳам шавад, Барак Обама метавонад ба он вето гузорад.

Аз ин пеш хабар дода шуда буд, ки баъд аз лағи таҳримҳои байнулмилалӣ дар робита ба барномаи ҳастаии Теҳрон ширкати амрикоӣ Boeing ва ҳукумати Эрон дар мавриди фурӯшу иҷораи 110 ҳавопаймои ин ширкат ба маблағи тақрибан 6 миллиард доллар ба созиш расидаанд.

Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон баъд аз он лағв шуданд, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар нишасташ дар шаҳри Вена рӯзи 16 январ аз сӯи Теҳрон иҷро шудани ҳама ӯҳдадориҳояш оид ба созиши ҳастаиро тасдиқ намуд. Тақрибан ним сол пеш аз ин нишаст Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) баъд аз музокироти тулонӣ ба тавофуқ расида буданд, ки Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

Аммо аз манъи фурӯши ҳавопаймоҳои Boeing ба Эрон кӣ бештар осеб хоҳад дид – Теҳрон ё худи ин ширкати амрикоӣ?

Фаридуни Хованд
Фаридуни Хованд

Фаридуни Хованд, таҳлилгари иқтисодии муқими шаҳри Париж, мегӯяд, ки “дар сурати қабули қонун аз сӯи Маҷлиси намояндагони Амрико, бидуни шубҳа, мушкили бузург барои Boeing пеш хоҳад омад, чун "ин ширкат дар рақобат бо рақиби аврупоияш Airbus ақиб меуфтад, зеро Эрон тақрибан 118 ҳавопаймои ин ширкати фаронсавиро супориш додааст”. Ва агар Эрон натавонад ҳавопаймоҳои амрикоиро дарёфт кунад, бақияи ҳавопаймоҳояшро ҳам аз Airbus харидорӣ хоҳад кард, меафзояд ӯ.

Ҳамзамон мусоҳиби мо имкони аз сӯи Теҳрон харидани ҳавопаймоҳои русиро рад кард ва гуфт, ки “ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ барои харидани тайёраҳои тавлиди Русия алоқае надорад, зеро ин ҳавопавймоҳо аз назари афкори умум дар Эрон шӯҳрати хубе надоранд”.Аӯ нигоҳи ӯ, воридоти ҳавопаймоҳои русӣ ба Эрон фақат дар ҳоли фишор аз сӯи мақоми олӣ ва муҳофизакорон ва ноилоҷ мондани ҳукумат мумкин аст, меафзояд ӯ.

Фаридуни Хованд мегӯяд, ки айни ҳол вазъи парки ҳавопаймоҳои Эрон воқеъан ҳам хело бад аст. “То ҷое, ки ман медонам, аз тақрибан 250 ҳавопаймо фақат 114-тояш қобили истифодаанд ва умри миёнаи онҳо ҳам 22-23 сол аст”.

Таҳлилгар меафзояд, ҳадафи ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ – эҳёи нуфузи пешинаи ширкати ҳавопаймоии миллии Эрон мавсум ба “Ҳумо” аст, ки замоне аз маъруфтарин ширкатҳои ҳавопаймоии Осиё маҳсуб мешуд.

XS
SM
MD
LG