Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон: "Бӯҳрони Қатар ба зудӣ ҳалл намешавад"


Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбеи 19-уми октябр гуфтааст, ки чаҳор кишвари арабӣ - Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб тамоюле барои ҳалли бӯҳрон бо Қатар надоранд. Вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки интизор надорад ин қазия дар ояндаи наздик ҳаллу фасл шавад.

Оқои Тиллерсон аз ҷумла гуфтааст, "ба назар мерасад як тарафи ин муноқиша аслан тамоюле барои музокира дар ин хусус, надорад. Ин бар ӯҳдаи раҳбарии чаҳор кишвари арабӣ аст, ки тасмим бигиранд чӣ вақте мехоҳанд бо Қатар гуфтугӯ кунанд, зеро Қатар мавзеашро дар ин бора хеле рӯшан баён кардааст. Ин кишвар омодаи гуфтугӯ аст."

Вазири умури хориҷии Амрико қарор аст рӯзи ҷумъа ба минтақаи Халиҷи Форс сафар кунад. Вай дар оғоз ба Арабистони Саудӣ меравад ва сипас аз Қатар дидор мекунад ва баъд аз он ба Покистон ва Ҳинд сафар хоҳад кард.

Дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб кишвари Қатарро ба ҳимояти молии терроризм муттаҳам намуда ва равобити дипломатии худро бо Давҳа қатъ карданд ва роҳҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ бо ин кишварро бастанд.

Ин кишварҳо шартҳое барои барқарории муносибатҳо бо Қатар пешниҳод карданд, ки қатъи робита бо Эрон, бастани шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира, пойгоҳи низомии Туркия дар Қатар ва ҳамчунин қатъи ҳимоят аз гурӯҳҳои ба гуфтаи ин кишварҳо "гурӯҳҳои террористӣ", аз ҷумлаи онҳо буданд. Аммо Қатар гуфта буд, ки ин шартҳо амалан ҳокимияти миллии он кишварро нодида мегиранд ва онҳоро рад кард.

Талошҳои амири Кувайт барои поён додан ба ихтилофҳои чаҳор кишвари арабӣ бо Қатар то ҳол натиҷае надодааст. Рекс Тиллерсон низ чанд моҳ қабл барои ҳалли ин муноқиша ба Арабистони ва Қатар сафар карда буд. Бо ин ҳол, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбеи 19-уми октябр гуфтааст, "нақши мо ин аст, ки мутмаин шавем каналҳои иртиботӣ байни ин кишварҳо барои ирсоли паём боз аст ва дидгоҳҳои хеле рӯшан ва возеҳ ба ду тараф фиристода шавад". Рекс Тиллерсон дар идома гуфтааст, "мо омодаем то барои наздик кардани ду тараф нақше иҷро кунем. Аммо ҳоло гирифтани тасмим дар ин бора бар ӯҳдаи раҳбарии ин кишварҳо аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар рӯзи гузашта хостори поён додан ба муҳосираи ин кишвар аз сӯи Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Миср шуд ва ҳамзамон гуфт, ки кишвараш омодаи гуфтугӯ бо ин кишварҳо аст. Вай муҳосираи чаҳормоҳаи Қатарро "ғайри мунсифона" хонд ва дар айни ҳол барои гуфтугӯ бо муҳосиракунандагон эъломи омодагӣ кард.

Дар ҳамин замина вазири умури хориҷии Қатар низ гуфтааст, ки ин кишвар дар пайи ҳалли ин бӯҳрон аз роҳи гуфтугӯ аст, аммо Арабистони Саудӣ хостори бесуботии Қатар мебошад. Вай гуфтааст, "онҳо (саудиҳо) мехоҳанд бӯҳрон идома ёбад ва ба фикри тағйири низом ва чизҳои дигаранд". Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб талош барои тағйири ҳукумат дар Қатарро радд кардаанд.

XS
SM
MD
LG