Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таърихи Русия"-и Зафар Саидзода барои муҳоҷирони тоҷик


Зафар Саидзода
Зафар Саидзода

Китоби сухангӯи собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо номи "История России" чоп шуд, ки ба қавли мураттиб барои супоридани имтиҳони забону таърих ва фарҳанги Русия барои муҳоҷирон ёрӣ хоҳад кард.

Китоби нави Зафар Саидзода, мушовири калони бахши ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо номи "Таърихи Русия" (История России -учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов) барои муҳоҷирони кории тоҷик аз чоп баромад. Бар асоси қонунҳои нави Русия муҳоҷирони корӣ бояд аз забону таърихи Русия имтиҳон супоранд ва Зафар Саидзода мегӯяд, ки ин китоб барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои супоридани имтиҳон ёрӣ хоҳад дод.

Ин китоб алакай ба фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон роҳ ёфта, аз 25 то 30 сомонӣ қимат дорад. Мураттиби "Таърихи Русия барои муҳоҷирони тоҷик" мегӯяд, китоби мазкурро ба забони русӣ омода ва чоп кадаанд, "зеро муҳоҷирони тоҷик имтиҳонро дар Русия ба забони русӣ месупоранд ва бояд тарзи ифодаву истилоҳот дар хотираи онҳо ба ҳамин забон нақш бандад".

Ӯ илова кард, "ҳоло зарурати тарҷума шудани он ба забони тоҷикиро намебинем, зеро муҳоҷирони тоҷик аз таърихи Русия, фарҳанги Русия ва асосҳои қонунгузорӣ ба забони русӣ имтиҳон месупоранд ва донистани забони русӣ барои онҳо шарт аст."

Зафар Саидзода ин китобро воситаи таълимӣ барои муҳоҷирони корӣ медонад, ки бо сабки соддаи русӣ навишта шудааст. Вай мегӯяд, нашри дувуми ин китоб низ бо тағйиру иловаҳо ба чоп омода шудааст ва интизор меравад, моҳи июни соли ҷорӣ ба нашр расад.

Мансур Суруш, нависандаи тоҷик мегӯяд, ин китоб бештар ба суолҳое ҷавоб медиҳад, ки дар саволномаи имтиҳонҳо барои муҳоҷирон оварда шудааст ва он худомӯзи хубе дар бораи таъриху фарҳанг ва асосҳои қонуни Русия барои муҳоҷирон аст. “Китоби таълимӣ барои омӯзиши мустақилона ба муҳоҷирон дар Русия кумак мерасонад. Шартҳои имтиҳон дар Русия донистани забону таърихи Русия аст ва муаллиф ҳамин ҷиҳатҳоро дар назар гирифтааст,” – афзуд ӯ.

Зафар Саидзода, мураттиби китоб гуфт, бо назардошти шароити хариду фурӯш ва имкони муҳоҷирон онҳо тасмим гирифтаанд, нусхаи электронии ин дастуруламали таълимиро дар торнамоҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ гузоранд, то муҳоҷирон дар ҳар нуқтаи Русия битавонанд онро дастрас кунанд.

Мувофиқи қонунҳои нави Русия муҳоҷирони тоҷик аз аввали соли 2015 ба таври ҳатмӣ аз забону таърихи ин кишвар тест месупоранд. Ҳоло дар Душанбе низ марказҳои тестӣ ба кори худ шурӯъ кардаанд ва довталабон метавонанд аз ин марказҳо санади забону таърихдонии худро бигиранд.

Саволномаи тестие, ки ба муҳоҷирон дода мешавад аз 60 савол иборат аст. 20 савол дар бораи таърихи Русия, 20 савол дар бораи забони русӣ ва 20 саволи дигар дар бораи қонунҳои Русия дода мешавад. Ҳамчунин, саволҳо ҳар дафъа тағйир ёфта, бастагӣ ба риштаи кори муҳоҷир дар Русия доранд. Бахши умдаи саволҳо осон ба назар мерасанд, вале имтиҳонсупоранда бояд дар зарфи ҳамагӣ 35 дақиқа ба ҳамаи суолҳо посух диҳад.

Чанд намунаи суолҳои тест:

“7.Последним императором России был…

А) Николай I

Б) Александр III

В) Николай II

8. В СССР было гарантировано право на бесплатное…

А) образование

Б) страхование жизни

В) транспортное обслуживание

20. Посмотрите на портреты и выберите имя российского царя: при котором был основан горд Санкт-Петербург

А) Иван IV (Грозный)

Б) Петр I

В) Александр I…”

Намунаи бештари суолҳои ин имтиҳонот инҷост:

XS
SM
MD
LG