Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин мегӯяд, бо баланд бардоштани нархи патент барои муҳоҷирон шумори онҳо дар ин шаҳр коҳиш хоҳад ёфт ва нерӯи бекормондаи шаҳр бо шуғл таъмин хоҳад гашт. Дар ҳамоише бо ширкати фаъолони иттиҳодияҳои касбии Маскав Собянин ба он ишора кард, ки афзоиши бекорӣ ба боло рафтани арзиши патент сабаб хоҳад гашт.
Ҳоло патенти муҳоҷир дар Маскав 4000 рубл аст, аммо дар ин ҷаласа гуфта нашуд, ки марзи афзоиши он то куҷо хоҳад расид.
"Дар бахши сохтмон, махсусан сохтмони тиҷоратӣ, теъдоди кормандони хориҷӣ бетағйир боқӣ мемонад, вале агар бекорӣ дар байни шаҳрвандони Русия ва сокинони Маскав густариши бештар пайдо кунад, саҳми муҳоҷиронро дар ин ришта низ коҳиш хоҳем дод. Кам шудани онҳо ба ин маъно хоҳад буд, ки барои маскавиҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо хоҳад шуд. Бо ин роҳ мо бозори корро зери назорат хоҳем дошт ва мавҷи муҳоҷиронро ба Маскав ба ин шева камтар хоҳем кард," -- гуфт Собянин.
Раиси ҳукумати шаҳри Маскав ҳамчунин гуфт, то ҷорӣ шудани патент шумораи дақиқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав рӯшан набуд ва "ҳазорон, садҳо ҳазорон нафар аз муҳоҷирон ба давлат музде намедоданд. "Ин мушкил ҳал шудааст ва мо дар бораи теъдоди онҳо тасаввуроти дақиқ дорем."
Собянин афзуд, мизони бекорӣ дар Маскав набояд аз 0,5 дарсад болотар равад ва ҳоло барои сокинон шуғли зиёд ва гуногун пешниҳод мешавад. Ба иттилои бахши кори ҳукумати шаҳри Маскав, беш аз ҳама шуғлҳои фаррошӣ ва посбонӣ ба корманд ниёз доранд. Аз ҷумла ба шаҳр 6059 кӯчарӯб намерасад. Бахшҳои дигар низ ба сурати умум ба 30 000 корманд эҳтиёҷ доранд.
Ин дар ҳолест, ки коҳиши қурби рубл ва бӯҳрони иқтисодии Русия баъд аз мудохилаи он ба умури Украина бе ин ҳам сафи муҳоҷиронро дар Маскав ва куллан Русия коҳиш додааст. Даромади баланд омилии асосии ҷалб шудани муҳоҷирон ба иқтисоди Русия буд. Акнун бахши бузурге аз онҳо ба ақидае мерасад, ки чунин маблағро дар ватани худ низ метавонанд ба даст овард. Ҳангоме ки музди миёнаи як кӯчарӯб дар Маскав 18 500 рубл аст, аз нисф зиёди он барои пардохтҳои давлатӣ сарф мешавад.
Адҳам, як муҳоҷири 40-сола ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯчарӯбон 12 000 рубл мегиранд. Ними он харҷи зиндагияшон мешавад ва агар нархи патент аз ин ҳам болотар равад, онҳо пуле ба хонаводаҳояшон фиристода наметавонанд.
Пули патент бояд ҳар моҳ супурда шавад ва ҳар минтақаи Русия онро бино бар шароити иқтисодии худ муқаррар мекунад.
Бо ҷорӣ шудани патент аз аввали соли равон теъдоди муҳоҷирон дар бархе аз манотиқи Русия коҳиш ёфтааст. Барои пешгирӣ аз чунин ҳолат вакилони шӯрои вилояти Томск арзиши патентро дар ин вилоят то 2500 рубл поин оварданд. Онҳо гуфтанд, сабаб ин буда, ки аз аввали сол дар ин ҷо ҳамагӣ 401 патент дода шудааст.
Ба ғайр аз 4000 рубл барои патент, муҳоҷироне, ки мехоҳанд, дар Маскав кор кунанд, санадҳои дигар, монанди имтиҳони забони русӣ, таърих ва бинои қонунии Русия, санҷиши тиббӣ, нақши ангушт ва боҷи давлатӣ ба камияш 16000 рубли ӯро мегиранд.
Чунин "зулми молиявӣ" Баҳманёр Надиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро водор кардааст, дар як нома аз президенти Русия Владимир Путин дархости сабукиҳо барои муҳоҷиронро кунад."Дуруст аст, ки муҳоҷират бояд танзим шавад, аммо на ба ин шаклу шева. Муҳоҷире, ки имрӯз ба Русия меравад, маҷбур аст, баробари ворид шуданаш бештар аз 50 ҳазор рубл сарф кунад. Ин магар гарон нест?" -- суол гузоштааст Баҳманёр Надиров, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар номааш ба раҳбари Русия.
Маркази муҳоҷирати Сахарово Русия то аввали моҳи май 1 миллион нусха патент додааст, ки 200 000-и он ба Маскав рост меояд.