Бо вуҷуди арзон шудани билетҳо парвоз ба Руси сафари муҳоҷирони кории тоҷик аз шимоли Тоҷикистон ба ин кишвар коҳиш ёфтааст. Ҳоло нархи билети парвоз дар ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд-Маскав ҳудуди 1300-1500 сомонист, дар ҳоле ки соли гузашта ин нарх ба 1800-2000 сомонӣ баробар буд.
Як бонуи билетфурӯш дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло рӯзи парвоз метавонед, бидуни мушкил дар майдони ҳавоӣ билет дастрас кунед. Он ҷӯшу хурӯшу билеткобиҳои соли гузашта нест."
Намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Хуҷанд поин рафтани қимати билетҳои ҳавопайморо ба коҳиш ёфтани шумораи хоҳишмандони сафар ба Русия дар муқоис ба соли гузашта рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, теъдоди мусофирон ба самти Русия ҳудуди як баробар кам шудааст ва ҳоло ширкатҳо ночоранд барои ҷалби мусофири бештар нархи билетро арзонтар кунанд.
Марям Солеҳова, масъули ширкати чиптафурӯшии "Дили пок" дар Хуҷанд мегӯяд: "Ин таъсири он аст, ки Русия дарвозаи худро ба рӯи бисёри муҳоҷирони кории мо бастааст. Он шаҳрвандони мо ҳам, ки мераванд, имтиҳонгириву сабти номашонро кашол дода, ғам дода истодаанд. Барои ҳамин бисёр сокинон дудилаанд, ки раванд ё нараванд. Омада аз мо нархи билетро мепурсанд, аммо намехаранд."
Ягона қатораи мусофирбари тоҷик ба Русия бо хатсайри Хуҷанд- Маскав, ки ҳафтае як бор рӯзи чоршанбе ҳаракат мекунад, мусофир намеёбад ва нимахолӣ ба роҳ мебарояд. Каромат Ҳасанов - иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи "Роҳи оҳани Хуҷанд" рӯзи 7 май дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир барои хатсайри ҳафтаи оянда, ки ғунҷоиши ҳудуди 850 касро дорад, ҳамагӣ ҳудуди 80 кас билет харидаанд.
Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мегӯяд, ки соли равон сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия рӯ ба коҳиш овардааст. Ба қавли Зайнура Шарифова, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Суғд, дар 3 моҳи аввали соли равон аз минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳудуди 40 ҳазор нафар ба Русия рафтаанд, ки ин назар ба соли гузашта ҳудуди 10 ҳазор нафар кам аст.
"Ба назари ман, ин вобаста аст ба он ки Русия тартиби қабулу будубоши шаҳрвандони мо дар кишварашро сахттар кард. Масалан, имтиҳони забони русӣ ҷорӣ кард, гирифтани патент, сабти номи ҳатмӣ... Ғайр аз ин, 250 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба рӯйхати “депорт” дохил кардааст, ки онҳо тӯли чанд сол ҳаққи сафар ба ин кишварро надоранд,"-афзуд ӯ.
Ҳоло муҳоҷирони корӣ аз Хуҷанд умдатан тавассути ҳавопаймо ба Русия сафар мекунанд. Дар ҳар шабонарӯз ба Маскав ду ҳавопаймо, ба Екатеринберг ҳафтае 5 бор, ба Санкт – Петербургу Сургуту Қазон ҳафтае дуборӣ, дар маҷмӯъ ҳудуди 15 парвоз анҷом мешавад. Қишри аз ҳама нодор дар автобус бо роҳи Қирғизистону Қазоқистон ба сафари Русия мебароянд, ки нархи ин сафари тӯлониву пурмашаққат назар ба ҳавопаймо 300-400 сомонӣ арзонтар асту бас.