Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки аз боми калисо "Аллоҳ Акбар" мегуфт, мариз будааст (ВИДЕО)


Марди сиёҳпӯстеро, ки дар арафаи иди Мавлуди Масеҳ болои боми як калисо дар Маскав баромада, “Аллоҳ Акбар!” нидо карда буд, барои табобати иҷборӣ ба бемористони амрози рӯҳӣ фиристодаанд.

Пулиси Русия маълум кард, ки нафари рӯзи 6 январ, дар арафаи Мавлуди Масеҳи пайравони мазҳаби православӣ ба боми калисои тамсили Модархудои Қазон дар маркази Маскав баландшуда аз кишвари африқоии Гвинея будааст. Ба гуфтаи пулис, Мамаду Ҳассимау Баррӣ ҳанӯз соли 2010 ба Маскав омада, дар инҷо мақоми паноҳандагӣ гирифт ва баъданд ба сокини Маскав бо номи Екатерина издивоҷ кард.

Аммо табибон баъди иқдоми ахири Мамаду ӯро таҳти ташхис қарор дода, ба хулосае расидаанд, ки ин ба ном “муаззин” маризи равонист ва гирифтори навъи шадиди шизофрения. Ба ин далел, ин марди 39-соларо барои табобати иҷборӣ ба бемористони чоруми амрози равонии шаҳри Маскав фиристодаанд.

Мамаду Ҳассимау Баррӣ рӯзи 6 январ баъди онки ба боми калисо баланд шуд, ду коргарро, ки дар он бом кор мекарданд, ба поён ҳаво дод. Хушбахтона, он ду бечора осебе надидаанд.

XS
SM
MD
LG