Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар як тоҷикро дар Русия ҳамин хел кунанд..."


Тамкини Меҳробиддин дар Душанбе донишгоҳи олиро хатм кардааст.
Тамкини Меҳробиддин дар Душанбе донишгоҳи олиро хатм кардааст.

Ихроҷи як духтари афғонистонӣ, ки аз рафтори шавҳараш ба мақомоти Тоҷикистон шикоят карда буд, баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва то ҳадде, ки ин амалкардро ба амалкарди мақомоти Русия монанд кардаанд, ки ҳар рӯз муҳоҷирони тоҷикро аз кишварашон бодалелу бедалел меронанд. 

Тамкини Меҳробиддин, духтари 24-солаи афғонистониро мақомоти интизомӣ рӯзи 17-уми декабр бе суолу ҷавоби зиёде аз хонаашон аз шаҳри Ваҳдат бардошта ва ба марз бурда ба дасти нерӯҳои марзбони Толибон додаанд.

Худи ӯ рӯзи 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони амниятӣ бо вуҷуди илтимосу илтиҷои ӯву хоҳару бародараш онҳоро ба гузаргоҳи Панҷ бурданд ва ба Афғонистон пеш карданд.

Гузориши кӯтоҳи Радиои Озодӣ дар ин бора хашми корбарони зиёдеро барангехтааст, ки амали мақомотро золимона номида гуфтаанд, ки тоҷикон акнун набояд аз дасти “русҳо биноланд”, ки ҳар рӯз муҳоҷирони тоҷикро аз Русия меронанд, чун худашон ҳам айни корро мекунанд.

Танҳо дар Фейсбук бештар аз 100 нафар зери гузориш шарҳ гузоштаанд ва садҳо нафари дигар дар Ютуб ва Инстаграм. Аз ҷумла корбаре бо номи Хусрав Абдуҷабборов дар Фейсбук навиштааст: “Агар як тоҷикро дар Русия ҳамин хел кунанд, ҳамаи гапҳои диламонро нисбат ба рус мегӯем, аммо ин духтар мусулмон аст ва дар ватанаш оромӣ нест, худамон ҳамин корро кардем! Пас мешавад гуфт, мақомоти рус ҳам хуб мекунанд, мо тоҷиконро таҳқир карда, депорт мекунанд! Мақомоти моро зӯраш танҳо ба мардуми бечораи Афғонистон мерасад. Ку як русро ҳамингуна дар расонаҳо эълон карда, депорт кунанд?!”

Корбари дигаре, ки зоҳиран тарҷумон аст ва худро дар Фейсбук Мадина Диёрова муаррифӣ кардааст, шарҳи шабеҳеро дар саҳифаи мо гузоштааст, ки он ҳам чунин аст: “Русҳоро сарзаниш мекунем, худамон ҳамдину ҳамзабонҳои худро дида наметавонем, дар чандин муҳокимаҳои Русия ба сифати тарҷумон иштирок кардам, вобаста ба ихроҷ, пеш аз ихроҷ кардан, суд тафтиш мекунад, ки оё дар кишвари ихроҷкунанда шахс мақоми паноҳандагӣ дорад ё на, оё дар натиҷаи ин ихроҷ ба шахс марг таҳдид мекунад ё на? Дар ин давлати мо бошад, ки худро дунявию ҳуқуқбунёд муаррифӣ мекунад, дидаву дониста занеро, ки на ҷинояткор асту на ягон шахси зиёнрасон ба ҷомеа мебошад, ба доми марг мефиристанд.”

Мақомоти интизомии Тоҷикистон то кунун ихроҷи Тамкини Меҳробиддинро, ки солҳои дароз дар кишвар зиндагӣ мекард, шарҳе надодаанд, вале худаш гуфт, ки ба ӯ сабабро чунин шарҳ додаанд, ки ҳам мақоми паноҳандагӣ доранд ва ҳам раводиди Тоҷикистон, ки хилофи қонун аст. Теъдоде аз корбарон мақомотро ба ришвахорӣ муттаҳам кардаанд, ки гӯё аз шавҳари сарватманди духтар пул гирифта ва дар чунин ноҳақиро дар ҳаққи ӯ раво дидаанд.

Шарҳи як корбаре бо номи Илҳомиддин Латипов дар Фейсбук чунин аст:
“Ин хоҳари ҷабрдида дар яке аз навораш аз президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз Рустами Эмомалӣ ва аз иардуми Тоҷикистон изҳори сипос ва хоҳиш кард, ба доди ӯ расанд, аммо шахсони дар милиса кор мекардагӣ, ки шавҳараш пул дода халос мешуд. Ин шахсони порагир тарсиданд, ки президент хабардор шуда, ба кумаки ин хоҳар мерасад, барои ҳамин коре карданд, ки депортатсия карданд, ки ҷони худашонро халос кунанд..”

Як корбари дигаре бо номи Диёр аз замони ҷанги вайронгари дохилии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум ёдовар шудааст, ки бештар аз 100 ҳазор нафар аз мардуми кишварро дар Афғонистон паноҳҷӯ кард.

Ӯ чунин навиштааст: “100 ҳазор мардуми тоҷикро авғонҳо қабул карда буданд, солҳои 1992-1997. Мо як духтарчаро ҳимоят карда натавонистем. Афсӯс”

Як корбари дигар ҳам иддао кардааст, ки зоҳиран ин парванда олуда ба ришахорист: "Ба фикри ман мақомот аз шавҳари ин зан сум гирифта ӯро депорт кардаанд. Боре нафаҳмидам, ки ягон шаҳрванди Чинро ихроҷ карда бошанд. Афғонҳо ҳаммиллат, ҳамдин, ҳамзабон, ҳамфарҳанги мо мебошанд."


Корбари зиёди дигар ҳам ҳастанд, ки гуфтаанд, ихроҷи Тамкини Меҳробиддин ба Афғонистон таҳти назорати Толибон, ки ҳукуматашонро касе ба расмият намешиносад, кори дуруст буд.

Хуршед Шералӣ дар Фейсбук навиштааст, “итминон дорам, ки мақомот мавзӯро хуб омӯхтанд ва ба чунин иқдом даст заданд.” Бахтиёр Давлатов гуфтааст, ки “Хубаш кардаанд, мардро ҳам равон кунанд Афғонистон.”

Корбаре бо номи Рушди Ватан, ки дар Фейсбук умдатан баёнияҳои мақомоти расмии Тоҷикистонро нашр мекунад, зоҳиран ба як сабаби дигари рондани Тамкини Меҳробиддин ишора кардааст, ки ба қавли ӯ “номи тоҷикро вирди забони душманон” кард.

Ӯ дар саҳифаи мо дар Фейсбук чунин шарҳеро гузоштааст:
“Чаро бояд мо, бо пешниҳод ва назари хеш, ин занро аз шавҳараш ҷудо карда, дар Тоҷикистон тоҷи сар кунем ???? Растаҳои худамон, пур аз беваҳои дармонда шудааст ,боз чаро ҳаёти якеро вайрон кунем ???? Кошкӣ ягонтои шумо обу эмашро дода тавонед... Бояд тоҷиконро дар таҳлука наандохта, номи тоҷикро вирди забони душманон бо забони русиву тоҷикӣ накарда мерафт, мустақим ба сафоратхонаи Афғонистон дарди дилашро мегуфт, ба сафирашон...”


Айни шарҳро як корбари дигаре бо номи IVANIVANOV дар канали озодивидео дар Ютуб гузоштааст: "Ба фикри ман мақомот аз шавҳари ин зан сум гирифта, ӯро депорт кардаанд. Боре нафаҳмидам, ки ягон шаҳрванди Чинро ихроҷ карда бошанд. Афғонҳо ҳаммиллат, ҳамдин, ҳамзабон, ҳамфарҳанги мо мебошанд."


Корбарони дигар гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон бо ихроҷи ин зан ба Афғонистон, ки гурӯҳи тундрави Толибон дар он ҳоким ҳастанд, аҳдҳои байналмилалии хеш ва қонунҳои байналмилалиро зери по кардаанд.

Аз ҷумла “Бежан 500” дар Инстаграм навиштааст: “Мақомоти Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро поймол карданд!!! Махсусан як занро, ки зери истибдоду шиканҷаи як мард буд, набояд дар ҳақаш ин корро мекарданд! Чаро раҳбарияти Тоҷикистон дар дунё аз ҳимояти зан дод мезананд, вале вокунише нишон намедиҳанд?!!! Ин зан бояд ба Тоҷикистон пас оварда шавад! Ин занро ба дасти ваҳшиён супоридед, то шинанҷа бинад, ё кушта шавад?! Обрӯи Тоҷикистон бо ин амалаш рехт!”

Тамкини Меҳробиддин рӯзи 19-уми ноябри соли гузашта бо нашри як видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ ашк дар чашм ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат мекард, ки ба додаш бирасанд, чун шавҳараш ба ӯ зулму ситами зиёд мекунад. Рӯзе баъд аз нашри видеое, ки баҳси зиёде барпо кард, Раёсати корҳои дохилии Душанбе бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Тамкини Меҳробиддин бештар аз як сол аст, ки бо Абдулбасир Ҳамидӣ як марди 48-сола издивоҷ кардааст ва “дар ин муддат дар байни онҳо нофаҳмиҳои оилавӣ ба вуҷуд омада, шавҳараш ҷавондухтари муроҷиаткунандаро мунтазам зери фишори равонӣ қарор медодааст.”

Раёсат гуфт, ки вобаста ба “ҳолати мазкур, аз ҷониби милитсияи пойтахт маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.” Бештар аз ин дигар чизе нагуфтанд ва фақат охири моҳи декабр паноҳҷӯи афғон гуфт, ки ӯро рӯзи 17-уми декабр аз Тоҷикистон ихроҷ карданд. Хоҳареро, ки ба гуфтаи корбари Фейсбук Ҳикмат Имон “як тоҷики зодаи Афғонистон буд ва ҳоло тоҷикро депорт кардан мӯд шудааст.

Аз ин пештар дар аввали моҳи декабр UNHCR, идораи паноҳҷӯёни Созмони Милал аз чунин амалкардҳои мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кард, чун ба гуфтаи созмон дар муддати ду рӯз 41 шаҳрванди Афғонистон аз ҷумла 37 паноҳҷӯро ба ватанашон ихроҷ кардаанд.

Созмон аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ин корҳояшро фавран бас кунад, чун мухолиф ба тааҳудоти кишвар ва адҳномаҳои байналмилалиест, ки Тоҷикистон зери онҳо имзо гузоштааст.

XS
SM
MD
LG