Ӯ дар ин бора рӯзи 3-уми январ дар як нишасти хабарӣ сухан гуфт, вале ҷузъиёте надод. Эълони кӯмакҳои нав бар иловаи 5.9 миллиард доллар аст, ки ҳукумати Ҷо Байден барои дастгирии артиш ва буҷаи Украина ҳафтаи гузашта дар бораи он хабар дод.
Эълони кӯмакҳои нав дар ҳолест, ки нигарониҳо вуҷуд дорад, ки баъди ба курсии раиси ҷумҳур нишастани Доналд Трамп дар охири ҳамин моҳ мумкин аст, ӯ кӯмакҳои низомӣ ва ирсоли аслиҳа ба Украинаро бисёр кам ва ё қатъ кунад, то ҳукумати Киевро маҷбур созад, ки барои қатъи ҷанг бо Русия сари мизи музокирот биншинад.
Ҳукумати Амрико рӯзи 30-уми декабр эълон кард, ки ба артиши Украина бо арзиши 1 миллиарду 250 миллион доллар кӯмак мекунад, бар илова 1 миллиарду 220 миллион доллар дар чаҳорчӯби Барномаи Кӯмаки Амниятӣ барои Украина ихтисос медиҳад. Вазорати молияи Амрико ҳам рӯзи 30-уми декабр гуфт, ки 3 миллиарду 400 миллион доллари дигар мустақим барои дастгирии буҷаи Украина ҷудо мекунад.
Ҷо Байден дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки Амрико ба таври хастагинопазир барои тақвияти мавқеи Украина дар ҷанг идома медиҳад ва бовар мерафт, ки бастаи 5.9 миллиард долларии кӯмак охирин дар замони маъмурияти ӯ мешавад. Қарор аст, Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ ба ҳайси раиси ҷумҳури Амрико қасам ёд карда, ба иҷрои салоҳиятҳояш шурӯъ намояд.
Ҷон Кирби ҳамчунин гуфт, ки Лойд Остин, вазири дифои Амрико рӯзи 9-уми январ ба шаҳри Рамштейни Олмон меравад ва дар нишасти Гуруҳи тамоси Украина ширкат мекунад. Кирби қаблан гуфта буд, мумкин аст, қабл аз анҷоми маъмурияти Байден аъзои гурӯҳ як нишасти дигаре баргузор кунанд.
Сабрина Сингҳ, муовини сухангӯи вазорати дифои Амрико рӯзи 3-уми январ таъйид кард, ки Остин Лойд рӯзи 7 уми январ ба Олмон сафар мекунад ва дар нишасти 25 Гуруҳи тамоси дифои Украина ҳузур хоҳад дошт. Ӯ афзуд, ки дар нишаст, “ба аҳди пойдори мо ба Украина” таъкид мешавад. Сабрина Сингҳ ҳамчунин гуфт: “Ҳамроҳ бо вазирони дифо ва раҳбарони низомӣ аз саросари ҷаҳон, вазири дифо Остин ба расонидани кӯмакҳои амалӣ ва ҳамоҳангшуда тамаркуз хоҳад кард, то Украина барои ҳимоят аз худ тавонотар ва қодир ба рафъи таҷовуз дар оянда шавад.”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, дар корзори интихоботиаш ваъда дода буд, ки баъди расидан ба қудрат ҷанг дар Украинаро зуд хотима медиҳад. Украина ва кишварҳои аврупоӣ ба ин гуфта шубҳа доранд ва нигаронанд, ки созише, ки Трамп таҳия кардааст, Украинаро маҷбур месозад, ки барои анҷоми ҷанг ва сулҳ аз баҳри қаламравҳояш бигзарад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар як мусоҳибаи телевизионӣ, ки рӯзи 2-уми январ нашр шуд, «ғайриқобили пешбинӣ” будани Трамп метавонад ба хотима додани ҷанг мусоидат кунад. Ба қавли ӯ, Доналд Трапм метавонад дар масъалаи қатъи ҷанг қотеъ бошад ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳам аз Трамп метарсад.