Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири нозирони САҲА аз фазои пеш аз интихоботи Тоҷикистон. Тира, ё рӯшан?


Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон моҳи марти соли 2020 сурат гирифта буд.
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон моҳи марти соли 2020 сурат гирифта буд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) гуфтааст, ки гуруҳи бештар аз 150 нафарии нозирони байналмилалиро барои назорати интихоботи порлумонии Тоҷикистон мефиристад, ки қарор аст, баҳори имсол баргузор шавад.

Коршиносоне, ки моҳи март ба Тоҷикистон мераванд, ҷараёни баргузории интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллиро мушоҳида карда, сипас ба он баҳо медиҳанд, ки оё мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ буд ва ё ноодилонаву ғайридемократӣ сурат гирифт.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон рӯзи 31-уми март бо нашри гузорише гуфт, ки худи мақомоти Тоҷикистон созмонро барои назорати интихобот кардаанд.

Ду коршиноси ин ниҳод, ки як шохаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аст, барои омӯзиши шароит ва фазои пеш аз интихобот моҳи декабр ба Тоҷикистон рафта ва бо намояндагони кумиссиёни марказии интихобот, аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ ва дипломатҳои хориҷӣ сӯҳбат кардаанд.

Фазое, ки дар гузориш тасвир шудааст, ба қавли теъдоде аз мусоҳибони коршиносон, барои баргузории интихоботи демокративу шаффову озоду одилона мусоид нест. Агарчӣ намояндагони кумиссиён гуфтаанд, ки қодиранд, интихоботи поку покизае баргузор кунанд, вале теъдоде аз мусоҳибони коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, ки кумиссиён мустақил нест, зери нуфузи Ҳизби халқии демократӣ ва ҳизби ҳоким қарор дорад ва аз шеваи баргузории интихобот изҳори нигаронӣ кардаанд. Айни нигарониҳое, ки соли 2020 баъди интихоботҳои раёсати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагон садо дода буд.

САҲА ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон нозир мефиристад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Дар гузориш омадааст, ки бо гузашти панҷ сол аз ин маъракаҳо ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳоеро, ки он вақт Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои демократӣ сурат гирифтани интихоботҳо дода буд, нодида гирифтааст. Тавсияҳои созмон, аз ҷумла дар бораи бознигарии қонунҳои интихоботӣ, ҳамоҳангсозии онҳо, ҳуқуқи номзадҳову раъйдиҳандагон, кафолати озодии баён, ки ҳукумати Тоҷикистон зоҳиран онҳоро зарур надониста, канор гузоштааст.

Боздоштҳову танг шудани фазо

Теъдоде аз мусоҳибони коршиносони байналмилалӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки зарур аст, огаҳии ҷомеа дар бораи интихобот боло бурда шавад, чун мардуми зиёде ба ин корзор аҳамият намедиҳанд ва майли зиёде барои ширкат дар интихобот надоранд.

Дар арзёбӣ омадааст, боздошти чанде аз афроди шинохта, аз ҷумла, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи Ҳизби демократ, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, аз мунтақидони камшумори сиёсатҳои ҳукумат, ба қавли мусоҳибони коршиносон фазоро барои мубоҳиса тангтар мекунад.

Фазои матбуот ва аҳволи расонаҳои Тоҷикистон ба гуфтаи коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо онгуна нест, ки барои гуногунадешӣ ва интихоби огоҳонаи раъйдиҳандагон мусоидат кунад. Дар арзёбӣ аз бадтар шудани вазъи озодии баён, таҳдидҳои афзоянда ба ҷомеаи маданӣ, боздошти хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ ва ба зиндон андохтани онҳо сухан рафтааст, ки ба бадтар шудани фазои тарс ва афзудани саркӯб мусоидат кардааст. Таври маълум дар Тоҷикистон дар ду соли гузашта бештар аз 7 хабарнигор ва чандин ҳомии ҳуқуқро бахусус аз Вилояти Бадахшонро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Аз тарси ин ва фишорҳои дигар хабарнигорон ҳам роҳи худсонсуриро пеша кардаанд, то ба бало гирифтор нашаванд.


Ҳуқуқи занону мақоми поён

Бахши дигари арзёбии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи зану мард дар интихобот аст, ки ба қавли коршиносон баробарии он таъмин нашудааст. Дар арзёбӣ омадааст, ки занони тоҷик ба қадри кофӣ дар порлумон ва ҳам ҳаёти сиёсӣ дар кишвар саҳму намояндагӣ надоранд.

Масалан дар порлумони феълӣ 14 вакили он зан ҳастанд, ки фақат 22 дар сади вакилони Маҷлиси намояндагонро ташкил медиҳад. Ақидаҳои кӯҳна дар бораи занон ва ҳам набуди манобеи молӣ аз сабабҳои ин нобаробарӣ номида шудааст. Як камбуди дигари ҷиддии қонунгузориҳои интихоботии Тоҷикистон ин будааст, ки ба ягон зиндонӣ, новобаста аз ҷинояти сабук ва ё сахти ӯ ҳаққ

и раъйдиҳӣ намедиҳад, ки мухолиф ба меъёрҳои байналмилалӣ аст.
Таври маълум дар Тоҷикистон Ҳизби халқии демократӣ солҳост, ки дар саҳнаи сиёсӣ нақши асосиро иҷро мекунад ва дар интихоботи соли 2020 аксарияти курсиҳои порлумонро ба даст овард. Раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 1994 раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки пешвои миллат унвон гирифтааст ва ҳарфи ниҳоӣ дар сиёсатҳои асосиро мезанад.

Аз ҳисоби 63 курсии Маҷлиси намояндагон 47-тои он аз Ҳизби халқии демократӣ аст, Ҳизби аграрӣ ҳафт намоянда, Ҳизби Коммунист, ду вакил, Ҳизби сотсиалист як вакил доранд. Ягона вакили Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода буд, ки ҳоло муҳокимаи ӯ бо иттиҳоми талош барои табаддулоти давлатӣ идома дорад. Ҳамаи ин аҳзоб, ошкоро аз сиёсатҳои ҳукумат ва ҳизби ҳоким тарафдорӣ мекунанд ва аз ин рӯ онҳоро “ҳизбҳои кисагӣ” ва ё офаридаи ҳукумат мешуморанд. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ҳизби умдаи мухолифи давлат солҳост, ки дар кишвар мамнӯъ эълон шудааст.

Зарурати назорати интихобот

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон то кунун ҳашт интихоботи Тоҷикистонро назорат кардааст. Хулосаҳои нозиронаш ҳам ин будааст, ки ин корзорҳои муҳими сиёсии Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байналмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд.

Бо вуҷуди ин ҳама, зоҳиран аъзои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтаанд, ки назорати интихоботи оянда аз тарафи коршиносони байналмилалӣ муҳим аст, чун огаҳии мардумро дар бораи аҳамияти интихобот ва ҳузури шаҳрвандон боло мебарад. Аз ин рӯ Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тасмим гирифтааст, ки 20 нозири дарозмуддат ва 150 нозирро фақат барои мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Тоҷикистон бифристад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG