Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари соли 2014 эълон шуд


Имрӯз, 20-уми декабр, Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари тоҷик дар соли 2014 эълон кард.

Анҷумани хабарнигорони варзишии Тоҷикистон (АЖРВТ) дар як ҳамоиши хабарнигорони соҳа, ки рӯзи шанбеи 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, даҳ варзишгари беҳтарини кишварро дар соли 2014 эълон намуд.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол гардид. Вай имсол дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз ҳама бузурги ӯ дар мавсими имсола медали тилло дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр ҳаво дод ва барои бори севум ба унвони қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ мушарраф гашт. Инчунин ӯ имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ғолиб ва ҷоизадор шуд.

Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин, инҳо дохил шуданд:

ЗАЛИМХОН ЮСУПОВ (гуштини озод)– ҷойи 2-юм дар вазни то 65 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.

ФАРҲОД НЕЪМАТОВ (таэквондо ВТФ) - ҷойи 3-юм дар вазни то 80 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.

АЛИШЕР ГУЛОВ (таэквондо ВТФ) - ҷойи 3-юм дар вазни + 87 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.

МОҲРӮ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) - ҷойи 3-юм дар вазни +73 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.

КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН (дзюдо)– ғолиби Гран-при дар вазни то 90 кг дар Остонаи Қазоқистон.

ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ (самбо)ҷойи 2-юм дар вазни то 62 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Япония, ҷойи 1-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд.

АКМАЛИДДИН КАРИМОВ (самбо) - ҷойи 3-юм дар вазни то 57 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Япония, ҷойҳои 1-ум ва 3-юм дар Гран-при дар Русия, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Булғористон.

МУҲАММАДМУРОД АБДУРАҲМОНОВ (кураш)- ҷойи 1-ум дар вазни +90 кг дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар Тайланд.

АКМАЛ ҚОДИРОВ (армрестлинг)– ҷойҳои 1-ум ва 3-юм дар вазни +90 кг дар чемпионати ҷаҳон байни маъюбон дар Полша (Лаҳистон).

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигор, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд.

“Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон дар соли 2014 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст. Инчунин имсол ягон варзишгари тоҷик дар чемпионати Осиё дар риштаҳои олимпӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст наёфтааст,” – иброз дошт Н. Латифов.

XS
SM
MD
LG