Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андоз "аз истифодабарандагони роҳҳо" бекор нашуд. Сабаб -- касри будҷа


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ки аксарияти 360 миллион сомонӣ маблағ, ки аз ситонидани "андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард" ба даст меояд, барои пардохти фоизи евробондҳои давлатӣ масраф хоҳанд кард. Ҳарчанд қарор буд, ин намуди андоз аз соли нави 2018 комилан бекор карда шавад.

Меҳриниссо Ҷонмаҳмадова, муовини Вазири молияи Тоҷикистон рӯзи рӯзи 27-уми декабр дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба ин кодексро ба вакилон муарррифӣ кард. Ҷонмаҳмадова дар ҳузури вакилон гуфт, "мутобиқи моддаи 252 Кодекси андоз, аз 1 январи соли 2018 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор карда мешавад. Бо бекор шудани андози мазкур ба будҷаи давлатӣ 360 миллион сомонӣ ворид намегардад, ки дар натиҷа ба маблағгузорӣ намудани иншоотҳои муҳими аҳамияти стратегидошта, монеа эҷод менамояд."

Иқтисоддонҳо мегӯянд, аз рӯи ном ва хислаташ даромаде, ки давлат аз ин андоз мегирад, бояд барои таъмир ва сохтмони роҳҳои нави автомобилгард сарф кунад.

Ҷонмаҳмадова бинобар ин ба вакилон гуфт, зарурат пеш омадааст, ки дар Кодекси андоз тағйирот ворид намуда, бекор шудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард то соли 2020-ум тамдид карда шавад. Ба гуфтаи ин мақом, Вазорати молия аз 360 миллион сомоние, ки аз ин андоз ба даст меояд, 321 миллион сомонӣ-муодили 36,39 миллион долларро барои пардохти баҳраи евробондҳое, ки Тоҷикистон имсол ба фурӯш баровард, равона хоҳад кард.

Зимнан, ин барои бори дуввум аст, ки Тоҷикистон замони бекор кардани ин андозро ба таъхир меандозад. Мақомот ҳанӯз дар 2012-ум ҳангоми қабул кардани Кодекси нави андоз ваъда дода буданд, ки аз соли 2015 нисф ва аз соли 2017 ин навъи андозро комилан бекор мекунанд. Аммо мақомот соли гузашта низ бо иддаои "кам шудани даромадҳои будҷа дар натиҷаи таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ“, бекор шудани ин андоз барои як сол, яъне то оғози соли 2018-ро ба таъхир андохта буданд.

Аммо ин бор мақомот бо ҷонибдории вакилон замони бекор шудани ин андозро ба якборагӣ барои се сол тамдид карданд. Агар вакилон ин қарори худро бори дигар бозбинӣ накунанд, "андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомолбилгард“ соли 2020 бекор хоҳад шуд.

Анвар Камолов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, вақте Кодекси нави андози Тоҷикистон қабул мешуд, коршиносон ва мақомот ба хулосае омаданд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро бинобар одилона набуданаш бекор мекунанд: "Бубинед, соҳиби ҳар як воситаи нақлиёт барои он андоз месупорад. Андоз аз воситаи нақлиёт вуҷуд дорад. Бар замми ин, истифодаи бархе роҳҳо пулакӣ ҳастанд. Бинобар ин, бори дигар пул супоридан барои роҳ чандон одилона нест."

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, аз рӯи ном ва хислаташ даромаде, ки давлат аз ин андоз мегирад бояд барои таъмир ва сохтмони роҳҳои нави автомобилгард сарф кунад. "Аммо ба назар мерасад ҳароҷоти будҷаи Тоҷикистон барои пардохти фоиз ва қарзи хориҷӣ зиёд аст ва зоҳиран барои ҳамин мақомот тасмим гирифтанд онро бекор накунад. Ҳарчанд мақсади ин андоз барои пардохти қарзи хориҷӣ нест",- афзуд Камолов.

Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон ба миқдори 500 миллион доллар евробонд ва ё вомбаргҳои давлатиро ба бозор бароварданд. Гуфта шуд, ки маблағи бадастомада барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сарф мешавад. Бинобар иттилои Биржаи фондии Люксембург, аз ин миқдор 439 миллион доллар евробондҳо ба фурӯш рафта, ба қадри 67 миллион доллари дигар ҳанӯз дар фурӯшанд.

Баҳра ва ё фоизи солонаи ин қоғазҳои қимматнок 7,127 дар сол аст. Кишвар ӯҳдадор аст дар як сол ду маротиба нисф-нисф ин фоизҳоро пардохт кунад. Ба ин минвол, давлати Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 се моҳ баъд тақрибан 15 миллион доллар фоизи харидорони ин коғазҳоро бояд бидиҳад. Гардиши ин коғазҳо 10 сол аст ва кишвар ӯҳдадор аст 10 сол баъд ин маблағро пурра ба харидоронаш бозпас бидиҳад.

XS
SM
MD
LG