Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Беш аз 200 ҳазор соҳибкори тоҷик тарки пеша карданд” ВИДЕО


Дар Тоҷикистон дар соли 2017-ум беш аз 200 ҳазор соҳибкори хурду миёна тарки пеша кардаанд. Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон ин оморро рӯзи 12-уми декабр дар як нишаст дар шаҳри Душанбе эълон дошт.​

Пеш, вақте маблағ аз хориҷа меомад, одамон хона месохтанд, мошин мехариданд ва хариду фурӯш зиёд буд. Аммо пул, ки кам шуд, хариди мол ҳам дар бозор кам шуд.

Ба ин қатор соҳибкороне, ки тариқи патент ва онҳое, ки бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаъолият мекарданд, шомил ҳастанд.

Бино ба пажӯҳиши Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ шумораи онҳое, ки тарки соҳибкорӣ карданд, хеле беш аз солҳои қаблӣ будааст. Омор баёнгари он аст, ки беш аз ҳама дар вилояти Суғд соҳибкорон фаъолияти худро қатъ намудаанд. Дар соли 2017 беш аз 65 ҳазор соҳибкор дар ин вилоят тарки пеша карда буданд.

Баъд аз вилояти Суғд шаҳри Душанбе дувумин минтақаест, ки беш аз ҳама соҳибкорон аз кор даст кашидаанд. Дар пойтахти ҷумҳурӣ каме беш аз 50 ҳазор нафар соҳибкориро канор гузоштаанд. Ба ҳамин минвол, дар вилояти Хатлон ҳудуди 42 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи марказ беш аз 40 ҳазор ва дар Бадахшон тақрибан 4 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъ кардаанд.

“Беш аз 200 ҳазор соҳибкори тоҷик тарки пеша карданд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00

Олимҷон Ҷӯраев, сокини шаҳри Истаравшан, то як соли қабл ба воридоти матоъ аз хориҷ ва фурӯши он дар бозори яклухтфурӯшӣ машғул буд. Ӯ гуфт, аз соли 2014 ба ин тараф якбора савдои молаш сард шуд. “Соли 2015 ҳисоб кардам, ки даромад хароҷотамро базӯр мепӯшонад. Баъдан чанд моҳ зарар дидам ва ба умеди беҳтар шудани савдо тоқат кардам. Вақте дидам, ки намешавад, шаҳодатномаамро бастам”.​

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Рустамҷон Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи қатъи фаъолияти соҳибкорон гуфт, “ин бештар таъсири буҳрони иқтисодист”. Ӯ афзуд, “аксари соҳибкорони мо, тақрибан 70 дарсад, дар соҳаи савдо ва хидматрасонӣ фаъолият доштанд. Бо таъсири буҳрон шумораи харидорон коҳиш ёфт. Вақте харидор кам шуд, соҳибкорӣ фоидаовар нест ва онҳо корашонро қатъ мекунанд. Сатҳи воридот ҳам кам шуд, ки ба даромадҳои гумрукӣ таъсир расонд”.

Ҷабборов гуфт, буҳрони иқтисодӣ ба фаъолияти соҳибкорон дар Тоҷикистон “таъсири сахт” расонд. “Пеш, вақте маблағ аз хориҷа меомад, одамон хона месохтанд, мошин мехариданд ва хариду фурӯш зиёд буд. Аммо пул, ки кам шуд, хариди мол ҳам дар бозор кам ва ин, албатта, ба соҳибкорон таъсири манфӣ расонд”, - гуфт ӯ.

Ин мақоми Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, коҳиш ёфтани шумораи соҳибкорон муваққатист ва бо рафъ шудани таъсири буҳрон соҳибкорон дубора ба кор шурӯъ мекунанд.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ. 14-уми октябри соли 2017
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ. 14-уми октябри соли 2017

Зимнан, масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, ҳоло назорати ҳар як соҳибкор ҷиддӣ аст ва ҳини тафтиш маълум мешавад, ки бисёре аз шаҳрвандон замоне патент ва ё шаҳодатнома гирифта, умуман фаъолият намекунанд. Номи ин гуна соҳибкорон аз феҳраст берун шуда, аз ин ҳисоб низ шумораи соҳибкороне, ки санадашон бекор шудааст, афзудааст.

Дар Тоҷикистон соҳибкорони хурду миёна тавассути патент ва ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаъолият мекунанд. Номгӯи фаъолиятои соҳибкорӣ, ки тариқи патент онро амалӣ кардан мумкин аст, ҳамагӣ 49 номгӯй аст. Тариқи патент дар Тоҷикистон ба фурӯши дӯғобу ғулингобу ҳезум то фурӯши кадую донаи офтобпараст, чӯпонӣ, газетафурӯшӣ ва барандагӣ дар тӯйҳо машғул шудан мумкин аст. Андози моҳонаи патент пешакӣ муайян шудааст ва соҳибкор новобаста аз даромад вазифадор аст ин андозро ба давлат супорад. Андози патентҳо дар Тоҷикистон вобаста ба навъи фаъолият аз 40 то 500 сомонӣ аст.

Аммо номгӯи фаъолиятҳо бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ маҳдуд нест. Танҳо вақте гардиши молии соҳибкор то 500 ҳазор сомонӣ мерасад ӯ вазифадор аст ширкат таъсис дода, ба фаъолияташ идома бидиҳад.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бо соҳибкоронрӯзи 14-уми октябри имсол гуфт, дар Тоҷикистон ҳоло 300 ҳазор суъбектҳои соҳибкорӣ сабти ном шудаанд. Ба таъкиди раиси ҷумҳур то 70 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро бахши хусусӣ тавлид мекунад ва 80 дарсади аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол дар бахши хусусӣ ҳастанд.

Бархе аз соҳибкорон дар ин мулоқот бо раиси ҷумҳур масъалаи андозу тафтишҳои пайвастаи мақомот, фоизи баланди қарзи бонкӣ, бюрократия, қимати болои боҷи гумрукӣ ва мушкили убуру мурур аз роҳҳои байнимарзиро дар миён гузошта буданд. Ин чанд масъалае, ки ба қавли онҳо ҳар соҳибкори тоҷик бо он рӯбарӯст ва агар ба зудтарин фурсат ҳал нашавад, метавонад, қомати бе ин ҳам хамидаи баъзеи онҳоро бишканад.

XS
SM
MD
LG