Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Покистон боис ба марги чор кӯдак шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар вилояти Балуҷистони Покистон чаҳор кӯдак ва як афсари пулис кушта шуданд.

Як намояндаи пулис рӯзи 1-уми ноябр ба “Машъал”, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфт, ки таркиш дар наздикии мактаби духтарона дар шаҳри Мастунг рух дод.

Вай афзуд, дар ин ҳодиса се афсари пулис захмӣ шудаанд.

Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ҳамларо маҳкум кард ва ваъда дод, ки кишварро аз ҷангҷӯён пок мекунад.

Ҳеч гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Вилояти Балуҷистон дар моҳҳои охир шоҳиди ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён будааст.

XS
SM
MD
LG