Вазъи яке аз чунин марказҳоро дар Маскав муҳоҷири қирғизистонӣ, Нозгул, ба “Мигрант Медиа” тасвир кард.
"Ҳуҷраҳо бисёр хунук ва одам аз меъёр зиёд"
Бар асоси наворҳои овардаи Нозгул, ҳуҷраҳо дар маркази "Сахарово" дар Маскав кати дутабақа доранду тирезаҳои баста ва мизи ба фарш мехкӯбишуда. Вай низоми нигаҳдориро дар ин марказ бештар ба зиндон шабоҳат дод.
"Cоати шаши субҳ аз хоб бедор карда, ном ба ном тафтиш мекунанд. Соати даҳ ба берун мебароранд. Атроф панҷарапеч аст. Ҳуҷраҳо бисёр хунук ва одам аз меъёр зиёд. Масалан, ҳуҷраи мо барои даҳ кас пешбинӣ шудааст, аммо 15 кас нигоҳ дошта мешуд. Хобидан дар болои кати фарсуда, ки оҳанҳояш ҳар замон ба пушт мехалиданд, бисёр сахт буд. Макарони ҷӯшонда медоданд, ки на равған дошт, на намак", -- қисса кард ӯ.
Нозгул мегӯяд, дар баробари шароити бади нигаҳдорӣ муносибати таҳқиромези маъмурони марказ зиндагиро барои муҳоҷирон тоқатфарсо мекунад. Ба нақли ӯ, "фасод дар ҳама сатҳ ҷой дорад. Барои мисол, агар мехоҳӣ дастовезеро, ки бароят овардаанд, бигирӣ, бояд 1000 рубл бидиҳӣ. Ё телефонатро бар ивази пул дар соати муайян бароят медиҳанд ва боз мегиранд. Касе эътироз кард, ӯро мезананд."
"Мардонро бераҳмона бо калтакҳо мезананд. Бо онҳо дағалона муносибат мекунанд. Агар касе телефони гаронбаҳо ё пули бештар дорад, аз дасташ мегиранд. Шумо метавонед, вобаста ба рӯҳияи нозир телефонатонро аз ӯ бар ивази аз 15 то 50 ҳазор рубл бихаред," – идома дод муҳоҷири қирғизистонӣ.
"Сахарово Боздоштгоҳи муввақатӣ нест"
Нозгул мегӯяд, дар "Сахарово" аз муҳоҷирон на танҳо кормандон, балки миёнаравҳо низ "ҳақ" меситонанд. Яке аз онҳо аз ӯ 15 ҳазор рубл гирифтааст, то аз берун барояш телефон биорад, "вале наовард".
Дигаре ваъда додааст, ки раванди ба ватанаш фиристодани ӯро метезонад. Дар натиҷа, Нозгул мегӯяд, на пул ва на билети ҳавопайморо надид. Ин зани муҳоҷир гуфт, дар давоми будубош дар маркази "Сахарово" ду телефон ва даҳҳо ҳазор рублро аз даст дод.
Баъд аз он вакили мудофеъ гирифт ва баъд аз ним соли нигаҳдорӣ дар "Сахарово", рӯзи 28-уми апрел, ба зодгоҳаш вилояти Уши Қирғизистон баргашт. Ба таъкиди ҳуқуқшинос Мирлан Токтобеков, кормандони марказ нисбат ба ин муҳоҷир зиёдаравӣ кардаанд.
Ӯ афзуд: "Сахарово ин Боздоштгоҳи муввақатӣ нест. Ин танҳо макони нигаҳдории муҳоҷирон аст, ки бо қарори додгоҳ бояд аз Русия ронда шаванд. Дар он ҷо набояд низоми зиндон вуҷуд дошта бошад. Яъне, онҳо ҳақ надоранд, ки телефони муҳоҷиронро кашида гиранд. Ҳукумати Русия барои ихроҷи муҳоҷирон аз буҷа пул ҷудо мекунад. Аз ин рӯ, муҳоҷирон набояд барои харидани билет пул бидиҳанд."
Пештар низ баъзе аз муҳоҷирон аз шиканҷа ва таҳқир дар боздоштгоҳу марказҳои нигаҳдории муҳоҷирон шикоят карда буданд. Ин масъала чанде пеш дар порлумони Қирғизистон ҳам матраҳ шуд. Вакилон аз дипломатҳо хостаанд, ки кори худро барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия тақвият диҳанд.