Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Олмон хост, Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон надиҳад


Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон қарор дорад
Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон қарор дорад

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон хостааст, ки фаъоли боздоштшудаи мухолифон Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон надиҳад.

Сийнат Султоналиева, намояндаи созмони байнулмилалӣ, рӯзи 31-уми октябр дар баёнияе навишт, "ӯ набояд ба кишваре ронда шавад, ки хатари бо шиканҷаи ҷиддӣ дучор шуданаш ҳаст."

Дилмурод Эргашев, паноҳҷӯйи 40-сола, рӯзи 28-уми октябр дастгир шуд. Ӯ мегӯяд, аз соли 2011 дар Олмон қарор дорад, аммо ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифт.

Эргашев рӯзи 29-уми октябр дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад, ӯро "аз 5 то 7-уми ноябр истирдод кунанд". Ба хулосаи додгоҳ, гуё дар парвандааш барои ба Тоҷикистон нафиристодани ӯ далели кофӣ мавҷуд нест.

Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 31-уми октябр гуфт, бо вуҷуди нигарониҳо, Додгоҳи шаҳри Клеве қарори ихроҷи Дилмурод Эргашевро аз Олмон содир кардааст. "Дар сурати ронда шуданаш ба Тоҷикистон, ба ӯ шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад. Ҳукумати худкома дар он ҷо муддатҳо боз ба саркӯби озодии баён ва мухолифони сиёсӣ машғул аст," – гуфт Сийнат Султоналиева, намояндаи Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар)

Аз ин пеш, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, аз ҳукумати Олмон хоста буданд, ки Дилмурод Эргашевро ба Душанбе нафиристад.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, рӯзи 29-уми октябр гуфт, Дилмурод Эргашев дар гузашта узви "Гурӯҳи 24" буд ва чанд моҳ пеш ба созмони зери раҳбарии ӯ пайваст.

"Вай дар гирдиҳамоиҳои мухолифон дар назди сафорат ва дар маъракаи тухмзанӣ ба мошини президенти Тоҷикистон дар Олмон ширкат карда, аксҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Бештар аз он бим дорем, ки агар ӯ ба Тоҷикистон фиристода шавад, шиканҷаву азият хоҳад шуд," – гуфт Шарофиддин Гадоев.

Навор аз бойгонӣ:

Тухмзанӣ ба мошини президент. Эътироз буд ё чизи дигар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:31:05 0:00

То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.

Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

XS
SM
MD
LG