Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҷовузгарон дар ҳар замону макон шабеҳи ҳаманд"


Бомбаборони Бухоро дар рӯзи 2-юми сентябри соли 1920 (акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ)
Бомбаборони Бухоро дар рӯзи 2-юми сентябри соли 1920 (акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ)

(Андешаҳо дар ҳошияи “Қиссаҳои пинҳони таърих”, китоби нави Камолуддин Абдуллоев)

Луқмон Бойматов, муаррих

Агарчӣ дар заминаи таърихи наҳзати босмачигарӣ таҳқиқоти ихтисосӣ анҷом надодаам, ин қазия аз дидгоҳи фалсафаи таърихи миллӣ ва аз назари метудулужӣ (методология) таҳқиқ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳам қарор доштааст.

Пӯшида нест, ки низоми шӯравӣ нисбат ба падидаи босмачигарӣ бо як диди комилан идеулужик (идеологӣ) нигоҳ мекард. Аз назари муаррихони замони шӯравӣ ва низ аз диди иддаи зиёди муҳаққиқони имрӯз, ин ҷунбиш ҷиҳоде буда, ки зери таъсири феодализми исломӣ ва бо ҳимоят ва ҳидояти қудратҳои хориҷӣ сурат гирифтааст. Дидгоҳи муҳаққиқони шӯравӣ бар ин ҷунбиш ба кулл манфист.

Тибқи таърихнигории расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҷунбиш бо ҳидояти Бритониё ба унвони як ҷанги зидди инқилобӣ роҳандозӣ шуда, он шомили се марҳила аст:

  • Марҳилаи аввал – аз ноябри 1917 то июни 1918;
  • Марҳилаи дувум – аз июли 1918 то октябри 1923;
  • Марҳилаи севум – аз ноябри 1923 то 1935.

Ин дидгоҳ дар тамомии китобҳои марҷаи Тоҷикистони муосир, аз ҷумла, дар “Донишномаи миллии Тоҷикистон” матраҳ шудааст (Ҳазратқулов М. Босмачигӣ. // ЭМТ, Душанбе, Ҷ. 3, С. 98-100).

Луқмон Бойматов
Луқмон Бойматов

“Босмачӣ” вожаест туркӣ-узбакӣ ба маънии “роҳзан” ё “ғоратгар” муаррифӣ мешавад. Решааш “босмоқ” – “зер кардан” аст. Ин истилоҳро бештар болшевикони вақт ва сипас мақомоти шӯравӣ ба маънии манфии он истифодамекарданд. Ин назарро низ набояд дур андохт, ки вожаи “босмачӣ” ба эҳтимоли қавӣ аз тарафи мардум барои гурӯҳҳои такопӯйкунанда дода шуда бошад.

Дар илми таърихнигорӣ дидгоҳи дигаре ҳам ҳаст ва тибқи он ҷунбиши босмачӣ, моҳиятан хезиши густардаи мардумӣ буда, ки миёни мусалмонони Осиёи Марказӣ дар оғоз барои раҳоӣ аз султаи ҳукуматҳои имперотурии Русия ва сипас алайҳи режими шӯравии Русия паҳн гардидааст.

Муҳаққиқоне, ки озод аз нуфузи идеологияи коммунистианд, решаҳои шаклгирии ҷунбиши босмачиро дар шиддати зулму истибдоди имперотурии Русия нисбат ба мардуми Осиёи Марказӣ дидаанд, ки ин дидгоҳ ба кулл аз дидгоҳи муаррихони шӯравӣ мутафовит аст. Бархе ҳам, оғози ин ҳаракатро барӯйдоди водии Фарғона рабт додаанд, ки дар эътироз ба сарбозгирии иҷбории имперотурии Русия ҷиҳати ҷамъоварии нерӯи лозим барои эъзом баҷабҳаҳои Ҷанги ҷаҳонии аввал (с. 1916) рух дод. Ба тариқи дигар, шаклгирии ҳаракати босмачӣ ҷузъе аз пайомадҳои Ҷанги ҷаҳони аввал барои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ин шӯриши густардаи мардумӣ, пас аз пахшаш миёни мардум ба номи “босмачӣ” ёд шуд. Зимнан, вусъати минбаъдаи ҳаракати босмачӣ бо воқеаи қатли омми моҳи феврали с. 1918, ки дар Хӯқанд рух дод, ба гунаи мустақимвобаста аст. Гуфта мешавад, дар ин куштори омм беш аз 25 000 аз муътаризони Хӯқанд аз тарафи болшевикон қатл шуданд. Бархӯрди ваҳшиёнаи русҳо бар аҳолии норозӣ сабаби сар задани густариши ҷунбиши босмачӣ дар водии Фарғона ва сипас дар саросари Туркистон гардид.

Зоҳиран, гузоришгарони шоҳид ва сипас иддае аз муаллифон аз рӯйи ҳадаф вамоҳияти ҷунбиши босмачиро ба унвони як наҳзати озодихоҳи мусалмонони Осиёи Марказӣ матраҳ мекунанд. Ба назар менамояд, ин дидгоҳ ниёзи ҷиддӣбар бозбинӣ ва таҳлили ҳамаҷониба дорад.

Як ҳақиқати таърихнигориро аз назар дур набояд дошта бошем ва он ҳақиқат ин аст, ки дар охирҳои қарни 19 ва ибтидои асри 20, ғолибан, “консепсияи илмӣ – идеологӣ”-ро худи муаллифон ва сиёсатмадорони русӣ матраҳ менамуданд. Дар қазияи пажӯҳиши ҳаракатҳои миллӣ-озодиҳоҳии миллати тоҷик, бо камоли таассуф, то ба ҳол, дидгоҳе, ки комилан миллӣ ва озод аз нуфузи идеологияи коммунистӣ бошад, ироа нашудааст. Далелаш ин аст, ки нахустин муҳаққиқони ин баҳс ва матраҳкунандагони идеологияи болшевекӣ ҳамоно худи русҳо буданд, на муаррихон ва пажӯҳишгарони тоҷик. Ба ибораи дигар, адами илми вораставу қавӣ заминаро барои таслими андешамандони миллӣ мусоидат кард ва миллат басуръат дидгоҳи омодашудаи русиро нисбат ба қазияи фавқ пазируфт. Метавон гуфт, дар замони шӯравӣ илми миллии мо, дар воқеъ, нусхабардори дидгоҳи илми сиёсишудаи русӣ буд.

Ба унвони як муаррихи бетараф бо надомат мегӯям, ки на танҳо дар мавзӯъи ҳаракати босмачиҳо, балки барои бисёре аз мавзӯъҳои калону хурди таърихи миллӣ, ҳатто барои давроне, ки идеологияи хосси болшевекӣ таъсири чандоне надорад, бархӯрдҳои “ғуломона” ё арзёбии, ба истилоҳ аз тариқи “илми пешрафтаи русӣ (ва шӯравӣ)” ба сари пажӯҳишгарони мо таҳмил шудааст.

Боз ҳам шукр, муҳаққиқоне дорем, ки ин масоили таърихи ҷунбиши босмачиёнро аз зовияҳои гуногун ва бо истифода аз равишҳои қадиму нави илми таърихнигори мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Камолуддин Абдуллоев яке аз онҳост. Таҳқиқоти эшонро дар ин замина метавон аз зумраипажӯҳишҳои бунёдини давраи истиқлол муаррифӣ кард. Эшон пойбанди ҳеч як идеологияи муосир ва диди тақлидкоронае ба пажӯҳишҳои муҳаққиқини ҳамсоягон нест. Эшон воқеъиятҳои таърихиро бар асоси навтаринфактҳои таърихӣ моҳирона тафсир мекунад. Ин равиш барои дарки он чи ки бар сари миллати азҳамгусехтаи он рӯзгор гузаштааст, сазовори ташвиқ аст. Барои ман, назари эшон дар заминаи шинохти ҳаракати босмачигарӣ, мисли муқаддима ва мояи консепсияи навини миллӣ метавонад шавад.

Нимпайкараи Ходими Ҷамолак дар шаҳри Хуҷанд
Нимпайкараи Ходими Ҷамолак дар шаҳри Хуҷанд

Ба истиснои пажӯҳишҳои профессор Камолуддин Абдуллоев ва бархе дигарон, заъфи илми миллии мо имрӯз ҳам дар бахши таҳқиқи таърихи шӯришҳо ва ҳаракатҳои миллӣ - озодихоҳӣ ба гунае бисёр возеҳ ошкор аст. Чунончӣ, аксар муаррихони мо, навъе аз маддоҳони сиёсатмадорони муосир шудаанд ва ҳаргиз аз хатти кашидаи давлатмандон берун по намегузоранд. Бад-ин далел аст, ки аҳамияти таърихии бархе аз шӯришҳои мардумиро ба андозае, ки бузургаш мекунанд, ки шоистагии он зери шубҳа меравад ва ё боаъмоли худ арзиши таърихии шуҷоатҳоро ба андозае хурду залил менамоянд,ки боиси таассуф аст. Мисоли рӯшани ҳақиқати ин амр, мавзӯи таҷлили шӯриши соли 1916 Хуҷанд сидқ мекунад. Дареғо, ки миллати беҳавсалаи мо ҷашни воқеаи 1916-ро дар Хуҷанд ба боди фаромӯшиҳо супурд.

Омилҳои хориҷӣ

Яке аз мавзӯъҳои бисёр муҳиме, ки Камолуддин Абдуллоев дар пажӯҳишҳои хеш мавриди таваҷҷӯҳи вежа қарор додааст, баррасии ҷойгоҳи авомили хориҷӣ дар ҷунбиши босмачигарӣ аст. Чунончӣ, тибқи мушоҳидаи эшон “шабакаи байнулмилалии туркҳои ҷавон”, агарчӣ, талошҳои ҷиддӣ барои эҷоди нуфузи худ дар ҷаҳони исломии он рӯзгор доштаанд, ниҳоятан, бенатиҷа будааст.

Дар воқеъ, пажӯҳишҳои охир нишон медиҳанд, ки миёни дастаҳои босмачиёнсарбозон ва ё чирикиҳои хориҷӣ, набуданд. Ошкор шуда, ки қудратҳои ғарбӣ (назири Бритониё, Олмон ва ғ.) назари мусоидат нисбат ба наҳзати босмачиҳо надоштанд. Воқеиятҳои таърихӣ бар он дорад, ки нуфузиомилҳои хориҷӣ, ба мисли Бритониё, чунон ки қаблан, бархе аз муаллифон бузургаш мекарданд, набудааст. Дар асл, кӯмакҳои хориҷиён, бахусус аврупоиён барои босмачиён хеле андак буда ва бо баҳонаҳое саъй мекарданд аз раҳбарони наҳзати босмачигӣ фосила бигиранд. Ва аммо сабаби аслии фосила гирифтани қудратҳои ғарбӣ аз босмачигӣ ва босмачиён, тарси онон аз густариши ақоиди панисломистӣ ва пантуркистии босмачиён дар минтиқа будааст.

Ва ҳамвора, ин назар, ки гӯйӣ, ҷунбиши босмачӣ, бо тамоми буъдаш пантуркистӣ нест, балки чандқавмиятӣ аст, чандон ҳам дуруст нест. Ҷунбиши босмачигариро, шартан, авҷи нуфузи низомии (ҳарбии) идеологияи пантуркистӣ дар Осиёи Марказӣ метавон хонд. Пӯшида нест, ҳаракати босмачигарӣ бо қудрати Туркия мустақим дар иртибот будааст. Будани ин факти таърихиро намешавад инкор кард. Раҳбарон ва мушовироне, ки назди сарварони гурӯҳҳои босмачиён буданд, ғолибан, бархоста аз кишвари Туркия ва ё ба наҳве мутаассир аз афкор ва дидгоҳҳои пантуркистии ин кишвар будаанд. Рӯшантарин мисол барои тақвияти ин иддаъо, амалкарди низомӣ ва сиёсии Анвар-пошшо дар ҳудуди Тоҷикистон метавонад бошад.

Ба тариқи дигар, метавон гуфт, агарчӣ, шиори “озодии мусулмонон” ва “дифоъаз ислом” аз шиорҳои “марказӣ” ва матраҳи ин ҷунбиш маҳсуб буданд, дар воқеъ, пушти ин навъ нақшаҳои ошкору пинҳони идеологияи пантуркистӣ қарор доштаанд. Бо камоли таассуф, ин қазия дар таърихнигории миллии мо бар пояи манобеъ ва маъхазҳои туркӣ мавриди баррасии доманадоре қарор нагирифтааст. Вале ин дам, он чӣ ки мебояд бо таъкид гуфт, ин аст. Анвар-пошшо, ки худро “Мунҷии тамоми туркҳои ҷаҳон” меҳисобид, таъсири мустақим бар тақдири наҳзати босмачиён гузошт. Вай мехост, ҷангҳои пароканда ва чирикии мардуми собиқ Аморати Бухороро, ки алайҳи ҳукуматиболшевикҳо сурат пазируфта буд, ба як ҷанги густардаву токтикӣ-истротежики боҳадаф табдил диҳад. Марги зудбаҳангоми ӯ (сент. соли 1922), наҳзати босмачиёнро аз як роҳбари низомии қудратманд ва коршинос маҳрумнамуд. Пас аз ду соли марги ин муддаии баландовозаи “Мунҷии тамоми туркҳои ҷаҳон”, ҷунбиши босмачигарӣ дар ҳудуди Тоҷикистон рӯ ба уфул ниҳод.

Дигар аз воқеъиятҳои он рӯзгор ин аст, ки бар хилофи ормонҳои хеш, бисёре аз роҳбарони босмачӣ натавонистанд пуштбонии мақомоти Туркияро ба гунае, ки мехостанд, касб кунанд. Ҳадафи аслии Туркия фақат бо истифода аз нерӯи мухолифини дохилии ҷумҳуриҳои тозатаъсисшуда сарнагун кардани ҳокимияти ҷадиди русҳо будааст, мусалламан, бо далоиле муваффақ нашудааст.

Оё босмачигарӣ намунаи назҳати миллӣ - озодихоҳии тоҷикон аст?

Бар пояи он чӣ ки аз роҳи илм ҳамакнун дар ихтиёр дорем, ҳақ дорем, бигӯем,ки босмачиён низ мисли болшевикон анбӯҳи зиёди мардуми огоҳу ноогоҳро табдил ба бозичаҳои хостаҳояшон мекарданд. Ормонҳои ин тоифа, агарчӣ, дур аз идеологияи ислом буданд, дар баробари болшевикон бо истифода аз идеяҳои “дифоъ аз ислом”, “артиши мардуми мусалмон” ва ғ. ба бахшҳои иҷтимоии маҳруму камсавод, асосан, миёни кишоварзони деҳот ва кӯчнишинони маҳаллӣ нуфузи бештаре доштанд.

Ин буд, ки анбӯҳи зиёди мусалмонон даст ба куштану сӯхтани хонумони якдигар ёзиданд. Ширкати мустақими мардуми бенавову ноогоҳ дар ин ҳаракат, бар он дошт, ки иддае аз шоҳидон ва ҳатто муаллифоне моҳияти ин ҷунбишро «миллӣ-озодихоҳӣ»-и мардуми Осиёи Марказӣ хонданд.

Бояд мутаваҷҷеҳ шуд, баррасии нерӯҳои иҷтимоъии зидди русиии авохири асри 19 ва ибтидои садаи 20-и Осиёи Марказӣ аз зери айнаки кулл ва “сиёҳу сафед” иштибоҳи маҳз аст, зеро усули “сиёҳу сафед” меъёри илм нест. Дар зимн, тавассути иддае аз муаллифини тозабакор ё “шореҳон”-и фаъоли ғайриҳирфаии даҳаҳои охир яксон донистан ё омехта кардани чанд падидаи иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ибтидои асри гузашта (мисли: “ислоҳотпарастон”, ”ҷадидия», “ҷавонбухория”, ҷараёнҳои пантуркистии мухталиф: дунявӣ ва исломӣ, нерӯҳои парокандаи зидди русӣ ва ғ.) бо ҷунбиши босмачигарӣ ва босмачиён, дар воқеъ, яке аз номатлубтарин “феномени интернетӣ” -ст, ки дар ҳоли рушд аст.

Агар бо ҷиддият таваҷҷӯҳ бар мароҳили шаклгирӣ ва густариши дастаҳои босмачӣ дар ноҳияҳои гуногуни Хонии Хӯқанд ва Аморати Бухорои собиқ дошта бошем, хоҳем дид, ағлаби фаъолтарин раҳбарони чирикиҳо ва сарбозони гурӯҳҳои босмачӣ, бахусус, дар мароҳили ахир иборат аз тавоифи шарирони миллатгарову мутаассибони динӣ ва мазҳабӣ буданду шуданд. Чунончӣ, раҳбари маъруфи босмачиён Иброҳимбек, ки зоҳиран, пайи рӯйдодҳои Афғонистон дар солҳои 1928-29 хуруҷ карда ва миёни омм аз нуфузи қобили тауммуле бархӯрдор буд, дар раъси ин ҳаракат қарор дошт. Зимнан, эъдоми ӯ поёни воқеъии ҷунбиши босмачиён дар Тоҷикистон шуд.

Пас аз ошноӣ бо таърих ва вежагиҳои наҳзати босмачигарӣ, ки дар навоҳии мухталифи ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст, ба ин натиҷа расидам, ки посухиқатъан илмӣ додан ба суолҳои матраҳшуда, ба ин соддагӣ нест. Аслитарин сабаби мушкил будани посух гирифтан ба ин навъ пурсишҳо, воқеияти вазъи ҳузнангези илми таърихнигории миллӣ аст. Бо камоли таассуф, дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо гузашти беш аз се даҳа, таҳқиқоти ҷомеъ ва марҷаъ, ки дархӯри худ комиланакадемику илмӣ бошад, дар ин бахш аз таърихи миллӣ низ рӯйи кор наёмадаанд.

Боз ҳам, бар пояи он чӣ ки ҳамакнун тавассути пажӯҳишҳои сангини муаррихони ватанӣ, чун осори профессор Камолуддин Абдуллоев ва чанде дигар дар ихтиёр дорем, метавонем бигӯем, ки наҳзати босмачигарие, ки дарҳудуди Тоҷикистони шӯравӣ рух додааст, бо тамомии абъодаш ва маънӣ барои кулли тоҷикон ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ набудааст. Ин бардошт, ки наҳзати босмачиён дар таърихи сиёсии қарни бист як ҷунбиши таърихиест, баҳадде дуруст аст, аммо ин ки он бо тамомии маънӣ ва абъодаш “миллӣ – озодихоҳӣ” бошад, ба назарам, иштибоҳи маҳз хоҳад буд. Саъй мекунам ин мавридро ташреҳ бидиҳам.

Нахуст, адами истиқлол дар илм. Мо, на танҳо дар сиёсати миллии хеш, балки дар илму фарҳанг истиқлол надорем. Хиҷолатовар аст, ки аз назари теорӣ, то кунун меъёрҳо ва арзишҳои дақиқи таъйини миллӣ будан ва набудани падидаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии таърихи миллати тоҷик дартӯли таърихи беш аз ҳазор соли хеш, аз диди ҷомеашиноси таърихӣ ва ҳувиятшиносии миллӣ таъйин нашудаанд. Дар дарки моҳияти таърихи таърихнигории миллӣ ва фалсафаи таърих, донишмандонамон ҳатто аз дастовардҳҳои илмии бародарони эронӣ ба дурустӣ баҳраманд нашудаанд.

Дувум, адами консепсияи дақиқ ва миллии таърихнигории муосири тоҷик пиромуни таърихи наҳзатҳо ва муборизаҳои миллӣ ва озодихоҳӣ дар тӯли таърих, аз ҷумла, барои наҳзати босмачӣ дар кишвари Тоҷикистон тадвин нашудааст.

Мутазаккир бояд шуд, таҳия ва ё ироаи консепсияи комилан илмӣнисбат ба қазияи ҳаракати босмачигарӣ дар шароити ҳозира бисёр сахт шудааст. Вуҷуди равишҳои тақлидкории кӯр-кӯрона дар пажӯҳишҳо ва вусъати беҳадди фасодзадагии илми муосири мо аз хатарнотарин далелҳост.

Севум. Такопӯйиҳои босмачигарӣ, ки дар ноҳияҳои мухталифи ҳудуди Тоҷикистон сурат пазируфтаанд, аз наҳзати босмачигарии муҳимтарин шаҳру вилоятҳои ҷумҳурии Узбакистон мутафовитанд (шаклгирӣ, таркиб, вусъат ва ғ.). Чунончӣ, маҳаллӣ будани ин падидаи сиёсӣ иҷтимоӣ яке аз мушаххасоти ин наҳзат будааст. Аз мушаххасоти дигари ҷунбиши босмачигарӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар ҳудуди Тоҷикистон ин аст, ки авомил ва аносири туркӣ(узбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва ғ.) дар ин ҷунбиш бештару бонуфузтар аз унсурҳоитоҷикӣ будааст. Ошкор аст, соири сарварони дастаҳои босмачиҳо аз миёни қабилаҳо ва тоифаҳои узбакӣ бархоста буданд. Бо ин ки, тоҷикон дар сафи босмачиёни бархе аз шаҳру деҳоти ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ширкати мустақиме доштаанд, вале ин мавзӯъ бар пояи навтарин равишҳои илмӣ ва додаҳои илми таърихнигории муъосир таҳқиқу баррасӣ нашудаанд.

Чаҳорум. Заъфи илми манобеъшиносии мавзӯъ. На дар замони шӯравӣ, на дар давраи пас аз касби истиқлол, кулли манобеъи таърихии марбут ба наҳзати босмачиёни Осиёи Марказӣ систембандӣ нагардид.

То ба ҳол, анбӯҳиасноди аҳзобҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳои Русия аз охири асри 20 то ибтидои асри 21, ки дар "Маркази ҳифз ва омӯзиши таърихи муосири Русия" (РЦХИДНИ) ҳамакнун маҳфузанд, ҷиҳати таҳқиқ ва баррасии наҳзати босмачигарии Осиёи Марказӣ ба гунае, ки лозим бошад, мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқини ватанӣ қарор нагирифтаанд.

Дигар аз роҳҳои нақд ва босамар барои расидан ба ҳақиқати таърих, баргузории ҳамоишҳои илмии баландпояи байнулмилалӣ бо ширкати мутахассисини дараҷаи аввал аз кишварҳо ва макотиби мухталифи илмӣ-пажӯҳишӣ метавонад бошад. Мутаассифона, то ҷое, ки огоҳам, баргузории ҳамчунин нишастҳои боҳадафи илмии муфиду корсоз ҳанӯз дар ҷумҳурии мо сурат нагирифтаанд.

Огоҳ мебояд шуд, “ҳавлӣ” ҳаргиз “ҳалво” нест. Мутаҷовизин дар ҳар замоне ва маконе шабеҳи ҳам буданд. Аз ин рӯ, набояд аз рӯйи болшевикон фариштахӯёне сохт. Зулму истибдод ва беадолатиҳои онон бар сари миллатҳои мазлуму бечораи он рӯзгори фоҷиабори Аморати Бухоро ва навоҳии мухталифи Тӯрони куҳан фурӯ рехта буданд, як воқеъияти бисёр заҷровару сахту ғамангезест, ки онро наметавон ҳаргиз аз хотираи мардуми мазлуми таърихи ин сарзамин зудуд.

Аз Идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG