Фотеҳ Аминов, раиси ноҳияи Балҷувон мегӯяд, баҳсҳои мухталифи матбуотӣ дар мавриди шахсияти Давлатманд ва дигар афроде, ки зидди барқароркунии сохти шӯравӣ меҷангиданд, онҳоро дар мавриди бунёди оромгоҳ ба андеша водоштааст. Ӯ мегӯяд, онҳо аз Вазорати Фарҳанг хоҳиш мекунанд, то шахсияти Давлатмандро пурра омӯхта, хулосаи худро пешниҳод кунанд, то дар бунёди оромгоҳ нофаҳмие рӯй надиҳад.
"Давлатманд ба хотири ҳифзи Ватан размидааст"
Дар ҳамин ҳол, Шамсулло Аҳадов, мудири шӯъбаи туризими ноҳияи Балҷувон мегӯяд, бояд ба хотири гиромидошти рӯҳи Давлатманд гӯри ӯро обод ва хотироташро пос дорем. Ба гуфтаи ӯ, дигар набояд дар ин маврид зиёд андеша кард, зеро Давлатманд муқобили ҳар нерӯе ҷангидааст, ба хотири ҳифзи Ватан размидааст.
Ӯ афзуд: «Онҳо барои ватан бархоста зидди ҳукумати шӯравӣ, ки хеле пурқудрат буд, ҷангиданд. Онҳо барои номуси ватан силоҳ гирифтанд. Онҳоро набояд босмачӣ гуфта, сиёҳ кунем. Онҳо озодихоҳ буданд, мардҳои баномуси миллат буданд. Дар деҳаи Намозгаҳи ноҳия масҷидаш ҳаст, осорҳояш дар осорхона низ ҷой доранд. Он ҷоро бояд пурратар обод кард. Оромгоҳашро бояд бунёд кунем, мақбараашро низ».
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар матбуоти Тоҷикистон бархе Давлатмандро ба хотири ҳамроҳ шудан бо Анварпошшо, вазири дифоъи Туркиё, ки пас аз шикаст дар ҷанги Якуми ҷаҳонӣ ба Шӯравӣ фирор карда буд, хиёнаткор унвон мекунанд. Анварпошо аз он нафароне буд, ки бар хилофи аҳди худ бо Ленин, яъне барқароркунии сохти шӯравӣ дар Бухорои шарқӢ бо муҷоҳиддини зиддшуравӣ пайваст.
Ватандӯст на хиёнаткор
Аммо Зафар Мирзоён, пажӯҳишгари зиндагиномаи Давлатманд мегӯяд, ин шахсият воқеан ба дифоъ аз меҳан бархоста буд ва ҳеҷ хиёнате ба мардум накардааст. Ӯ мегӯяд, дар симои корнамоиҳои Давлатманд бояд ҷавононро дар самти ватандӯсти тарбият кард.
Ӯ гуфт: «Дар бораи Давлатманд, гоҳе бидуни таҳқиқ андешаҳои ғалатеро руй коғаз меоваранд. Аз ҷумла ӯро мири Балҷувон ва гумоштаи амири Бухоро қаламдод мекунанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Ӯ ҳамеша аз додхоҳӣ пуштибонӣ мекард. Маҳз ҳамин маниши додхоҳиву ҷавонмардие, ки Худованд ба ӯ арзонӣ доштааст, дар атрофаш мардумони ҷасуру саховатмандро гирд оварда буд. Ҳанӯз ҳам тоҷик дарёфтанӣ нест, ки Давлатманд ва ҳамтоҳои ӯ ба хотири ҷамъ кардани сармояву шӯҳрату маснад ҷоннисорӣ накарданд. Ё девонагони ғами Ватан буданд, ки худро барои номусаш ба куштан додаанд?! Мардуми дучори лағзиш ва каҷандешиҳо ҳаргиз аз ҷавҳари ватанпарварӣ огоҳ нахоҳанд шуд, зеро тавони дарки ин нуктаро надонанд, ки таърихи мо худ таърихи худноогоҳӣ аст. Шинохти Давлатманд барои худогоҳии мо хеле муҳим аст ва бунёди гӯри ӯро муҳим медонам».
Давлатманд, яке аз чеҳраҳои барҷастаи мубориза зидди бунёди сохти коммунистӣ дар ҷануби Тоҷикистони кунунӣ маҳсуб мешавад. Ӯ аввоили соли 1922 бо дастаҳои Анварпошшо, собиқ сарлашкари турк, ки бо супориши Ленин ба Осиёи Миёна омада, сипас бо муҷоҳиддин пайваста буд, ҳамроҳ мегарад. Аммо дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон 4-уми марти соли 1922 аз ҷониби чекистони рус ҳамроҳи Анварпошшои турк дар мавзеи Чагани Балҷувон кушта мешавад.
Пас аз 76 соли ин воқеа, замоне, ки Ёқуб Салим вазири корҳои дохилӣ ва баъдан сафири Тоҷикистон дар Туркия буд, наберагони Анварпошшо ҷасади ӯро аз Балҷувон ба Туркия бурданд, вале ҳанӯз ҳам дар мавриди бунёди оромгоҳи Давлатманд дар Балҷувон ба қарори ҷиддӣ наомадаанд.